Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 сентябри соли 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1260
Замимаба фармоиши вазири
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 августи соли 2023,
№522ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДОРУ, МОЛҲОИ ТИББӢ ВА ВОСИТАҲОИ ПАРАФАРМАТСЕВТӢ, ИНЧУНИН БАҚАЙДГИРӢ, АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҲУҶҶАТИ ПЕШНИҲОДШУДАИ ДОРУ, МОЛҲОИ ТИББӢ ВА ВОСИТАҲОИ ПАРАФАРМАТСЕВТӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби бақайдгирии давлатии дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ, инчунин бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷати пешниҳодшудаи дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ (минбаъд – Тартиб) талаботи асосиро вобаста ба бақайдгирии давлатии дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ, инчунин бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷати пешниҳодшудаи дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ муайян менамояд.
2. Бақайдгирии давлатии дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ равандҳои зеринро дар бар мегирад:
- пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва намунаҳои дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - Хадамот);
- қабули дархости намунаи тасдиқшуда, парвандаи бақайдгирӣ ва намунаҳои дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ;
- гузарондани экспертизаи парвандаи бақайдгирӣ;
- экспертизаи парвандаи бақайдгирӣ аз тарафи коршиносони шуъбаи озмоишҳои токлиникӣ ва клиникӣ;
...