Фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2025, №104 "Дар бораи Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои ифлос кардани муҳити зист бо партовҳо, барои зиёда аз меъёр партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

3-юми декабри соли 2025-ум, №1377 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои ифлос кардани муҳити зист бо партовҳо, барои зиёда аз меъёр партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера
210.060.040.


Мутобиқи сархати даҳуми қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва сархати бисту панҷуми банди 4 Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №357 тасдиқ шудааст,


ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:


1. Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои ифлос кардани муҳити зист бо партовҳо, барои зиёда аз меъёр партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси Кумита – сарпарасти соҳа гузошта шавад.

...
Зарегистрированно в Министерстве юстиции
Республики Таджикистан 3 декабря 2025 года, №1377

КОМИТЕТА ПО ОХРАНЕ ОКРУЖАЮЩЕЙ СРЕДЫ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке и размере компенсации ущерба за загрязнение окружающей среды отходами, сверхлимитный выброс загрязняющих веществ в атмосферу
210.060.040.

В соответствии с абзацем десятым части 1 статьи 9 Закона Республики Таджикистан «Об охране окружающей среды» и двадцать пятым абзацем пункта 4 Положения Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 сентября 2021 года, №357,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Утвердить Порядок и размер компенсации ущерба за загрязнение окружающей среды отходами, сверхлимитный выброс загрязняющих веществ в атмосферу (прилагаются).

2. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на первого заместителя председателя Комитета – куратора отрасли.

Председатель Комитета по
охране окружающей среды при
Правительстве
Республики Таджикистан        Шерализода Баходур Ахмадджон
...