Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «24» июни соли 2025,
№ 362тасдиқ шудаанд
Қоидаҳои расмиёти хариди давлатӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Қоидаҳои расмиёти хариди давлатӣ (минбаъд – Қоидаҳои мазкур) бо мақсади муқаррар намудани расмиёти хариди давлатӣ барои истифода аз ҷониби иштирокдорони хариди давлатӣ таҳия гардиданд.
2.Қоидаҳои мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» (минбаъд – Қонун) ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбанд.
3.Дар Қоидаҳо мафҳумҳои зерин истифода мегарданд:
-мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хариди давлатӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати давлатиро оид ба хариди давлатӣ амалӣ менамояд;
-портали ягонаи хариди давлатии электронӣ (минбаъд – Портали ягона) – низоми иттилоотӣ барои анҷом додани хариди давлатӣ дар шакли электронӣ;
-комиссияи озмунӣ – комиссия, ки барои кушодан ва арзёбии пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунии иштирокдорони озмун, таҳияи тавсияҳо оид ба муайян намудани ғолиби озмун ва тартиби бастани шартномаи харид ё қарорҳои дигар аз рӯйи натиҷаҳои расмиёти харид таъин карда мешавад.
2 . МЕХАНИЗМҲОИ ТАШКИЛИИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
§1. Сохтори ташкилии барои хариди давлатӣ масъул
4.Вобаста ба сохтори ташкилии ташкилоти харидор, вазифаҳои зерин ба зиммаи воҳиди сохтории дахлдор ё шахс (он)-и мансабдори дорои сертификати мутахассис оид ба харид ё воҳиди харид вогузор карда мешаванд:
-банақшагирии харид, аз ҷумла таҳия, мувофиқа, тасдиқ ва тағйири нақшаи солонаи харид;
-таҳия, интишор ва паҳн кардани даъватномаҳо барои иштирок дар озмун, даъватномаҳо ҷиҳати пешниҳоди дархост барои интихоби пешакии тахассусӣ, огоҳиномаҳо бо дархости изҳори манфиатдорӣ барои ворид намудан ба рӯйхати мухтасар;
-таҳия ва паҳнкунии ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар, ки ба ҷалби пешниҳодҳо ва дархостҳо алоқаманд мебошанд;
-қабул ва таъмини нигоҳдории пешниҳодоту дархостҳои озмунӣ;
-пешниҳоди хизматрасониҳои котибӣ ба комиссияҳои озмунӣ;
-тартибдиҳии рӯйхати мухтасар ва рӯйхати иштирокдорони озмунӣ, ки аз интихоби пешакии тахассусӣ гузаштаанд;
-омода кардани рӯйхати ҳайати комиссияи озмунӣ барои тасдиқ аз ҷониби роҳбари ташкилоти харидор;
-таҳия ва барои интишор пешниҳод намудани огоҳиномаҳо оид ба нияти вобастакунии шартномаи харид;
-таҳияи шартномаи харид;
-маъмурикунонии шартнома ба андозае, ки ба воҳиди дигари ташкилоти харидор вогузор карда нашудааст;
-пешбурди ҳуҷҷатгузории харид;
-таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳо;
-пешниҳоди иттилоот, ки дархости он дар робита бо баррасии шикояти иштирокдори озмун, ариза оид ба хориҷ намудан аз иштирок дар хариди давлатӣ ё талаботи дигар мутобиқи Қонун, Қоидаҳо ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар пешбинӣ карда шудааст;
-вазифаҳои дигар, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба зиммаи воҳиди харид вогузор карда шаванд.
5.Вазифаҳои дахлдор, ки дар банди 4 Қоидаҳо пешбинӣ карда шудаанд, метавонанд дар Портали ягона дар реҷаи худкор анҷом дода шаванд.
6.Ҳангоми муайян намудани шумора ва ҳайати воҳиди харид омилҳои ба монанди ҳаҷм, мураккабӣ ва навъи харидҳои ташкилоти харидор метавонанд ба инобат гирифта шаванд.
7.Дар мавриди таъсис додани воҳиди харид, ба ҳайати он бояд ҳадди ақал як шахси мансабдори ташкилоти харидор, ки дорои сертификати мутахассис оид ба харид мебошад, ворид карда шавад. Сертификати мутахассис оид ба харид аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи Тартиби додани сертификати мутахассис оид ба харид, ки бо замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур муқаррар карда шудааст, дода мешавад.
8.Агар ташкилоти харидор шахс (он)-и мансабдори дорои сертификати мутахассиси харидро ҷалб накунад ё воҳиди харидро таъсис надиҳад, вазифаҳои пешбининамудаи банди 4 Қоидаҳо аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори ташкилоти харидор бо супориши роҳбари он иҷро мегарданд.
§2. Комиссияи озмунӣ
9.Роҳбари ташкилоти харидор бо пешниҳоди гузоришномаи воҳиди сохтории дахлдор ё шахс (он)-и мансабдори дорои сертификати мутахассиси харид ё воҳиди харид комиссияи озмуниро барои ҳар як харид ташкил медиҳад. Роҳбари ташкилоти харидор ҳуқуқ надорад ба ҳайати комиссияи озмунӣ шомил карда шавад.
10.Ҳайати комиссияи озмунӣ аз рӯйи имконият аз мутахассисони соҳибтахассус дар соҳаи марбут ба мавзуи харид ташаккул ёфта, бояд аз шумораи тоқи аъзо, аммо на кам аз 3 (се) нафар иборат бошад.
