ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ
Мутобиқи моддаи 85 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариди дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ва низомҳои хазинаҳои виртуалӣ ҳангоми анҷоми ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ аз ҳисоби ҷалби маблағҳои грантии шарикони рушд, кумаки техникӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳои молиявие, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, чораҳои зарурӣ андешад.
3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- риоя гардидани талаботи Тартиби мазкурро аз ҷониби оператори маълумоти фискалӣ ва субъектҳои хоҷагидор назорат намояд;
- бо мақсади иҷрои талаботи Тартиби мазкур, тибқи тартиби муқарраргардида шартҳои шартномаи хизматрасониро бо оператори маълумоти фискалӣ бознигарӣ намояд;
- мунтазам ва сари вақт оператори маълумоти фискалиро бо дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ таъмин намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2021, № 432 «Дар бораи Тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 638
...