Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2025, №488 "Дар бораи Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда"

Санаи амалкуни: 10.07.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 майи соли 2025, №1345 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда
170.040.060.


Мутобиқи банди 27 Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №188 тасдиқ шудааст,


ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:


1.Тартиби баргардондани маблағҳои барои хизматрасониҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пардохтшуда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3.Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа гузошта шавад.


Вазир Раҳим Саидзода 


ш. Душанбе, аз 23 апрели соли 2025, №488 

 

Зарегистрировано в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 30 мая 2025 года, №1345.

РАСПОРЯЖЕНИЕ МИНИСТРА ОБРАЗОВАНИЯ И НАУКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Порядке возврата суммы, внесённой за оказываемые на централизованных вступительных экзаменах услуги
170.040.060.

В соответствии с пунктом 27 Порядка проведения централизованных вступительных экзаменов в образовательные учреждения среднего и высшего профессионального образования Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 апреля 2023 года, №188,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1.Утвердить Порядок возврата суммы, внесённой за оказываемые на централизованных вступительных экзаменах услуги (прилагается).

2.Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3.Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя министра образования и науки Республики Таджикистан – куратора отрасли.

Министр               Рахим Саидзода
г. Душанбе от 23 апреля 2025 года, №488