11.Ба ҳайати комиссияи озмунӣ метавонанд шахсони мансабдори мақомот, ташкилот ё муассисаи дигари давлатӣ, ки аз ҷониби ташкилоти харидор расман даъват карда шудаанд, шомил карда шаванд.
12.Тартиби фаъолияти комиссияи озмунӣ бо Низомнома оид ба комиссияи озмунӣ мутобиқи замимаи 2 ба Қоидаҳо муқаррар карда мешавад.
3. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ
§1. Таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
13.Мақоми ваколатдори давлатӣ Қоидаҳои мазкур, ҳуҷҷатҳои стандартии озмунӣ, шартномаҳои намунавии харид, дастурамалҳо оид ба харид, дастурҳои методӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Қонун таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
14.Мақоми ваколатдори давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурамалҳо ва мактубҳои дастуриро ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Қонун тибқи тартиби муқарраршуда таҳия ва тасдиқ менамояд.
15.Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо мақсади рушди устувор ва иҷтимоӣ, ки бо Қонун пешбинӣ карда шудаанд, таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур метавонанд дар марҳилаҳои гуногуни харид татбиқ карда шаванд, аз ҷумла инҳо:
-интихоби пешакии тахассусӣ ё тартибдиҳии рӯйхати мухтасар;
-таҳияи тавсифоти техникӣ;
-муайян намудани маҳакҳои арзёбии пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ;
-муайян намудани шартҳо ва муқаррароти шартномаи харид;
-пайгирии иҷрои шартномаи харид.
16.Ташкилотҳои харидор, ки аз мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё воҳидҳои сохтории он машварат ва тавзеҳот мегиранд, барои гузаронидани расмиёти харид ва қабули қарор масъул боқӣ мемонанд.
§2. Паҳнкунии иттилоот оид ба хариди давлатӣ
17.Мақоми ваколатдори давлатӣ паҳнкунии иттилоотро оид ба низоми хариди давлатӣ ва расмиёти харид, аз ҷумла Қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, амалӣ менамояд.
18.Паҳнкунии иттилоот метавонад бо услубҳои зерин анҷом дода шавад:
-интишори иттилоот дар портали ягона;
-интишори бюллетен, ки мақола ва маводҳоро оид ба назария ва амалияи харид дар бар мегирад;
-ҷорӣ намудани низоми огоҳсозӣ дар бораи озмунҳо ва иттилооти дигар бо истифода аз телефони мобилӣ (паёмак, хизматрасониҳое, ки метавонанд аз рӯйи манфиатҳои мушаххаси баҳрабарандагон бо истифода аз калидвожаҳо мутобиқ карда шаванд);
-ташкили форум дар реҷаи мустақим барои мубодилаи иттилоот ва таҷриба, инчунин барои саволҳо оид ба ҷанбаҳои мухталиф дар соҳаи харид;
-гузаронидани маърака оид ба баланд бардоштани огоҳии иштирокдорони хариди давлатӣ бо мақсади мусоидат на танҳо ба риояи қоидаҳо ва расмиёт, балки инчунин ба истифодаи воситаҳои мухталифи аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳияшуда ва ба ихтиёри онҳо пешниҳодшуда;
-гузаронидани маъракаҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, ки ба бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд.
§3. Афзудани иқтидор ва такмили ихтисос
19.Мақоми ваколатдори давлатӣ ба афзудани иқтидори иштирокдорони хариди давлатӣ ва такмили ихтисоси шахсони дар соҳаи харид машғул мусоидат менамояд. Вазифаҳое, ки бо афзудани иқтидор ва такмили ихтисос алоқаманд мебошанд, метавонад инҳоро дар бар гиранд:
-таҳия ва баргузории курсҳо ва барномаҳои таълимӣ;
-таҳия ва паҳни маводҳои таълимӣ ва методӣ;
-ташкил ва баргузории семинарҳо, аз ҷумла семинарҳои сайёрӣ ва мавзуӣ;
-мусоидат ба иштироки мутахассисон оид ба харид ва шахсони дар соҳаи харид машғул дар конфронсҳо, форумҳо ва семинарҳо дар хориҷи кишвар.
20.Афзудани иқтидор ва такмили ихтисос метавонад тавассути ташкил ва баргузории курсҳои таълимӣ дар низоми электронии таълими фосилавӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия карда шудааст, амалӣ гардад. Мақоми ваколатдори давлатӣ, вобаста ба имкониятҳо, метавонад китобхона оид ба харид ё маркази захиравии дигар барои пешниҳоди маводҳои таълимӣ дар реҷаи мустақим ё шакли чопӣ ҳамчун воситаи афзудани иқтидор ташкил диҳад.
21.Бо мақсади институтсиализатсияи барномаҳои таълимӣ, ки ба пешравии малака ва стандартҳои касбӣ дар соҳаи харид нигаронида шудаанд, мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъини як ё якчанд ташкилоти барои таълим дар соҳаи харид масъул, инчунин доир ба тавсияи ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ оид ба хариди давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо минбаъд гирифтани дараҷаи дахлдори таълим муроҷиат намояд.
