Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 сентябри соли 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1260
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Тартиби бақайдгирии давлатии дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ, инчунин бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷати пешниҳодшудаи дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ
190. 010. 050.
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 10 Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ :
1. Тартиби бақайдгирии давлатии дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ, инчунин бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷати пешниҳодшудаи дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2015, №736 «Дар бораи тасдиқ намудани «Тартиби бақайдгирии давлатии доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 сентябри соли 2015, №795 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми вазир -сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Вазири
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода
ш. Душанбе, аз 16 августи соли 2023. №522
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 2 сентября 2023 года,
регистрационный номер 1260
МИНИСТЕРСТВО ЗДРАВООХРАНЕНИЯ И СОЦИАЛЬНОЙ ЗАЩИТЫ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
РАСПОРЯЖЕНИЕ
О Порядке государственной регистрации лекарственных средств, медицинских товаров и парафармацевтических средств, а также регистрации, перерегистрации и внесения изменений и дополнений в представленные документы лекарственных средств медицинских товаров и парафармацевтических средств
190. 010. 050.
В соответствии с статьей 17 Закона Республики Таджикистан «О лекарстве, медицинских товарах и фармацевтической деятельности», статьёй 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» и пунктом 10 Положения о Министерстве здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №148,
РАСПОРЯЖАЮСЬ:
1. Утвердить Порядок государственной регистрации лекарственных средств, медицинских товаров и парафармацевтических средств, а также регистрации, перерегистрации и внесения изменений и дополнений в представленные документы лекарственных средств, медицинских товаров и парафармацевтических средств (прилагается).
2. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
3. Признать утратившим силу распоряжение министра здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан от 21 августа 2015 года, №736 «Об утверждении «Порядка государственной регистрации лекарственных средств и медицинских товаров в Республике Таджикистан», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 21 сентября 2015 года, №795.
4. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на первого заместителя министра-куратора отрасли.
Министр здравоохранения и
социальной защиты населения
Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода
г. Душанбе, от 16 августа 2023 года №522