ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 53 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Оиннома ва сохтори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, № 544 «Дар бораи Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, №634
...