Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июни 2023 соли 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1236
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Тартиби истифодаи низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ барои андозсупорандагоне, ки низоми андозбандии содакардашударо истифода мебаранд
070.130.000.
Мутобиқи моддаҳои 367 ва 377 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 12 Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 тасдиқ гардидааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Тартиби истифодаи низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ барои андозсупорандагоне, ки низоми андозбандии содакардашударо истифода мебаранд, тасдиќ карда шавад (замима мегардад).
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Фармоишҳои вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2009, №80 «Тартиби истифодабарии системаи соддакардашудаи ҳисобот ва баҳисобгирӣ дар суъбектҳои соҳибкории хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2009, №555 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ва аз 20 феврали соли 2023, №23 «Дар бораи Тартиби низоми содакардашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ дар субъектҳои соҳибкории хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шаванд.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири молия - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
Вазир Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор
...