Фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2025, №88 "Дар бораи Тартиби пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба он дӯхташаванда"

Санаи амалкуни: 28.07.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 июни соли 2025, № 1347 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Тартиби пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба он дӯхташаванда
090.020.030.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:


1. Тартиби пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатӣ ва номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба он дӯхташаванда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии хизматчиёни давлатиро тибқи талаботи фармоиши мазкур амалӣ намоянд.

3. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Фармоишҳои зерини Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 6 августи соли 2008, №3 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои пешбурди делои шахсии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2008, №435 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;

- аз 6 июни соли 2017, №69 «Дар бораи тасдиқи шакли Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ».

5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.


Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин



ш. Душанбе, аз 8 майи соли 2025, №88 

 


Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан от 12 июня 2025 года, №1347

АГЕНТСТВО ГОСУДАРСТВЕННОЙ СЛУЖБЫ ПРИ ПРЕЗИДЕНТЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке ведения личных дел государственных служащих и перечень документов, приобщающихся к нему
090.020.030.

В соответствии с частью 2 статьи 14 Закона Республики Таджикистан «О государственной службе» и статьи 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах»,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Утвердить Порядок ведения личных дел государственных служащих и перечень документов, приобщающихся к нему (прилагается).

2. Государственным органам, органам самоуправления посёлков и сёл осуществлять составление и ведение личных дел государственных служащих в соответствии с настояшим распоряжением.

3. Настоящее распоряжение представить в Министерстве юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

4. Признать утратившим силу следующие распоряжения Агентства государственной службы при Президенте Республики Таджикистан:

- от 6 августа 2008 года, №3 «Об утверждении Правил ведения личных дел государственных служащих Республики Таджикистан», который зарегистрирован в Министерство юстиции Республики Таджикистан от 13 августа 2008 года, №435;

- от 6 июня 2017 года, №69 «Об утверждении формы Личного листка по учёту кадров».

5. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на первого заместителя директора Агентство государственной службы при Президенте Республики Таджикистан.

Директор Агентства государственной
службы при Президенте Республики Таджикистан Идрисзода Илёс Мумин


г.Душанбе от 8 мая 2025 года, №88