§4. Вазифаҳои назоратии мақоми ваколатдори давлатӣ
22.Мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади анҷом додани назорат ва мониторинги риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хариди давлатӣ метавонад иттилоот ва ҳуҷҷатҳоро барои ҳамин мақсадҳо аз ташкилотҳои харидор, мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои молиявӣ дархост намояд. Дархости иттилоот ва ҳуҷҷатҳо метавонад маҳдуд нагардида, аз ҷумла инҳоро дар бар гирад:
-харҷнома (буҷет)-и солонаи тасдиқшудаи ташкилоти харидор бо ҳамаи тағйиру иловаҳо;
-иттилоот ва ҳуҷҷатҳои дахлдор оид ба амалиётҳои молиявии ташкилоти харидор;
-руйхати шартномаҳои харид бо замимаи нусхаҳои шартномаҳои харид ва созишномаҳои иловагӣ ба онҳо;
-иттилоот ва ҳуҷҷатҳои дахлдор оид ба иҷрои шартномаҳои харид;
-иттилоот ва ё ҳуҷҷатҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз ҷониби иштирокдорони озмун ва ё таҳвилгар (паймонкор);
-иттилоот оид ба ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла иҷозатномаҳо, сертификатҳо ва шаҳодатномаҳо, ки ба иштирокдори озмун ё таҳвилгар (паймонкор) ва намояндагон ва кормандон (мутахассисон)-и кирояшудаи онҳо, ки қобилияти ҳуқуқӣ ва тахассуснокиро барои иштирок дар озмун ва иҷрои шартномаи харид тасдиқ менамоянд, дода шудаанд.
23.Иттилоот ва ҳуҷҷатҳое, ки бо банди 22 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ карда шудаанд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ танҳо дар ҳолати дастрас набудани онҳо дар портали ягона пешниҳод карда мешаванд. Сарфи назар аз ин, мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад дар мавриди зарурат пешниҳоди нусхаи аслии ҳуҷҷатҳоеро, ки бо банди 22 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ карда шудаанд, талаб намояд.
24.Мақоми ваколатдори давлатӣ ташкилотҳои харидор ва дар ҳолатҳои зарурӣ баҳрагирандагони ниҳоиро дар бораи намуд ва даврагии ҳисобот, ки бояд пешниҳод карда шаванд, хабардор менамояд.
§5. Арзёбии риояи талаботи муқарраршуда ва самаранокӣ
25.Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад давра ба давра чорабиниҳоро оид ба муайян намудани риояи талаботи муқарраршуда ва самаранокӣ гузаронад. Арзёбии риояи талаботи муқарраршуда ва самаранокӣ метавонад нисбат ба низоми харид дар маҷмуъ ё аз рӯйи нишондиҳандаҳо ва шартномаҳои алоҳидаи харид, ташкилотҳои алоҳидаи харидор ва ё баҳрагирандагони алоҳидаи ниҳоии харид гузаронида шавад.
26.Бо мақсади гузаронидани арзёбии риояи талаботи муқарраршуда ва самаранокӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад нишондиҳандаҳо ва зернишондиҳандаҳоеро, ки марҳилаҳо ва ҷанбаҳои калидии ҷараёни харидро баҳогузорӣ мекунанд, таҳия ва татбиқ намояд, аз ҷумла:
-банақшагирии харид ва идоракунии харид;
-истифодаи усулҳо ва расмиёти харид;
-сарфаи бадастовардашудаи маблағ ҳангоми анҷом додани харид;
-ҳиссаи иштироки таҳвилгарон (паймонкорон), аз ҷумла соҳибкории хурду миёна;
-дараҷаи муваффақияти расмиёти харид;
-қаноатмандии ташкилотҳои харидор ва баҳрагирандагони ниҳоии харид;
-қаноатмандии таҳвилгарон (паймонкорон);
-қаноатмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ;
-истифодаи расмиёти баррасии шикоятҳо.
27.Пеш аз гузаронидани арзёбии риояи талаботи муқарраршуда ва самаранокӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ташкилоти харидор ва ё баҳрагирандаи ниҳоиро дар бораи ҳадаф ва маҳакҳои истифодашавандаи арзёбии риояи талаботи муқарраршуда ва самаранокӣ огоҳ менамояд.
28.Ташкилотҳои харидор ва ё баҳрагирандагони ниҳоӣ бояд бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар гузаронидани арзёбӣ ба таври муассир ва сари вақт, аз ҷумла тавассути пешниҳоди иттилоот ва ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дархост карда мешаванд, ҳамкорӣ намоянд.
29.Мақоми ваколатдори давлатӣ хулосаҳои арзёбии пешакиро ба ташкилоти харидор ва ё баҳрагирандагони ниҳоии харид пешниҳод менамояд. Ташкилоти харидор ва ё баҳрагирандагони ниҳоии харид дар мавриди зарурат ба ин хулосаҳо дар давоми 10 (даҳ) рӯзи кории баъди гирифтани онҳо ба таври муфассал ҷавоб диҳад.
30.Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботро оид ба арзёбӣ бо тавсияҳо ба ташкилоти харидор ва ё баҳрагирандаи ниҳоии харид пешниҳод менамояд. Ин тавсияҳо метавонанд инҳоро дар бар гиранд:
-чораҳои интизомӣ нисбат ба шахсони мансабдоре, ки дар содир намудани қонунвайронкуниҳои мансабӣ даст заданд;
-рафъи номувофиқатӣ ва мушкилиҳои алоқаманд ба иҷро;
-қатъ кардани расмиёти харид;
-хориҷ намудани шахсони мансабдори дахлдор аз иштирок дар иҷрои вазифаҳои марбут ба харид.
31.Ташкилоти харидор ва ё баҳрагирандаи ниҳоии харид дар давоми 15 (понздаҳ) рӯзи кории баъди гирифтани ҳисобот оид ба арзёбӣ ба тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ҷавоби хаттӣ пешниҳод менамояд. Дар ҷавоб чораҳое, ки ташкилоти харидор меандешад, нишон дода мешаванд. Ташкилоти харидор ва ё баҳрагирандаи ниҳоии харид дар давоми муҳлате, ки дар ҳисобот оид ба арзёбӣ зикр шудааст, дар бораи иҷрои чораҳо оид ба ислоҳи вазъ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисобот медиҳад.
