ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 8 замимаи 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, № 665 «Дар бораи Шурои мушовирон оид ба интихоби лоиҳаи озмоишӣ» калимаҳои «тибқи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ» ба калимаҳои «ҳангоми аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари дахлдор, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо, пешниҳод шудани лоиҳаҳои озмоишӣ» иваз карда шаванд.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2024, № 367 «Дар бораи Тартиби пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ» тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1) сархати якуми банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҷадвали намунавии лоиҳаҳои озмоишии пешниҳодшавандаро, ки нисбати онҳо имконияти татбиқи реҷаи махсуси танзимӣ ҷой дорад, таҳия ва тасдиқ намояд;»;
2) дар сархати якуми банди 4 калимаҳои «ҳар нимсола» ба калимаҳои «ҳар сол» иваз карда шаванд;
3) ба Тартиби пешниҳод намудани реҷаи махсуси танзимӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2024, № 367 тасдиқ гардидааст, банди 71 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«71. Аз ҷониби мақоми давлатӣ дар баробари пешниҳод шудани лоиҳаи озмоишӣ дар доираи реҷаи махсус бояд субъект барои татбиқи он интихоб ва бо дарназардошти маълумоти дар банди 7 Тартиби мазкур пешбинигардида пешниҳод карда шавад.».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 565
...