ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2023, №207
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 18 Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2023, № 207 «Дар бораи Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд» тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар муқаддима рақами «12» ба рақами «30» иваз карда шавад;
- дар сархатҳои якум ва дуюм рақами «2» ба рақами «5» иваз карда шавад;
- дар сархатҳои сеюм ва ҳафтум рақами «1» ба рақами «3» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум рақами «2» ба рақам ва калимаҳои «6, аз ҷумла ҳуқуқшиносӣ-2» иваз карда шавад;
- дар сархатҳои панҷум ва шашум рақами «2» ба рақами «4» иваз карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 28 майи соли 2026, № 307
...