Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 аз 26 феврали соли 2026, № 75

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2026, № 75

Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 (минбаъд - Барнома) бо мақсади мусоидат ба рушди саводнокии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. Барнома дар доираи афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 ва Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, ки дар онҳо ба тақвияти саводнокии молиявии аҳолӣ эътибори хоса дода мешавад, таҳия гардидааст. Зимни таҳияи Барнома таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, аз ҷумла таҷрибаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст.

3. Барнома дар давоми панҷ соли оянда амалӣ карда мешавад ва дар натиҷаи он дониш ва қобилияти истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ дар самти истифодаи доираи васеи хизматрасонии баландсифати молиявӣ зиёд гардида, ба талаботи истифодабарии хизматрасонии бозори молиявӣ мутобиқ гардонда мешавад.

4. Сатҳи баланди саводнокии молиявии аҳолӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагӣ, ворид шудани маблағҳои сармоягузорон ба иқтисодиёт, рушди рақобат дар бозорҳои молиявӣ ва таҳкими суботи молиявӣ дар мамлакат мусоидат менамояд. Таҳияи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 тадбири дахлдор ва зарурӣ барои ҳавасмандгардонии аҳолӣ ба рафтори оқилонаи молиявӣ тавассути баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ, огоҳӣ ва истифодаи хизматрасонии бозори молиявӣ мебошад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРИИ САВОДНОКИИ МОЛИЯВИИ АҲОЛӢ

5. Тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва шарикони рушд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд, аммо ҳанӯз ҳам нишондиҳандаи мазкур дар сатҳи зарурӣ нест. Дар баробари ин, рушди низоми пардохтӣ, батадриҷ зиёд гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, бахусус хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва вусъат ёфтани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар мамлакат тақвият бахшидани тадбирҳоро дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ тақозо менамоянд. Тибқи маълумоти оморӣ ба санаи 31-уми декабри соли 2024-ум дар ҷумҳурӣ 8,4 миллион адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум се маротиба зиёд мебошад ва теъдоди умумии ҳамёнҳои электронӣ 12,1 миллион ададро ташкил дода, нисбат ба соли 2020-ум шаш маротиба афзоиш ёфтааст. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бо пули нақд таъмин кардани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 3005 адад банкомат ва 3817 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд насб намудаанд. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум мувофиқан 133,9 банди дарсадӣ ва 101,0 банди дарсадӣ зиёд мебошанд. Барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ ба санаи 31-уми декабри соли 2024-ум дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 8138 адад POS-терминал насб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум теъдоди онҳо 113,5 банди дарсадӣ афзоиш ёфтааст. Дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 19918 адад QR–рамзи ягона насб карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2020-ум ба андозаи 278,2 банди дарсадӣ зиёд мебошад. Шумораи терминалҳои худкори худхизматрасон ба санаи 31-уми декабри соли 2024-ум ба 9107 адад баробар гардид. Ҳаҷми пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ дар давоми соли 2024-ум ба 30,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, ҳиссаи онҳо дар амалиётҳои тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ анҷомдодашуда 26,2 банди дарсадиро ташкил дод.

6. Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон, бахусус истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ки тайи солҳои охир ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид гардидаанд, нишон медиҳад, ки омили асосии ба миён омадани қисми зиёди мушкилот ҳангоми истифодабарии хизматрасониҳои молиявӣ ба сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ вобаста мебошанд. Ҳолати мазкур зарурати таҳким бахшидани чорабиниҳои мақсаднокро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии милиявии аҳолӣ талаб менамояд.

7. Бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон ва маблағгузории шарикони рушд ширкати тадқиқотии «М-Вектор» моҳи октябри соли 2024-ум мутобиқи чор ҷузъи саводнокии молиявӣ - дониш, рафтор, фарогирӣ ва эътимод дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон бо 1200 нафар (900 мусоҳибаи шахсӣ ва 300 мусоҳиба бо иштирокчиёни курсҳои омӯзишӣ оид ба саводнокии молиявӣ) мусоҳиба баргузор намуд ва таҳлили арзёбии саводнокии молиявии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом дод.

8. Ҷиҳати муайян намудани сатҳи саводнокии молиявӣ дар минтақаҳо таҳлили арзёбии саводнокии молиявии аҳолӣ гузаронда шуд. Натиҷаи таҳлил собит намуд, ки дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 22% мусоҳибон боварӣ доранд, ки дониши молиявиашон аз сатҳи миёна болотар аст, аммо аксарият дар ин минтақаҳо дониши худро миёна арзёбӣ намудаанд (аз 64% то 77%). Дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон аз 10% то 15% мусоҳибон дониши худро аз ҳисоби миёна болотар арзёбӣ намудаанд.

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «75» февраля 2026, №75

Программа повышения финансовой грамотности населения на 2026-2030 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа повышения финансовой грамотности населения на 2026-2030 годы (далее - Программа) разработана с целью содействия развитию финансовой грамотности в Республике Таджикистан.

