Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни 2023 соли 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1236
Замима
ба фармоиши вазири молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ НИЗОМИ СОДАКАРДАШУДАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ БАРОИ АНДОЗСУПОРАНДАГОНЕ, КИ НИЗОМИ АНДОЗБАНДИИ СОДАКАРДАШУДАРО ИСТИФОДА МЕБАРАНД
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби истифодаи низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ барои андозсупорандагоне, ки низоми андозбандии содакардашударо истифода мебаранд (минбаъд-Тартиб), усули содакардашудаи баҳисобгирии даромадҳои субъектҳои низоми содакардашудаи андозбандиро муайян намуда, барои мақсадҳои ҳисоб намудани манбаи андозбандӣ истифода мегардад.
2. Тартиби мазкур барои субъектҳои соҳибкории хурд, ки даромади умумии онҳо дар давраи на зиёда аз дувоздаҳ моҳи пайдарпайи тақвимӣ аз як миллион сомонӣ зиёд набуда, инчунин шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома (минбаъд-субъект) амалӣ намуда, пешбурди баҳисобгирии даромад ва хароҷоти онҳо тибқи усули хазинавӣ ба роҳ монда шуда, усули ҳисоби андоз аз даромади умумӣ бе тарҳи хароҷотро истифода менамоянд, татбиқ мегардад.
3. Тартиби мазкур барои мақсадҳои муайян намудани манбаи андозбандии субъектҳои дар асоси шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда татбиқ намегардад.
4. Манбаи андозбандии субъектҳое, ки даромад ва хароҷоти онҳо бо усули ҳисоб ва замкунӣ ба ҳисоб гирифта шуда, андози низоми содакардашударо аз фарқияти даромад ва хароҷот пардохт менамоянд, манбаи андозбандӣ тибқи талаботи Кодекси андоз муайян карда мешавад.
2. БАҲИСОБГИРИИ ДАРОМАД АЗ ФУРӮШИ МОЛ, КОР ВА ХИЗМАТРАСОНӢ
5. Воситаҳои пулие, ки дар натиҷаи таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба хазина ё суратҳисоби бонкии субъект ворид мегарданд, инчунин маблағҳои тавассути воситаҳои электронии пардохтї, аз ҷумла кортҳои бонкӣ, ҳамёнҳое электронӣ ва QR-рамз пардохтшуда, даромади андозбандишаванда маҳсуб меёбад.
...