Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ аз 27 сентябри соли 2024

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 27 августи соли 2025, № 447
тасдиқ шудааст

 

Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ

Хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд - ИДМ), ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

бо дарназардошти муқаррароти Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 15 апрели соли 1994,

ҷиҳати рушди ҳамкории байниидоравии ташкилотҳои таҳсилотӣ (муассисаҳои таълимӣ), инчунин расонидани ёрии ҳамдигарӣ дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои таҳсилоти иловагии касбӣ кӯшиш намуда,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо дар ҳадди имкониятҳои мавҷуда дар самти ташкили тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумрук аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти иловагии касбӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ, ки давлатҳои Тарафҳо иштирокдори онҳо мебошанд, ва қонунгузории давлатҳои Тарафҳо ба ҳамдигар мусоидат менамоянд.

Тарафҳо дар рушди ҳамкории байни ташкилотҳои таҳсилотии (муассиаҳои таълимии) манфиатдори давлатҳои Тарафҳо, аз ҷумла оид ба масъалаҳои таҳия ва татбиқи барномаҳои дахлдори таълимӣ, мубодилаи байналмилалии академӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муштараки таҳсилотӣ ва илмӣ мусоидат менамоянд.

Тарафҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони хадамоти гумрук тавассути ташкили чорабиниҳои ба омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ нигаронидашуда мусоидат менамоянд.

Тарафҳо оид ба ташкил ва баргузории таҳсил тибқи барномаи дахлдори таълимӣ, чорабиниҳои мушаххасро дар асоси муносибатҳои дуҷониба ё бисёрҷониба на дертар аз 6 моҳи пеш аз оғози таҳсил мувофиқа менамоянд.

Моддаи 2

Тарафе, ки чорабиниҳои таҳсилотӣ ё илмиро ташкил мекунад, хароҷоти баргузории онҳоро ба зиммаи худ мегирад.

Дар сурати мавҷуд набудани тавофуқҳои дигар, хароҷоти сафари шахсони мансабдорро Тарафи ирсолкунанда ё бевосита шахси мансабдор тибқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо ба зимма мегиранд.

Дар ҳолате, ки агар ба чорабиниҳои таҳсилотӣ ё илмӣ кормандони илмию омӯзгорӣ ё мутахассисони давлатҳои сеюм ҷалб карда шаванд, хароҷоти марбут ба будубош ва таъмини тарҷумаи онҳо аз ҷониби Тарафи қабулкунанда пардохт карда мешавад.

Моддаи 3

Бо розигии мутақобилаи Тарафҳо ба Созишномаи мазкур метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки қисми таркибии он мебошанд ва бо протоколи дахлдор ба расмият дароварда шуда, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 5 Созишномаи мазкур эътибор пайдо мекунанд.

Моддаи 4

Баҳсҳо ё ихтилофоти марбут ба татбиқ ё шарҳи муқаррароти Созишномаи мазкур бо роҳи машварат ё гуфтушуниди байни Тарафҳои манфиатдор ҳаллу фасл карда мешаванд.

Моддаи 5

Созишномаи мазкур пас аз гузаштани 30 рӯз аз санаи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани огоҳиномаи сеюм дар хусуси аз ҷониби Тарафҳои имзокардаи он иҷро гардидани додани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо мекунад. Барои Тарафҳое, ки расмиёти дохилидавлатиро дертар иҷро кардаанд, Созишномаи мазкур пас аз 30 рӯз аз санаи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор эътибор пайдо мекунад.

Созишномаи мазкур барои ҳамроҳшавии хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки онро имзо накардаанд, бо роҳи ба маҳфуздоранда супоридани ҳуҷҷати ҳамроҳшавӣ боз аст.

Барои давлати ҳамроҳшавандаи иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созишномаи мазкур баъд аз гузаштани 30 рӯз аз санаи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани ҳуҷҷати ҳамроҳшавӣ эътибор пайдо менамояд.

Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста мешавад. Ҳар яке аз Тарафҳо ҳуқуқ дорад ба маҳфуздоранда дар бораи нияти хориҷ шудан аз Созишномаи мазкур на дертар аз 6 моҳи қабл аз санаи хориҷшавӣ огоҳиномаи хаттӣ ирсол намуда, уҳдадориҳои ҳангоми амали Созишнома бамиёномадаро ба танзим дароварда, аз Созишномаи мазкур хориҷ шавад.

Дар муносибатҳои байни давлатҳои Тарафҳо Созишномаи мазкур аз санаи эътибор пайдо кардани он амали Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар тайёр намудан ва баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони хадамоти гумрук аз 23 ноябри соли 1994 қатъ мегардад.

Маҳфуздорандаи Созишномаи мазкур Хадамоти федералии гумруки (Федератсияи Россия) мебошад.


Созишномаи мазкур дар шаҳри Нижний Новгород 27 сентябри соли 2024 дар як нусха бо забони русӣ ба имзо расонида шуд. Нусхаи аслӣ дар Хадамоти федералии гумруки (Федератсияи Россия) нигоҳ дошта шуда, он ба давлатҳои имзонамудаи Созишномаи мазкур нусхаҳои тасдиқшудаи онро ирсол менамояд.



