ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1492)
Қонуни конститутсионии мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ, салоҳият ва ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ҳалли масъалаҳои таъсису барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, муқаррар намудану тағйир додани сарҳади онҳо, номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, баҳисобгирию бақайдгирии онҳо, ҳамчунин масъалаҳои дигари вобаста ба сохти маъмурию ҳудудиро муайян менамояд .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни конститусионии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд :
- сохти маъмурию ҳудудӣ - тақсим кардани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ бо мақсади самаранок ташкил намудани идоракунии давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ;
- воҳиди маъмурию ҳудудӣ - ҳудуди тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур муайяншудае, ки ҳудуди як ё якчанд маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳои дигари беаҳолиро муттаҳид намуда, дар он мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутаносибан идоракунии давлатӣ ё фаъолияти худидоракуниро амалӣ менамоянд ;
- маҳалли аҳолинишин - ҳудуди муайяни ҷои зисти аҳолӣ, ки дар он равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сохтори демографии аҳолӣ, шуғли онҳо ташаккул ёфта, сохтмон ва навсозии манзилҳои истиқоматӣ, дигар биною иншоот ҷиҳати пешбурди ҳаёту фаъолияти аҳолӣ амалӣ гашта, номи худ ва мувофиқи тартиби муқарраршуда марзи муайян дорад;
- вилоят - воҳиди маъмурию ҳудудӣ мазкур ҷойгирифтаро муттаҳид намуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатию худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад ;
- шаҳр - маҳалли аҳолинишин, ки ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ ба қайд гирифта шуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо амалӣ карда мешавад. Шаҳр ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ метавонад ҳудуди ноҳия, шаҳрак ва деҳотро муттаҳид намояд ;
- ноҳия - воҳиди маъмурию ҳудудӣ, ки шаҳракҳо ва деҳоти дар ҳудуди муқарраргардидаи ноҳияи мазкур ҷойгирифтаро муттаҳид намуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатию худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад ;
- шаҳрак - маҳалли аҳолинишин, ки ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ ба қайд гирифта шуда, дар он худидоракунии маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар ҳудуди шаҳрак мумкин аст маҳалҳои аҳолинишини дигар, ки воҳидҳои маъмурию ҳудудии алоҳида нестанд, ташкил карда шаванд ;
...