Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июни соли 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1240
РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН
КАРОР
Дар бораи Тартиби гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда
070.170.010
Мутобиқи қисми 5 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қарор мекунад:
1. Тартиби гузаронидани санҷиши ташкилотҳои назоратшаванда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Идораи низоми пардохт ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои дорои хусусияти таҳририро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, идораи низоми пардохт, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбахор Назир гузошта шавад.
...