Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2025, № 654 "Дар бораи Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ҳамасола дар буҷети давлатӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

3. Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он чораҳои зарурӣ андешида, ҳамасола то 30 декабр ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ҳамасола то 10 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 ноябри соли 2025, № 654



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе развития и цифровизации в органе исполнения Республики Таджикистан на 2026-2030 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1.Утвердить Программу развития и цифровизации в органе исполнения Республики Таджикистан на 2026-2030 годы и План мероприятий по реализации Программы развития и цифровизации в органе исполнения Республики Таджикистан на 2026-2030 годы (приложения 1 и 2).

2.Министерству финансов Республики Таджикистан с целью исполнения настоящей Программы и Плана мероприятий по ее реализации ежегодно предусматривать необходимые средства в государственном бюджете.

3.Соответствующим министерствам и ведомствам принять необходимые меры по выполнению настоящей Программы и Плана мероприятий по ее реализации, и ежегодно до 30 декабря представлять информацию в Службу исполнения при Правительстве Республики Таджикистан.

4.Службе исполнения при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно до 10 февраля представлять информацию о ходе выполнения настоящей Программы и Плана мероприятий по ее реализации в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 ноября 2025 года №654