ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Ҳаштсари деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ва номгузорӣ намудани он
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Дашти Ҳаштсари деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ва номгузорӣ намудани он ба деҳаи Ваҳдатободи деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ дастгирӣ ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 июли соли 2025, № 427
...