32.Мақоми ваколатдори давлатӣ иттилоотро дар бораи фаъолияти харидорӣ, ки дар доираи чорабинӣ оид ба муайян намудани риояи талаботи муқарраршуда ва самаранокӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, таҳлил намуда, дар мавриди зарурат тадбирҳои дахлдорро ҷиҳати мукаммал намудани фаъолият ҳангоми анҷом додани хариди давлатӣ меандешад.
§6. Кумак ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии хариди давлатӣ
33.Мақоми ваколатдори давлатӣ тадбирҳоро ҷиҳати ба ташкилотҳои харидор ва иштирокдорони озмунҳо расонидани кумак, ки ба баргузории расмиёти хариди давлатӣ ва иштирок дар он нигаронида шудааст, чораҳо меандешад.
34.Чораҳои ба расонидани кумак нигаронидашуда метавонанд инҳоро дар бар гиранд:
-мусоидат ба паҳн намудани иттилоот дар байни иштирокдорони озмунҳо оид ба қоидаҳо ва расмиёти танзимкунандаи хариди давлатӣ, инчунин додани хулосаҳо ва пешниҳодҳо ба ташкилотҳои харидор ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои Қонун;
-ташкили махзани марказонидашудаи маълумот бо мақсади ба ҳисоб гирифтани натиҷаҳои фаъолияти таҳвилгарон (паймонкорон) ҳангоми иҷрои шартномаҳои харид бо мақсади арзёбии самаранокии фаъолияти онҳо;
-таҳияи пешниҳодҳо оид ба усулҳои паҳн кардани иттилооти марбут ба харид, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ;
-омӯзиши таҷриба ва амалияи мамлакатҳои дигар бо мақсади ҷорӣ намудани навовариҳо дар низоми хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. БАНАҚШАГИРӢ ВА ОМОДАГӢ БА ХАРИД
§1. Принсипҳои асосии банақшагирии харид
35.Ташкилотҳои харидор харидҳоро тарзе ба нақша мегиранд, ки онҳо дар доираи захираҳои молиявии дастрас ва маҳдудиятҳои дигари муқарраршуда анҷом дода шаванд.
36.Ҳангоми арзёбии вақти барои анҷом додани расмиёти харид ва бастани шартномаи харид зарурӣ, муҳлатҳои муқаррарнамудаи параграфи 2 боби 7 Қоидаҳои мазкур ва муҳлатҳои тахмини гузаронидани марҳилаҳои гуногуни раванди харид ба инобат гирифта мешаванд.
37.Ҳангоми муқаррар намудани муҳлати иҷрои шартномаи харид ташкилоти харидор вақти ба таҳвилгар (паймонкор) барои иҷрои шартномаи харид заруриро муайян намуда, зимнан талаботи ташкилоти харидор ва шароити дар маҳалли иҷрои шартномаи харид бавуҷудомада, аз ҷумла шароити обу ҳаворо ба инобат мегирад. Банақшагирии муҳлатҳои харид бояд ба пешгӯи муҳлатҳои муносиби иҷрои шартномаи харид дар заминаи семоҳаҳо ё моҳҳои мушаххаси сол асос ёбад.
38.Зимни банақшагирии харид ташкилотҳои харидор имкониятҳои гурӯҳбандӣ ва ё тақсимоти бандҳои нақшаи харидро мувофиқан ба лот ва ё лотҳои муттаҳидшуда ва ё алоҳида баррасӣ менамоянд.
39.Хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар нақшаи солонаи харид пешбинӣ нашудааст, метавонад дар ҳолати хариди мустақим тибқи асосҳои пешбининамудаи бандҳои 3) ва 4) моддаи 52 Қонун ва бо шарте анҷом дода шавад, ки агар инро эҳтиёҷоти бетаъхири ташкилоти харидор талаб намуда, минбаъд маълумот оид ба харид ба портали ягона ворид ё ҳисобот оид ба харид пешниҳод карда шавад.
§2. Банақшагирии солонаи харид
40.Ташкилоти харидор баъди тасдиқ шудани харҷномаи солонаи хароҷот тибқи раванди буҷетӣ ё раванди дигар, нақшаи солонаи харидро таҳия ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ намуда, онро дар портали ягона интишор менамояд. Агар бо Қоидаҳои мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, корхонаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки дар онҳо зиёда аз 50 дарсади саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, уҳдадоранд харидҳоро дар портали ягона ба нақша гирифта анҷом диҳанд.
41.Нақшаи солонаи интишоршудаи харид иттилооти зеринро дар бар мегирад:
-номгӯйи ташкилоти харидор;
-номгӯй ва хусусиятҳои мавзуи харид;
-миқдори мавзуи харид;
-муҳлати банақшагирифташавандаи харид;
-усули банақшагирифташавандаи харид;
-иттилооти дигар, ки метавонад мутобиқи дастурамалҳо ва қолабҳои стандартии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқшуда талаб карда шавад.
§3. Банақшагирии харид аз рӯйи созишномаҳои қолабӣ
42.Мақоми ваколатдори давлатӣ созишномаҳои қолабиро барои истифодаи ҳатмӣ аз ҷониби ташкилотҳои харидор мутобиқи рӯйхати мол ё хизматрасонӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, мебандад.
43.Ташкилоти харидор дар муҳлати дарҷшудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, ҳисоби пешакии харидро аз рӯйи созишномаҳои қолабӣ барои соли равон ва ё соли оянда ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд. Ташкилоти харидор ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот дар бораи эҳтиёҷоти худ (миқдори мавзуи харид), тавсифоти техникии онҳо, муҳлат ва шартҳои тахмини таҳвилро пешниҳод менамояд.
