Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд аз 23 августи соли 2016 № 371

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 августи соли 2016, № 371

тасдиқ шудааст

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 августи соли 2016, № 371

тасдиқ шудааст

Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.11.2025 № 644)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур қоидаҳои пардохти нафақа ва истифодаи маблағҳои нафақаро дар давраи будубоши нафақагир дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоии (минбаъд - муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ) системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Пардохти нафақа дар давраи будубоши нафақагир дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон

2. Ҳангоми ба расмият даровардани ҷойгиркунии нафақагир дар муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ маъмурияти он вазифадор аст, ки дар муҳлати на зиёдтар аз панҷ рӯз дар ин хусус мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкурро расман огоҳ намояд.

3. Сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ баъд аз гирифтани огоҳинома дар муҳлати на дертар аз се рӯз аз сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, ки дар он ҷо нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ҳуҷҷатҳои нафақавиашро дархост менамояд.

4. Баъди дастрас шудани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ онро ба қайд мегирад ва пардохти нафақаи нафақагирро дар давраи будубошаш дар муассисаи мазкур тариқи ғайринақдӣ амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.11.2025 № 644).

5. Ба шахсоне, ки бошандагони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд ва ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд, нафақа ҳармоҳа ба андозаи 20 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.11.2025 № 644).

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 23 августа 2016 года, № 371

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 23 августа 2016 года, № 371

Порядок выплаты пенсии пенсионерам, находящимся в государственных стационарных учреждениях социального обслуживания на полном государственном обеспечении

(в редакции пост. Правительства РТ от 22.11.2025 №644)

1. Общие положения

1. Настоящий Порядок определяет правила выплаты пенсии и использования пенсионных средств в период нахождения пенсионера в государственных стационарных учреждениях социального обслуживания (далее- учреждение социального обслуживания) системы Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

2. Выплата пенсии в период пребывания пенсионера в учреждении социального обслуживания для престарелых и инвалидов

2. При размещении пенсионера в учреждении социального обслуживания его администрация обязана в срок не более пяти дней официально оповестить об этом уполномоченный государственный орган в сфере пенсионного обеспечения по месту расположения настоящего учреждения.

3. Государственный уполномоченный орган в сфере пенсионного обеспечения по месту расположения учреждения социального обслуживания в срок не более трех дней после получения уведомления запрашивает у уполномоченного государственного органа в сфере пенсионного обеспечения по месту регистрации пенсионера его пенсионное дело.

4. После поступления пенсионного дела государственный уполномоченный орган в сфере пенсионного обеспечения по месту расположения учреждения социального обслуживания ставит его на учет и в период нахождения пенсионера в данном учреждении осуществляет выплату его пенсии в безналичной форме (в редакции пост. Правительства РТ от 22.11.2025 №644).

5. Лицам, пребывающим в учреждении социального обслуживания и имеющим право на страховую пенсию, ежемесячно пенсия выплачивается в размере 20-ти процентов назначенной пенсии в безналичной форме, но не менее 30-ти процентов установленной базовой пенсии в безналичной форме (в редакции пост. Правительства РТ от 22.11.2025 №644).

6. Лицам, пребывающим в учреждении социального обслуживания и имеющим право на социальную пенсию, ежемесячно пенсия выплачивается в размере 10-ти процентов назначенной пенсии в безналичной форме, но не менее 30-ти процентов установленной базовой пенсии в безналичной форме (в редакции пост. Правительства РТ от 22.11.2025 №644).

...