Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
10-уми декабри соли 2025-ум, № 1379 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавӣ
100.200.010
Мутобиқи қисми 5 моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ҚАРОР МЕКУНАД:
1. Тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон – сарпарасти идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузошта шавад.
Раиси Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад
...