44.Бо мақсади таъмини иштирок ва рақобати ҳадди аксар, вақте ки имконпазир аст ва тибқи принсипҳои сарфакорӣ ва самаранокии харид, афзалият ба бастани созишномаҳои қолабии кушода, бо инобати банди 65 Қоидаҳои мазкур дода мешавад.
45.Ташкилотҳои харидор шартномаҳои харидро дар асоси созишномаи қолабӣ тибқи дастурамалҳои мақоми ваколатдори давлатӣ мебанданд.
46.Агар мол ё хизматрасонӣ, ки бояд аз ҷониби ташкилоти харидор дар асоси созишномаи қолабӣ харидорӣ шаванд, мавҷуд набошад, мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз 3 (се) рӯзи кории баъди гирифтани дархости ташкилоти харидор барои даст кашидан аз истифодаи созишномаи қолабӣ иҷозат медиҳад. Дасткашӣ ба ташкилоти харидор ҳуқуқ медиҳад усули дахлдори харидро тибқи Қонун татбиқ намояд.
§4. Банақшагирии хариди муштарак
47.Ду ва ё зиёда ташкилоти харидор метавонанд дар бораи хариди муштарак, аз ҷумла хариди муштарак, ки якҷоя намудани амалҳои харидории онҳоро пешбинӣ менамояд, созишнома банданд.
48.Ҳадафҳои эҳтимолии иштирок дар харидҳои муштарак ба даст овардани нархҳои пасттар, ноил гаштан ба самаранокӣ, коҳиш додани хароҷоти маъмурӣ, дастрасӣ ба доираи васеътари малака ва таҷриба, бастани созишнома дар бораи хизматрасонии муштарак ё мусоидат ба навовариҳоро дар бар мегиранд.
49.Фаъолияти муштараки харид бояд бо созишнома оид ба шарикӣ ба расмият дароварда шавад. Созишнома оид ба шарикӣ бояд ҷанбаҳои зеринро пешбинӣ намояд:
-мақсад ва вазифаҳои фаъолияти муштараки харид;
-номҳои ташкилотҳои харидори иштирокдошта ва таъиноти тарафи пешсаф барои гузаронидани расмиёти харид;
-намуд ва агар имконпазир бошад, миқдори мол, ҳаҷми кор ё хизматрасониҳое, ки бояд дар якҷоягӣ харидорӣ шаванд;
-расмиёте, ки татбиқ мешавад;
-таъин намудани шахсони мансабдор, ки барои амал кардан аз номи тарафҳо ваколатдор шудаанд.
§5. Ҳисоби арзиши тахминии харид
50.Ташкилоти харидор уҳдадор аст, ки арзиши тахмини харидро ҳангоми банақшагирии харид ва дар мавриди зарурат бевосита пеш аз оғози расмиёти хариди мушаххас ҳисоб кунад.
51.Ҳангоми ҳисоби арзиши тахмини хариди мол омилҳо ва хароҷоти зерин, вобаста ба хусусияти мол ва шартҳои таҳвили он, бояд ба инобат гирифта шаванд:
-нархҳои дар манбаҳои иттилоот интишоршуда;
-нархҳо дар бозорҳо ва нуқтаҳои дигари савдо;
-нархҳо аз рӯйи аҳдҳои шабеҳ, ки аз ҷониби ташкилоти харидор ё ҳар гуна ташкилоти дигар анҷом дода шудаанд;
-дар ҳолатҳои дахлдор услубҳои дигари ҳисоби арзиш, аз ҷумла дар асоси машварати пешакӣ бо бозор, тавре дар Қонун нишон дода шудааст, пешниҳоди тиҷоратии таҳвилгар;
-хароҷоти ҳамлу нақл ва хароҷоти дигар то маҳалли ниҳоии таҳвил;
-арзиши хизматрасониҳои алоқаманд зимни таҳвил (васлу насб, ба кор даровардан, омӯзиш, хизматрасонии баъдифурӯшӣ, уҳдадориҳои кафолатӣ, иҷозатномаҳо ва ғайра);
-андозҳо, пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ, пардохтҳои дигар, ки зимни таҳвил ситонида мешаванд;
-меъёри оқилонаи фоидаи таҳвилгар;
-ҳама гуна хароҷоти дигар, ки ба харид алоқаманданд ва метавонанд асоснок карда шаванд.
52.Ҳангоми ҳисоби арзиши тахмини хариди кор омилҳо ва хароҷоти зерин, вобаста ба хусусияти кор ва шартҳои иҷрои он, бояд ба инобат гирифта шаванд:
-арзиши ҳамаи унсурҳои хароҷот, ба монанди ашё ва мавод, қувваи барқ ва намудҳои дигари энергия, таҷҳизот, нақлиёт, мошин, механизмҳо, пардохти музди меҳнат, молҳои дар ҳайати кор таҳвилшаванда, хароҷотҳои борхатӣ, хароҷоти ғайричашмдошт ва ғайра;
-арзиши хизматрасониҳои алоқаманд ба монанди пармакунӣ, корҳои геодезӣ, аксбардории кайҳонӣ, таҳқиқоти сейсмологӣ ва хизматрасониҳои дигаре, ки тибқи шартномаи харид пешниҳод мешаванд;
-дар ҳолатҳои дахлдор услубҳои дигари ҳисоби арзиш, аз ҷумла дар асоси машварати пешакӣ бо бозор, тавре дар Қонун нишон дода шудааст, пешниҳоди тиҷоратии паймонкор (таҳвилгар);
-хароҷоти ҳамлу нақл ва хароҷоти дигар барои расонидани ашё, мавод ва молҳои дар ҳайати кор таҳвилшаванда то маҳалли ниҳоии таҳвил;
-андозҳо, пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ, пардохтҳои дигар, ки дар робита ба иҷрои шартнома ситонида мешаванд;
-фоидаи харҷномавии паймонкор;
-ҳама гуна хароҷоти дигар, ки ба харид алоқаманданд ва метавонанд асоснок карда шаванд.
