Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда аз 23 апрели соли 2025, №488

Санаи амалкуни: 10.07.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 майи соли 2025, №1345 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

Бо фармоиши
вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 апрели соли 2025, №488
тасдиқ шудааст

Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда (минбаъд – Тартиб) дар асоси банди 27 Тартиби гузарондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023-юм, №188 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, ҳолатҳоеро, ки маблағи барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда баргардонда мешавад, тартиб ва муҳлати баргардондани маблағҳоро ба шахсони барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳо маблағҳоро пардохта муайян мекунад.

2.Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Марказ) баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшударо тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воситаҳои дигари пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ ба роҳ мемонад.

2. ҲОЛАТҲОЕ, КИ МАБЛАҒИ БАРОИ ХИЗМАТРАСОНИҲО ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ПАРДОХТШУДА БАРГАРДОНДА МЕШАВАД

3. Маблағи барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда дар ҳолатҳои зерин баргардонда мешавад:

- агар шахсе, ки маблағи барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муқарраршударо пардохтааст, аз расид истифода накарда бошад;

...
Зарегистрировано в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 30 мая 2025 года, №1345.
Утверждён распоряжением
министра образования и науки
Республики Таджикистан
от 23 апреля 2025 года, №488

Порядок возврата суммы, внесённой за оказываемые на централизованных вступительных экзаменах услуги

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Порядок возврата суммы, внесённой за оказываемые на централизованных вступительных экзаменах услуги (далее – Порядок), разработан на основании пункту 27 Порядка проведения централизованных вступительных экзаменов в образовательные учреждения среднего и высшего профессионального образования Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 апреля 2023 года, №188, и определяет случаи, при которых возвращаются суммы, внесённые за оказываемые на централизованных вступительных экзаменах услуги, порядок и сроки возврата указанной суммы лицам, производившим оплату за оказываемые на экзаменах услуги.

2.Возврат суммы, внесённой за оказываемые на централизованных вступительных экзаменах услуги, осуществляется Национальным центром тестирования при Президенте Республики Таджикистан (далее – Центр) посредством кредитно-финансовых организаций и других платёжных средств в безналичной форме.

2. СЛУЧАИ, ПРИ КОТОРЫХ ВОЗВРАЩАЕТСЯ СУММА, ВНЕСЁННАЯ ЗА ОКАЗЫВАЕМЫЕ НА ЦЕНТРАЛИЗОВАННЫХ ВСТУПИТЕЛЬНЫХ ЭКЗАМЕНАХ УСЛУГИ

3.Сумма, внесённая за оказываемые на централизованных вступительных экзаменах услуги, возвращается в следующих случаях:

- если лицо, внесшее установленную сумму за оказываемые на централизованных вступительных экзаменах услуги, не использовал квитанцию;

- если абитуриент, внёсший установленную для перерегистрации сумму, не прошёл перерегистрацию;

- если абитуриент, внёсший сумму, установленную для участия во второй сессии экзаменов, не подал соответствующее заявление для участия в данной сессии в Центр в установленный срок;

- если абитуриент отказался от участия в централизованных вступительных экзаменах;

...