ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ
Дар бораи Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистондар солҳои 2025-2029
Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2025-2029 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2025-2029 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои онро таъмин карда, ҳар сол то 1 январ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3.Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои он маълумот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 июли соли 2025, № 430
...