Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2025, № 447 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои иловагии касбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои иловагии касбӣ


Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Созишнома оид ба тайёр намудани кадрҳо барои хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва барномаҳои иловагии касбӣ, ки 27 сентябри соли 2024 дар шаҳри Нижний Новгород ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2.Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Созишномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида маҳфуздорандаи Созишномаи мазкурро дар бораи аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур заруранд, огоҳ намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 447



Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждении Соглашения о подготовке кадров для таможенных служб государств-участников Содружества Независимых Государств по образовательным программам высшего образования и дополнительным профессиональным программам

В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1.Утвердить Соглашение о подготовке кадров для таможенных служб государств-участников Содружества Независимых Государств по образовательным программам высшего образования и дополнительным профессиональным программам, подписанное 27 сентября 2024 года в городе Нижний Новгород.

2.Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять необходимые меры по реализации настоящего Соглашения.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить депозитарий настоящего Соглашения о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления настоящего Соглашения в силу.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 27 августа 2025 года №447