Замима
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 майи соли 2023, № 207
тасдиқ карда шудааст
Замима
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 майи соли 2023, № 207
тасдиқ карда шудааст
Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.05.2026
№ 307)
1. Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд (минбаъд - Низомнома), талабот ва тартиби сарфароз гардондан ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро (минбаъд - Ҷоиза) муқаррар менамояд.
2. Ҷоиза қадршиносии хизматҳои шоистаи олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимону муҳаққиқони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
3. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои зерин бо Ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд:
- натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникие, ки дар номгӯйи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд;
- коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.
4. Довталаб барои гирифтани Ҷоиза дар соҳаи илм корманди муассисаҳои илмӣ, илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ шуда метавонад, ки дар рушди илм саҳми арзанда гузошта, дорои дараҷаи илмӣ (номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат) буда, ба талаботи сархати якуми банди 3 Низомномаи мазкур ҷавобгӯ мебошад.
5. Довталаб барои гирифтани Ҷоиза дар соҳаи техника, технология ва инноватсия шахсе шуда метавонад, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои зеҳнии эътирофгардида соҳиб гардида, натиҷаи таҳқиқоташ дар истеҳсолот ҳамчун навоварӣ татбиқ шуда, дорои дараҷаи илмӣ (номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат) аст ва ба дастоварди пешниҳоднамудаи ӯ ҳуҷҷати муҳофизатӣ дода шуда, ба талаботи сархати дуюми банди 3 Низомнома ҷавобгӯ мебошад.
...