Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои ифлос кардани муҳити зист бо партовҳо, барои зиёда аз меъёр партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз 13 ноябри соли 2025, №104

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

3-юми декабри соли 2025-ум, №1377 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

Замима
ба фармоиши раиси
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 ноябри соли 2025, №104

Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои ифлос кардани муҳити зист бо партовҳо, барои зиёда аз меъёр партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои ифлос кардани муҳити зист бо партовҳо, барои зиёда аз меъёр партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера (минбаъд - Тартиби мазкур) мутобиқи сархати даҳуми қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» таҳия гардида, муайян намудани тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои ифлос кардани муҳити зист бо партовҳо, барои зиёда аз меъёр партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфераро ба танзим медарорад.

2. Тартиби мазкур нисбат ба ҳамаи истифодабарандагони табиат, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ манбаъҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера доранд (минбаъд - истифодабарандагони табиат), ҳатмӣ мебошад.

3. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

- муҳити зист - муҳити зисти инсон, маҷмӯи ҷузъиёти муҳити табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогенӣ, инчунин объектҳои антропогенӣ;

- истифодабарандаи табиат - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҳамчун ташаббускор ё фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият амал намуда, бо муҳити зист ва захираҳои табиӣ созгор аст;

...
Зарегистрированно в Министерстве юстиции
Республики Таджикистан 3 декабря 2025 года, №1377
Утверждено
распоряжением председателя Комитета по
охране окружающей среды при Правительстве
Республики Таджикистан
от 13 ноября 2025 года, №104

Порядок и размер компенсации ущерба за загрязнение окружающей среды отходами, сверхлимитный выброс загрязняющих веществ в атмосферу

1. ОБЩЕЕ ПОЛОЖЕНИЕ

1. Порядок и размер компенсации ущерба за загрязнение окружающей среды отходами, сверхлимитный выброс загрязняющих веществ в атмосферу (далее – настоящий Порядок) разработан в соответствии с абзацем десятым части 1 статьи 9 Закона Республики Таджикистан и регулирует определение порядка и размера компенсации ущерба за загрязнение окружающей среды отходами, сверхлимитный выброс загрязняющих веществ в атмосферу.

2. Настоящий Порядок обязателен для всех природопользователей, имеющих на территории республики источники загрязнения атмосферного воздуха.

3. В настоящем Порядке используются следующие понятия:

- окружающая среда - среда обитания человека, совокупность компонентов природной среды, природных и природно-антропогенных объектов, а также антропогенных объектов;

- природопользователь - физическое или юридическое лицо, выступающее как инициатор или заказчик хозяйственной, или иной деятельности, осуществляющее взаимодействие с окружающей средой и природными ресурсами;

- атмосферный воздух - газовая оболочка, окружающая Землю и состоящая, в основном, из азота, кислорода, смесей инертных газов, диоксида углерода, озона и других газов;

...