2. Программа подготовлена в рамках приоритетов, определенных Правительством Республики Таджикистан, Национальной стратегией развития Республики Таджикистан на период до 2030 года, Среднесрочной программой развития Республики Таджикистан на 2021-2025 годы и Национальной стратегией финансовой инклюзивности Республики Таджикистан на 2022-2026 годы, в которых особое внимание уделяется усилению финансовой грамотности населения. При разработке Программы учитывался передовой мировой опыт, в том числе опыт государств-членов Содружества Независимых Государств по повышению уровня финансовой грамотности населения.

3. Программа будет реализована в течение следующих пяти лет, в результате чего повысятся знания и способность потребителей финансовых услуг в использовании широкого спектра высококачественных финансовых услуг и адаптации к потребностям пользователей услуг финансового рынка.

4. Высокий уровень финансовой грамотности населения будет способствовать повышению уровня жизни, притоку средств инвесторов в экономику, развитию конкуренции на финансовых рынках и укреплению финансовой стабильности в стране. Разработка Программы повышения финансовой грамотности населения на 2026-2030 годы является соответствующей и необходимой мерой для стимулирования населения к разумному финансовому поведению путем повышения финансовой грамотности, осведомленности и использования услуг финансового рынка.

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕГО СОСТОЯНИЯ ФИНАНСОВОЙ ГРАМОТНОСТИ НАСЕЛЕНИЯ

5. В последние годы Правительством Республики Таджикистан, Национальным банком Таджикистана, кредитными финансовыми организациями, страховыми организациями и партнёрами по развитию принимаются необходимые меры для повышения уровня финансовой грамотности населения, однако данный показатель все ещё не достиг необходимого уровня. Вместе с тем развитие платёжной системы, постепенное расширение доступа населения к финансовым услугам, в частности к цифровым финансовым услугам, и расширение безналичных расчётов в стране требуют дальнейшего усиления мероприятий по повышению уровня финансовой грамотности населения. Согласно статистическим данным, по состоянию на 31 декабря 2024 года в республике в обращении выпущено 8,4 миллиона банковских платёжных карт, что в три раза больше по сравнению с аналогичным периодом 2020 года, а общее количество электронных кошельков составило 12,1 миллиона единиц, увеличившись в шесть раз по сравнению с 2020 годом. Кредитные финансовые организации для обеспечения держателей банковских платёжных карт наличными деньгами установили 3005 банкоматов и 3817 электронных терминалов в пунктах предоставления наличных денег. Эти показатели по сравнению с аналогичным периодом 2020 года увеличились соответственно на 133,9 процентных пункта и 101,0 процентный пункт. Для осуществления безналичных платежей по состоянию на 31 декабря 2024 года в торговых и сервисных учреждениях установлено 8138 POS-терминалов, что на 113,5 процентного пункта больше по сравнению с аналогичным периодом 2020 года. В торговых и сервисных учреждениях установлено 19918 единых QR-кодов, что по сравнению с 2020 годом больше на 278,2 процентных пункта. Количество автоматических терминалов самообслуживания на 31 декабря 2024 года достигло 9107 единиц. Объём безналичных платежей за товары и услуги в течение 2024 года составил 30,4 миллиарда сомони, при этом их доля в общем объёме операций, осуществлённых с использованием электронных платёжных средств, достигла 26,2 процентного пункта.

6. Анализ обращений граждан, в частности потребителей финансовых услуг, поступивших в последние годы в Национальный банк Таджикистана, показывает, что основным фактором возникновения значительной части проблем при пользовании финансовыми услугами обусловлено низким уровнем финансовой грамотности населения. Данная ситуация свидетельствует о необходимости усиления целенаправленных мероприятий для повышения уровня финансовой грамотности населения.

7. По запросу Национального банка Таджикистана и при финансовой поддержке партнёров по развитию исследовательской компанией «М-Вектор» в октябре 2024 года было проведено 1200 интервью по четырём основным компонентам финансовой грамотности - знания, поведение, охват и доверие в городе Душанбе, городах и районах республиканского подчинения, Горно-Бадахшанской автономной области и в Согдийской и Хатлонской областях (900 - персональное интервью и 300 - с участниками учебных курсов по финансовой грамотности) и анализ оценки уровня финансовой грамотности населения Республики Таджикистан.

8. С целью определения уровня финансовой грамотности населения в регионах был проведен анализ оценки финансовой грамотности населения. Результаты анализа показали, что в Согдийской области и Горно-Бадахшанской автономной области 22% респондентов считают, что их финансовые знания выше среднего, однако, большинство из них в этих регионах оценили свои знания как средние (от 64% до 77%). В городе Душанбе, городах и районах республиканского подчинения и Хатлонской области от 10% до 15% респондентов оценили свои знания выше среднего.

...