Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 майи 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1235
Замима
ба қарори раиси
Кумитаи давлатии идораи замин
ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 майи соли 2023,
№ 32ТАРТИБИ ДОДАН, ИВАЗ НАМУДАН ВА АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ НАМУДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ САҲМИ ЗАМИН
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин (минбаъд - Тартиб) тибқи бандҳои 4 ва 13 Низомномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2010, №225 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми заминро муайян мекунад.
2. Шаҳодатномаи саҳми замин ҳуҷҷате мебошад, ки саҳми замини узви хоҷагии деҳқонӣ ва андозаи онро муайян менамояд.
3. Шаҳодатномаи саҳми замин аз ҷониби мақоми маҳаллии идораи замин дода мешавад.
4. Шаҳодатномаи саҳми замин коғази андозааш 150 ба 210 мм буда, дар саҳифаи якуми он дар қисмати болоӣ ибораҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт гардида, дар қисмати мобайнӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибораи «Шаҳодатномаи саҳми замин» дарҷ ёфтааст. Дар саҳифаи дуюми шаҳодатномаи саҳми замин маълумоти зерин нишон дода шудааст:
- навиштаҷоти «Шаҳодатномаи саҳми замин»;
...