Аз ҷониби Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон


Аз ҷониби Кумитаи даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Арманистон


Аз ҷониби Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Беларус


Аз ҷониби Вазорати молияи

Ҷумҳурии Қазоқистон


Аз ҷониби Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон



Аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Молдова


Аз ҷониби Хадамоти федералии гумрук (Федератсияи Россия)


Аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Аз ҷониби Хадамоти давлатии гумруки Туркманистон


Аз ҷониби Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон





Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 27 августа 2025 года №447

Соглашение о подготовке кадров для таможенных служб государств – участников Содружества Независимых Государств по образовательным программам высшего образования и дополнительным профессиональным программам

Таможенные службы государств – участников Содружества Независимых Государств (далее – СНГ), именуемые в дальнейшем Сторонами,

принимая во внимание положения Соглашения о сотрудничестве и взаимопомощи в таможенных делах от 15 апреля 1994 года,

стремясь развивать сотрудничество между ведомственными образовательными организациями (учреждениями образования), а также оказывать взаимопомощь в области подготовки кадров для таможенных служб государств – участников СНГ по образовательным программам высшего образования и дополнительным профессиональным программам,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны в пределах имеющихся у них возможностей оказывают друг другу содействие в организации подготовки кадров для таможенных служб по образовательным программам высшего образования и дополнительным профессиональным программам в соответствии с международными договорами, участниками которых являются государства Сторон, и законодательством государств Сторон.

Стороны оказывают содействие развитию сотрудничества между заинтересованными образовательными организациями (учреждениями образования) государств Сторон, в том числе по вопросам разработки и реализации соответствующих образовательных программ, международных академических обменов, подготовки научных кадров, организации и проведения совместных образовательных и научных мероприятий.

Стороны содействуют повышению профессионального уровня сотрудников таможенных органов путем организации мероприятий, направленных на изучение передового опыта в области таможенного дела.

Стороны не позднее чем за 6 месяцев до даты начала обучения по соответствующей образовательной программе согласовывают на двусторонней или многосторонней основе конкретные мероприятия по организации и проведению обучения.

Статья 2

Сторона, организующая образовательные или научные мероприятия, берет на себя расходы по их проведению.

В отсутствие иных договоренностей расходы по командированию должностных лиц берет на себя направляющая Сторона или непосредственно должностные лица в соответствии с законодательством государств Сторон.

В случае если к образовательным или научным мероприятиям привлекаются научно-педагогические работники или специалисты третьих государств, то расходы, связанные с их пребыванием и обеспечением перевода, берет на себя принимающая Сторона.

Статья 3

По взаимному согласию Сторон в настоящее Соглашение могут быть внесены изменения и дополнения, являющиеся его неотъемлемой частью, которые оформляются соответствующим протоколом и вступают в силу в порядке, предусмотренном в статье 5 настоящего Соглашения.

Статья 4

Споры или разногласия, связанные с применением или толкованием положений настоящего Соглашения, разрешаются путем консультаций или переговоров между заинтересованными Сторонами.

Статья 5

Настоящее Соглашение вступает в силу по истечении 30 дней с даты получения депозитарием третьего уведомления о выполнении подписавшими его Сторонами внутригосударственных процедур, необходимых для его вступления в силу. Для Сторон, выполнивших внутригосударственные процедуры позднее, настоящее Соглашение вступает в силу по истечении 30 дней с даты получения депозитарием соответствующих документов.

Настоящее Соглашение открыто для присоединения не подписавших его таможенных служб государств – участников СНГ путем передачи депозитарию документа о присоединении.

Для присоединяющегося государства – участника СНГ настоящее Соглашение вступает в силу по истечении 30 дней с даты получения депозитарием документа о присоединении.

Настоящее Соглашение заключается на неопределенный срок. Каждая из Сторон вправе выйти из настоящего Соглашения, направив депозитарию письменное уведомление о таком своем намерении не позднее чем за 6 месяцев до выхода и урегулировав обязательства, возникшие за время действия настоящего Соглашения.

В отношениях между государствами Сторон настоящего Соглашения с даты его вступления в силу прекращает свое действие Соглашение о сотрудничестве в области подготовки и повышения квалификации таможенных работников от 23 ноября 1994 г.

Депозитарием настоящего Соглашения является Федеральная таможенная служба (Российская Федерация).

Совершено в г. Нижнем Новгороде «27» сентября 2024 года в одном экземпляре на русском языке. Подлинный экземпляр хранится в Федеральной таможенной службе (Российская Федерация), которая направит подписавшим настоящее Соглашение Сторонам его заверенные копии.



За Государственный таможенный комитет

Азербайджанской Республики

За Комитет государственных доходов

Республики Армения

За Государственный таможенный комитет

Республики Беларусь

За Министерство финансов

Республики Казахстан

За Государственную таможенную службу

при Министерстве финансов

Кыргызской Республики

За Таможенную службу

при Министерстве финансов

Республики Молдова

За Федеральную таможенную службу

(Российская Федерация)

За Таможенную службу при Правительстве

Республики Таджикистан

За Государственную таможенную службу

Туркменистана

За Таможенный комитет при Министерстве

экономики и финансов Республики Узбекистан