ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №371
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №371 «Дар бораи Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд» тасдиқ шудааст, иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) ба банди 4 пас аз калимаи «мазкур» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
2) ба бандҳои 5 ва 6 пас аз калимаи «муқарраргардида» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
3) ба банди 7 пас аз калимаи «муқарраршуда» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
4) ба банди 19 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
5) ба банди 21 пеш аз калимаи «пардохта» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 644
...