Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 ноябри соли 2025,
№ 634ОИННОМАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (минбаъд – Оинномаи мазкур) дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ваколатҳо, вазифа, сохтор, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, молиявӣ, хоҷагӣ ва идоракунии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро муайян менамояд.
2.Муассиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Муассис) мебошад.
3.Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (минбаъд – Донишгоҳ) муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии худмухтор буда, ба Муассис тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
4.Донишгоҳ фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, инчунин фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
5.Донишгоҳ муассисаи таҳсилоти олии касбии худмухтор буда, барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро аз рӯйи доираи васеи соҳа (ихтисос)-ҳо амалӣ мегардонад, мутахассисони баландихтисос, илмӣ ва илмию омӯзгориро тайёр намуда, донишу малакаи онҳоро такмил дода, дар соҳаҳои гуногуни илм таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро анҷом медиҳад ва дар соҳаҳои фаъолияташ маркази пешбари таълимӣ, илмӣ ва методӣ мебошад.
6.Донишгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни муҳосибии мустақил, суратҳисоби ягонаи ҷорӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳо, муҳр бо Нишони давлатӣ, сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, бланк ва штампҳо буда, дорои молу мулки алоҳида, ягонагии ташкилӣ ва қобилияти ҳуқуқдории махсус мебошад.
7.Донишгоҳ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия cуратҳисоби худро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мекушояд, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида маблағҳои озоди махсуси худро дар бонкҳо ҳамчун амонат мегузорад.
8.Маблағгузории Донишгоҳ ва шахсони ҳуқуқии тобеи он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Донишгоҳ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.
9.Донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ менамояд.
...