Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, № 308 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, № 562"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, № 562


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024, № 562 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

- банди 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«16. Таъсиси марказ дар назди муассисаҳои давлатии таълимӣ дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддию техникӣ дар мувофиқа бо муассис ва мақомоти молия аз тарафи муассисаи давлатии таълимӣ амалӣ карда мешавад.»;

- банди 66 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«66. Ҳамаи пардохтҳо, ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиётҳои молиявии вобаста ба фаъолияти Марказ, новобаста аз шакли моликият, тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.».

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба талаботи Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани фаъолияти марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак дар муҳлати се моҳ чораҷуйӣ карда, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 308


...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 октября 2024 года, №562

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Внести в Типовое положение о центре (группе) раннего развития детей в Республике Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 октября 2024 года, №562, следующие изменение и дополнение:

- пункт 16 изложить в следующей редакции:

«16. Создание центра при государственных образовательных учреждениях осуществляется при наличии необходимой материально-технической базы государственным образовательным учреждением по согласованию с учредителем и финансовым органом.»;

- дополнить пунктом 66 следующего содержания:

«66. Все платежи, расчёты и финансовые операции, связанные с деятельностью Центра, независимо от формы собственности, осуществляются в безналичной форме.».

2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан в трёхмесячный срок принять необходимые меры по приведению деятельности центров раннего развития ребёнка в соответствие с требованиями Типового положения о центре (группе) раннего развития ребёнка в Республике Таджикистан и по результатам представить информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики
Таджикистан                   Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 28 мая 2026 года №308
...