Қарори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2023, № 32 "Дар бораи Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин"

Санаи амалкуни: 13.08.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 майи 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1235

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин
200.040.000

Мутобиқи бандҳои 4 ва 13 Низомномаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №225 тасдиқ шудааст ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», қарор мекунад:

1. Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори мазкур ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

3. Қарори мазкур баъд аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2023, №29 «Дар бораи Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаи саҳми замин» аз эътибор соқит дониста шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раис - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

Раис Хоҷазода Ориф Ашурӣ


...