ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он муайян карда шавад.
3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои онро таъмин карда, аз ҷараёни иҷрои онҳо ҳар нимсола ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҷараёни амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он ҳамасола то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 75
...