Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ аз 22 ноябри соли 2025, № 638

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 ноябри соли 2025, № 638
тасдиқ шудааст

Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн), хазинаи виртуалӣ бо модули фискалӣ ва барномаи баҳисобгирии муҳосибиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - субъектҳои хоҷагидор), ки ҳисоббаробаркуниҳои пулиро бо аҳолӣ анҷом медиҳанд, муайян менамояд.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:

- аломати фискалӣ - маҷмуи аломатҳои нодир, ки бо истифодаи модули фискалӣ дар натиҷаи табдили криптографии маълумоти фискалӣ тибқи стандартҳои тасдиқшуда ҷамъ оварда мешавад;

- барномаи баҳисобгирии муҳосибии субъекти хоҷагидор (минбаъд – барномаи баҳисобгирии муҳосибӣ) – барномаи баҳисобгирии электроние, ки аз тарафи Оператор таҳия гардида, ба Феҳристи давлатӣ ворид карда шудааст ва табодули маълумотро оид ба таҳвили мол, кор ва хизматрасонӣ тавассути оператори маълумоти фискалӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кумитаи андоз) бе имкони тағйир додани маълумот ва ҳаматарафа маҳдудкунандаи дастрасии истифодабарандагони барномаи баҳисобгирии муҳосибӣ ба рамзҳо ва ҳар воситаҳои дигаре, ки имкони тағйир додани маълумоти табодулшавандаро фароҳам меорад;

дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ (минбаъд - ДНХ) – дастгоҳҳои электронии дорои хотираи фискалӣ ва таҷҳизоти интиқоли маълумот, ки маълумоти фискалиро дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо бо маблағи нақд, кортҳои пардохти бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), дар хотираи худ сабт ва нигоҳ дошта, интиқоли мустақими онро тавассути оператори маълумоти фискалӣ дар реҷаи вақти воқеӣ ба мақомоти андоз таъмин ва маълумоти фискалиро чоп менамоянд;

- коркарди маълумоти фискалӣ - маҷмуи амалиётҳои оператори маълумоти фискалӣ, ки ҷамъоварӣ, сабт кардан, ба низом даровардан, нигоҳдории бетағйир, истихроҷ, истифода, таъмини Кумитаи андоз ба дастрасӣ ба маълумоти фискалӣ иборат аст, ба истиснои тағйир додан, маҳдудкунӣ, нест ё нобуд кардани онҳо;

- маркази хизматрасонии техникӣ (минбаъд - МХТ) – оператори маълумоти фискалӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба хизматрасонии доимии ДНХ, хазинаҳои виртуалӣ ва барномаи баҳисобгирии муҳосибӣ машғул мебошад;

- модули фискалӣ - таъминоти барномавии махсуси ҳифзшудаи бо муҳлати маҳдудгардидаи истифода аз ҷониби оператори маълумоти фискалӣ таҳияшуда, таҷҳизоти махсуси физикӣ, ки ҳамчун хотираи фискалӣ бидуни истифодаи тавоноии ҳисоббарорӣ ва таъминоти барномавии таҷҳизоти пайвастшуда фаъолият дошта, ҳифзи криптографии маълумоти фискалиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар асоси стандартҳои дахлдор таъмин менамояд;

- низоми иттилоотии оператори маълумоти фискалӣ (минбаъд – низоми иттилоотии оператор) - барномаи махсуси компютерие, ки аз ҷониби оператори маълумоти фискалӣ барои бақайдгирӣ ва пешбурди баҳисобгирии ДНХ, хазинаи виртуалӣ, барномаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва МХТ таҳия карда шудааст;

...
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 22 ноября 2025 года, №638

Порядок использования контрольно-кассовых устройств

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок использования контрольно-кассовых устройств (далее-настоящий Порядок) определяет правила использования контрольно-кассовых устройств в режиме реального времени (онлайн) и виртуальных касс с фискальным модулем юридическими лицами и индивидуальными предпринимателями (далее - субъектами хозяйственной деятельности), занимающимися денежными расчётами с населением.

2. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:

- фискальный знак - набор уникальных символов, генерирующиеся с помощью фискального модуля, в результате криптографического преобразования фискальных данных в соответствии с утвержденными стандартами;

- программа бухгалтерского учета хозяйствующего субъекта (далее – программа бухгалтерского учета) – программа электронного учета, разработанная Оператором и внесенная в Государственный реестр и обеспечивающая обмен информацией о поставках товаров, работ и услуг через оператора фискальных данных с Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан (далее – Налоговый комитет) без возможности изменения информации и полностью ограничивающая доступ пользователей программы бухгалтерского учета к кодам и любым другим средствам, позволяющим изменять обмениваемую информацию;

- контрольно-кассовое устройство (далее - ККУ) - электронные устройства с фискальной памятью и оборудование для передачи данных, которые фиксируют и хранят фискальную информацию об расчетах наличными деньгами, банковскими платежными картами и другими электронными платежных средств при продаже товаров (выполнении работ и оказании услуг) в своей памяти, обеспечивая ее прямую передачу через операторов в режиме реального времени налоговым органам и распечатывая фискальную информацию;

- обработка фискальных данных - совокупность действий оператора, включающая в себя сбор, запись, систематизацию, накопление, хранение в неизменном виде, извлечение, использование, предоставление Налоговому комитету доступа к фискальным данным, за исключением их изменения, обезличивания, блокирования, удаления или уничтожения;

- центр технического обслуживания - (далее - ЦТО) оператор фискальных данных, включённое в установленном законодательством порядке в государственный реестр и занимающееся установкой и оказанием непрерывной сервисной услуги на ККУ и виртуальных касс;

- фискальный модуль - специальное защищённое программное обеспечение с ограниченным сроком использования, разработанное оператором фискальных данных специализированное физическое устройство, функционирующее как фискальная память без использования вычислительной мощности и программного обеспечения подключённого устройства, обеспечивающее криптографическую защиту фискальных данных согласно утверждённому законодательством порядку на основе соответствующих стандартов;

- информационная система оператора фискальных данных (далее – информационная система оператора) – специальная компютерное программа, разработанная оператором фискальных данных для регистрации и учета ККУ, виртуальной кассы, бухгалтерской программы и ЦТО;

...