Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2025-2029 аз 31 июли соли 2025, № 430

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 июли соли 2025, № 430

Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2025-2029

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2025-2029 (минбаъд - Барнома) тибқи банди 56 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2024 баён гардидаанд, таҳия шудааст.

2. Барнома фарогири маълумоти таҳлилӣ оид ба тамоюли тағйирёбии шумораи аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, қувваи корӣ, аҳолии машғули кор дар соҳаҳои иқтисодиёт ва имкониятҳои омодасозии мутахассисон аз ҷониби муассисаҳои низоми таҳсилоти касбӣ дар ҳама зинаҳои таҳсилоти касбӣ буда, дурнамои миёнамуҳлати омодасозии мутахассисонро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар панҷ соли оянда пешбинӣ менамояд.

3. Дар Барнома усули эконометрии пешгӯӣ намудани талаботи соҳаҳои иқтисодиёт ба мутахассисон дар заминаи омори соҳаи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, омори соҳаи маориф ва натиҷаҳои тадқиқот оид ба муайян намудани талаботи корфармоён ба мутахассисон истифода шудааст.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА МУШКИЛОТИ СОҲА

§1. Вазъи ҷорӣ ва дурнамои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

4. Таҳлили вазъи ҷории бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ нишон медиҳад, ки давоми солҳои 2020-2024 шумораи аҳолии кишвар аз 9716,8 ҳазор нафар дар соли 2020 то ба 10498,6 ҳазор нафар дар соли 2024 афзоиш ёфта, суръати миёнасолонаи афзоиши табии аҳолӣ дар сатҳи 2,0-2,2 дарсад идома дорад.

5. Дар ҳамин давра захираҳои меҳнатии кишвар аз 5585,0 ҳазор нафар дар соли 2020 то ба 6062,0 ҳазор нафар зиёд шудааст, ки афзоиш ба 8,5 дарсад рост меояд.

6. Афзоиши шумораи қувваи корӣ бошад, дар ин давра 256,0 ҳазор нафар ё 10,0 дарсадро ташкил намудааст.

...
Приложение 1 
к постановлению Правительства 
Республики Таджикистан 
от «31» июля 2025 года, №430

Программа подготовки специалистов из числа молодежи для отраслей экономики Республики Таджикистан на 2025-2029 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа подготовки специалистов для отраслей экономики Республики Таджикистан на 2025-2029 годы (далее - Программа) разработана в соответствии пункта 56 Плана мероприятий по выполнению задач, озвученных в очередном послании Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона Маджлиси Оли Республики Таджикистан «Об основных направлениях внутренней и внешней политики Республики Таджикистан» от 28 декабря 2024 года.

2.Программа включает в себя аналитическую информацию о динамике изменения численности населения, трудовых ресурсов, рабочей силы, занятого населения в отраслях экономики и возможности учреждения всех уровней профессионального образования в подготовке специалистов и предусматривает среднесрочный прогноз подготовки специалистов из числа молодежи на следующие пять лет.

3. В Программе использован эконометрический метод прогнозирования потребности отраслей экономики в специалистах на основе статистики сферы рынка труда и занятости населения, статистики сферы образования, и результаты исследования по определению потребности работодателей в специалистах.

2. АНАЛИЗ СОСТОЯНИЯ И ПРОБЛЕМЫ ОТРАСЛИ

§1. Текущее состояние и прогноз рынка труда и занятости населения

4. Анализ текущего состояния рынка труда и занятости населения показывает, что в течении 2020-2024 годов численность населения страны выросло с 9716,8 тысяч человек в 2020 году до 10483,7 тысяч человек в 2024 году и сохраняется среднегодовой темп естественного прироста численности населения на уровне 2,0-2,2 процента.

5. В данный период трудовые ресурсы страны выросли с 5585,0 тысяч человек в 2020 году до 6062,0 тысяч человек, где рост соответствует 8,5 процентам.

6. Рост численности рабочей силы в данный период составила 256,0 тысяч человек или 10,0 процентов.

7. В 2020-2024 годы численность занятого населения республики достигла с 2506,2 тысяч человек до 2763,7 тысяч человек, где рост в данный период составляет 10,3 процента.

...