53.Ташкилоти харидор ҳангоми ҳисоби арзиши тахмини хариди кор метавонад меъёрҳо ва параметрҳои дахлдори соҳавиро истифода намояд. Дар ҳолати аз арзиши кори бо ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ-харҷномавӣ тасдиқшуда зиёд будани арзиши кор аз рӯйи нархҳои воқеӣ дар бозорҳо, ташкилоти харидор метавонад чораҳоеро, ки ба у дастрас мебошанд ва хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нестанд, андешад.
54.Ҳангоми ҳисоби арзиши тахмини хариди хизматрасониҳо метавонанд омилҳо ва хароҷоте, ки дар бандҳои 51 ва 52 Қоидаҳои мазкур нишон дода шудаанд, агар онҳо ба хизматрасониҳо вобаста ба хусусияти хизматрасониҳо ва шартҳои расонидани онҳо татбиқ шуда тавонанд, ба инобат гирифта шаванд.
55.Омилҳои дигар, ки метавонанд барои ҳисоби арзиши тахмини харид вобаста ба хусусияти харид аҳамият дошта бошанд, инҳоро дар бар мегиранд:
-стандартӣ ё дар бозор дастрас будани мавзуи харидоришаванда ё махсус истеҳсол намудани он барои қонеъ намудани талаботи ташкилоти харидор;
-дараҷаи рақобат, ки онро ҳангоми гузаронидани харид интизор шудан имконпазир аст;
-муқаррарот оид ба тасҳеҳи нархҳо дар шартномаи харид;
-муҳлати иҷрои шартнома.
56.Ташкилоти харидор уҳдадор аст, ки дастурамалҳои мақоми ваколатдори давлатиро оид ба тартиби ҳисоби арзиши тахмини харид зимни иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мавриди корбарӣ қарор диҳад.
§6. Интихоби шартномаи намунавӣ
57.Ҳангоми банақшагирӣ ва омодагӣ ба харид ташкилоти харидор сохтори дахлдори шартномаи харидро, ки барои хариди мушаххас истифода карда мешавад, муайян менамояд.
58.Ташкилотҳои харидор метавонанд шартномаҳои намунавии харидро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар шакли стандартӣ ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо истифода намоянд.
59.Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонанд шартномаҳои намунавии харидро барои намудҳои гуногуни харид барои истифода аз ҷониби ташкилотҳои харидор таҳия менамояд.
60.Шартномаи харид тақсимоти дахлдори ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, хавфҳо ва масъулиятро дар асоси таҳлили он, ки кадоме аз тарафҳо аз ҳама беҳтар хавфҳоро бо дар назар доштани хароҷот ва ҳавасмандкунии алоқаманд бо тақсимоти хавфҳо бартараф месозад, пешбинӣ менамояд.
61.Дар ҳолатҳои дахлдор, дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ навъи Инкотермс, ки зимни харид истифода мешавад, бояд зикр гардад.
§7. Муқаррар ва интихоб намудани навъи созишномаи қолабӣ
62.Бастани созишномаҳои қолабӣ бояд ба машваратҳо бо ташкилотҳои харидор ҷиҳати муайян намудани эҳтиёҷоти онҳо, инчунин ба омӯзиши бозор бо мақсади муайян намудани дастрасии таҳвили мол ва хизматрасонӣ, дараҷаи рақобат дар бозор, сатҳи нархҳо ва нишондиҳандаҳои таҳвили мол ё хизматрасонӣ асос ёбад.
63.Барои иштирокдорони созишномаи қолабӣ бояд дастурамали истифодабаранда аз рӯйи ҳар созишномаи қолабӣ таҳия карда шавад.
64.Таҳвилгароне (паймонкорон), ки шартномаи қолабӣ бастанд, кафолати ба даст овардани шартномаи харидро надоранд.
65.Қарор дар бораи он, ки кадом навъи созишномаи қолабӣ истифода мешавад, бояд ба талаботи ташкилоти харидор ва ё баҳрагирандаи ниҳоӣ ва хусусияти бозори таҳвили мол ё хизматрасонӣ асос ёбад.
66.Агар дар доираи созишномаи қолабӣ ҷалб зиёда аз як таҳвилгар (паймонкор) пешбинӣ карда шавад, дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ ба таври возеҳ зикр мегардад, ки созишномаи қолабӣ зиёда аз як таҳвилгар (паймонкор)-ро дар бар мегирад.
67.Дар мавриди созишномаи қолабӣ бо якчанд таҳвилгар (паймонкор), дар марҳилаи ҷойгиркунонии фармоишҳо метавонад озмуни хурд гузаронида шавад.
68.Барои хариди ашёи хом метавонад созишномаи қолабӣ баста шуда, рӯйхати иштирокдорони он тартиб дода шавад, ки ба онҳо давра ба давра даъватномаҳо барои иштирок дар озмун фиристода мешаванд. Аз иштирокдорони озмун (тарафи созишномаи қолабӣ) метавонад дархост карда шавад, ки нархҳои ба нархҳои бозории ҳангоми таҳвил ё пеш аз он вобасташударо пешниҳод кунанд. Муҳлати эътибори пешниҳодҳо бояд то ҳадди имкон кутоҳ бошад. Шартҳо ва шаклҳои стандартии шартномаҳо, ки ба амалияи бозор мувофиқ мебошанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда шуда, аз ҷониби ташкилотҳои харидор истифода мешаванд.
