Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2025, № 629 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва мушоҳидаи фосилавии Замин"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва мушоҳидаи фосилавии Замин


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва мушоҳидаи фосилавии Замин, ки 8 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2.Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷониби Қирғизистонро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 629




Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Кабинетом Министров Кыргызской Республики о сотрудничестве в области геодезии, картографии, землеустройства, кадастра, регистрации недвижимого имущества и дистанционного зондирования Земли

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Кабинетом Министров Кыргызской Республики о сотрудничестве в области геодезии, картографии, землеустройства, кадастра, регистрации недвижимого имущества и дистанционного зондирования Земли, подписанное 8 июля 2025 года в городе Душанбе.

2.Государственному комитету по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Соглашения.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить кыргызскую сторону о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур необходимых для вступления в силу настоящего Соглашения.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 22 ноября 2025 года  №629