Тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавӣ аз 24 ноябри соли 2025, № 147

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

10-уми декабри соли 2025-ум, № 1379 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

Замима
ба қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз 24 ноябри соли 2025, № 147

Тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавӣ

Тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавӣ (минбаъд – Тартиби мазкур) мутобиқи қисми 5 моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими эътимоду боварии аҳолӣ ба фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ таҳия гардида, тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавиро муқаррар менамояд.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- воҳиди сохтории ваколатдори Бонки миллии Тоҷикистон - идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар амалӣ намудани чорабиниҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ вазифадор мебошанд;

- истеъмолкунанда/истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ (минбаъд - истеъмолкунанда/истеъмолкунандагон) – шахси/шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз хизматрасониҳои ташкилотҳои суғуртавӣ истифода мебарад/мебаранд ё мақсади истифодабарии онҳоро дорад/доранд;

- ифшои маълумот – пешниҳоди маълумот ба истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ дар бораи шартҳои хизматрасониҳои пешниҳодшавандаи ташкилотҳои суғуртавӣ ба тариқи шифоҳӣ, хаттӣ ва ё электронӣ;

- хизматрасониҳои суғуртавӣ – хизматрасониҳое, ки ташкилотҳои суғуртавӣ ба истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;

...
Приложение
к постановлению Правления
Национального банка Таджикистана
от «24» ноября 2025 года, № 147

Порядок раскрытия информации о страховых услугах 

Порядок раскрытия информации о страховых услугах (далее – настоящий Порядок) разработан в соответствии с частью 5 статьи 34 Закона Республики Таджикистан «О страховой деятельности» в целях создания благоприятных условий для защиты прав потребителей страховых услуг, повышения уровня правового образования и укрепления доверия населения к деятельности страховых организаций и устанавливает порядок раскрытия информации о страховых услугах.

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:

- уполномоченное структурное подразделение Национального банка Таджикистана - управление защиты прав потребителей финансовых услуг и региональные отделения Национального банка Таджикистана, на которые возложены функции по осуществлению мероприятий в целях создания благоприятных условий для защиты прав потребителей финансовых услуг;

- потребитель (потребители) страховых услуг (далее – потребитель /потребители) – физическое/физические или юридическое/юридические лицо (лица), которое (которые) пользуется/пользуются либо намеревается/намереваются воспользоваться услугами страховых организаций;

- раскрытие информации - предоставление потребителям страховых услуг информации об условиях предоставления страховыми организациями услуг в устной, письменной или электронной форме;

- страховые услуги - услуги, оказываемые страховыми организациями потребителям страховых услуг на основании лицензии Национального банка Таджикистана в соответствии Законом Республики Таджикистан «О разрешительной системе» и положений законодательства Республики Таджикистан.

2. Страховые организации устанавливают своим внутренним документом порядок раскрытия информации об оказании страховых услуг потребителям с учётом требований настоящего Порядка.

2. ПРИНЦИПЫ И ОБЩИЕ ТРЕБОВАНИЯ К РАСКРЫТИЮ ИНФОРМАЦИИО СТРАХОВЫХ УСЛУГАХ

3. Страховые организации при взаимоотношениях с потребителями должны соблюдать принципы справедливости, добросовестности и профессионализма и раскрывать информацию с соблюдением следующих минимальных требований раскрывать информацию в соответствии со следующими минимальными требованиями:

...