§8. Тавсифоти техникӣ барои хариди мол
69.Тавсифоти техникӣ барои хариди мол бояд унсурҳо ва тавсифи талаботи зеринро, вобаста ба хусусияти мол ва то андозае, ки дар расмиёти мушаххаси харид татбиқ шуда метавонанд, дар бар гирад:
-номгӯйи моли харидоришаванда, аз ҷумла хусусиятҳои зарурии истифодабарӣ, функсионалӣ, физикӣ ва дар мавриди зарурат хусусиятҳои дигар;
-мавҷудияти қисмҳои эҳтиётӣ ва хизматрасонӣ дар давоми муҳлати хизмати мол;
-адабиёти тавсифӣ ё намунаҳое, ки бояд якҷо бо пешниҳоди озмунӣ манзур карда шаванд;
-тавсифи кафолати маҳсулнокӣ ё сифат;
-сохти техникӣ;
-санҷиши сифат, ки бояд гузаронида шаванд, аз ҷумла санҷиш ва озмоишҳои пеш аз таҳвил;
-таъсир ба муҳити зист ва стандартҳои бехатарӣ, ки мол бояд ба онҳо ҷавобгӯ бошад;
-меъёрҳои озмоиш ё санҷиши истифодабарӣ барои қабули ниҳоӣ;
-намуд ва давомнокии омӯзиш, ки бояд аз ҷониби таҳвилгар пешниҳод карда шавад;
-дигар масъалаҳое, ки зарур ҳисобида мешаванд.
70.Ташкилоти харидор ҳангоми хариди моли истифодашуда бояд то гузаронидани харид самаранокии чунин харидро дар муқоиса бо хариди моли нав, аз ҷумла бо дар назар доштани сарфаи дар назар дошта шуда ва имкониятҳои молиявии худ арзёбӣ намояд.
71.Ҳангоми хариди моли истифодашуда бояд шартҳои зерин иҷро карда шаванд:
-ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ки дар он пешниҳодҳо барои моли истифодашуда талаб мешавад, набояд дархости пешниҳодҳоро барои моли нав дошта бошанд, зеро молҳои истифодашуда набояд бо молҳои нав рақобат кунанд;
-тавсифоти техникӣ бояд хусусиятҳои ҳадди ақали молҳои истифодашударо тавсиф диҳад, ба монанди синну сол ва ҳолат (масалан, аз барқароршуда, ҳамчун нав ё қобили қабул дар шароити фарсудашавии муқаррарӣ);
-шарти шартнома, ки одатан муқаррароти стандартиро оид ба кафолат ё масъулият барои нуқсонҳо дар бар гирифта талаб мекунанд, ки ҳамаи молҳо бояд нав ва истифоданашуда бошанд, бояд ба таври дахлдор тағйир дода шавад.
§9. Тавсифоти техникӣ барои хариди кор
72.Тавсифоти техникӣ барои хариди кор бояд унсурҳо ва тавсифи талаботи зеринро, вобаста ба хусусияти кор ва то андозае, ки дар расмиёти мушаххаси харид татбиқ шуда метавонанд, дар бар гирад:
-тавсифи умумии ҳаҷм ва ҳадафи кор;
-тавсифи аниқи ҳаҷми кор ва хизматрасониҳои алоқаманд, аз ҷумла унсурҳои ба монанди лоиҳакашӣ, сохтмон, вайрон, таҷдид, таъмир, истеҳсолот, васлу насб ва ба кор андохтан;
-тавсифи кор аз лиҳози ҷузъиёти лоиҳа, нақшаҳо ва ё хусусиятҳои истифодабарӣ, аз ҷумла тавсифоти мушаххаси техникӣ ва стандартҳо нисбат ба молҳои дар таркиби кор таҳвилшаванда;
-лоиҳаи муфассал ва нақшаҳои корҳои иҷрошаванда, ба дараҷае, ки онҳо бояд аз ҷониби ташкилоти харидор пешниҳод карда шаванд;
-варақаи ҳаҷми кор;
-номгӯйи муфассали ҳар гуна мол, ки бояд таҳвил карда шавад;
-хусусияти физикӣ ва шароит дар майдончаи сохтмон;
-таъсир ба муҳити зист ва стандартҳои бехатарӣ, ки бояд риоя карда шаванд;
-санҷишҳо ва озмоишҳое, ки дар марҳилаҳои гуногуни сохтмон, аз ҷумла дар марҳилаи қабули корҳо гузаронида мешаванд;
-ҳуҷҷатҳои техникӣ, нақшаҳо, дастурамали истифодабарӣ, ки метавонанд ё бояд аз ҷониби паймонкорон пешниҳод гарданд;
-намуд ва ҳаҷми омӯзиш ва назорат аз ҷониби паймонкорон, то андозае, ки метавонад татбиқ карда шавад;
-ҷадвали оғоз ва анҷоми иҷрои корҳо;
-дигар ҷанбаҳое, ки зарур ҳисобида мешаванд.
73.Ҳуҷҷатҳои озмунӣ барои шартномаи иҷрои кор бо нархҳои ба воҳиди ченак асосёфта (харҷнома бо усули захиравӣ) талаб мекунанд, ки иштирокдорони озмун нархҳои худро ба унсурҳои хароҷот, ки дар варақаи ҳаҷми кор нишон дода шудаанд, пешниҳод кунанд. Нархи пешниҳодшуда бояд тамоми миқдори маводҳо, қувваи корӣ ва дигар захираҳоеро, ки бояд паймонкор барои иҷрои кор пешниҳод намояд, дар бар гирад.
74.Ҳуҷҷатҳои озмунӣ барои шартномаи иҷрои кор бо нархи собит талаб мекунанд, ки иштирокдорони озмун ҷадвали фаъолиятро бо нишон додани нархе пешниҳод кунанд, ки дар он иштирокдори озмун пардохти якдафъаинаро мувофиқи намудҳои асосии фаъолияти бо иҷрои ботадриҷи шартномаи харид алоқаманд тақсим мекунад.
§10. Тавсифоти техникӣ барои хизматрасониҳои ғайримашваратӣ
75.Тавсифоти техникӣ барои хариди хизматрасониҳои ғайримашваратӣ бояд унсурҳо ва тавсифи талаботи зеринро, вобаста ба хусусияти хизматрасониҳо ва то андозае, ки дар расмиёти мушаххаси харид татбиқ шуда метавонанд, дар бар гирад:
-тавсифи умумии ҳаҷм ва ҳадафи хизматрасонӣ;
-тавсифи хизматрасонӣ ва вазифаҳое, аз рӯйи имконият дар шакли талабот барои иҷро, ки таҳвилгар бояд амалӣ намояд;
-шартҳое, ки тибқи онҳо хизматрасонӣ бояд иҷро шавад;
-адабиёти тавсифӣ ё намунаҳое, ки якҷоя бо пешниҳод бояд манзур карда шаванд;
-санҷишҳо ва озмоишҳои сифат, ки бояд гузаронида шаванд;
-меъёрҳо ва усулҳое, ки бо истифода аз онҳо ташкилоти харидор хизматрасониҳои иҷрошударо баҳо хоҳад дод;
-тавсифи кафолатҳои иҷро ва сифат;
-намуд ва миқдори омӯзиш ва назорат, ки бояд аз ҷониби таҳвилгар таъмин карда шаванд.
76.Ташкилоти харидор метавонад шакли калкулятсияи арзиши аслии хизматрасониро, ки тибқи он таҳвилгар бояд пешниҳоди нархиашро бо тақсимот ба ҳамаи унсурҳои хароҷот пешкаш намояд, таҳия кунад.
§11. Таҳияи тавсифоти стандартии техникӣ
77.Мақоми ваколатдори давлатӣ ё мутобиқи дастури он мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муайян метавонад аз рӯйи категорияҳои алоҳидаи харид, ки бо дараҷаи зуд-зуд гузаронида мешаванд, тавсифоти стандартии техникиро барои ин намудҳои харид ҷиҳати истифода дар низоми харид таҳия намояд.
78.Даст кашидан аз истифодаи тавсифоти стандартии техникӣ бояд аз ҷониби ташкилоти харидор асоснок ва бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда шавад.
§12. Оғоз намудани расмиёти харид
79.Ягон расмиёти харид набояд оғоз карда шавад ва ягон уҳдадорӣ ҷиҳати харид набояд ба зимма гирифта шавад, агар маблағ ё амволи зарурӣ ҷудо шуда набошад. Хариди корҳои сохтмонӣ бояд бо дар назар доштани тартиби муқарраршуда, аз ҷумла танҳо баъди бегона кардан ё ба даст овардани қитъаи замин ва ҷудо гардидани маблағ, ки ҳадди ақал барои соли аввали сохтмон зарур аст, оғоз ёбад.
80.Сарфи назар аз муқаррароти банди 79 Қоидаҳои мазкур, ҳангоме, ки марҳилаҳои омодагӣ ва пешакӣ барои бастани шартномаи харид бояд то иҷрои шартҳои дар банди 79 Қоидаҳои мазкур баёншуда анҷом дода шаванд, ҳуҷҷатҳои озмунӣ ё даъватномаҳо барои иштирок дар озмун, пешниҳоди дархост барои интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани руйхати мухтасар метавонанд ба шарте интишор карда шаванд, ки онҳо изҳороти равшану возеҳро оид ба ҷустуҷӯи маблағгузорӣ аз ҷониби ташкилоти харидор ва оид ба вобастагии бастани шартномаи харид аз минбаъд ҷудо гардидани маблағҳои давлатӣ ва буҷетии дахлдор ё воридшавии маблағҳои пулӣ дар бар гирад.
81.Сарфи назар аз муқаррароти бандҳои 79 ва 80 Қоидаҳои мазкур, шартномаи харид метавонад, бо вогузории масъулият ба зиммаи роҳбари ташкилоти харидор, баста шавад, агар он банди дахлдорро дар хусуси додани кафолати ташкилоти харидор ҷиҳати анҷом додани пардохтҳо аз рӯйи воридшавии маблағҳои пулӣ дар бар гирад. Зимнан, ташкилоти харидор уҳдадор аст, ки барои ин мақсадҳо аз маблағҳои пулии ба суратҳисоби он воридшаванда маблағҳои муайянро барои пардохтҳо тибқи шартҳои шартномаи харид нигоҳ дорад.
82.Ташкилоти харидор дархост барои харидро дар асоси бандҳои таҳия ва мувофиқашудаи нақшаи харид, агар муқаррароти дигар бо Қоидаҳои мазкур пешбинӣ нашуда бошад, тартиб медиҳад. Ҳангоми тартиб додани дархост барои харид метавонанд шарт ва талаботе, ки дар бандҳои нақшаи харид муайян нашуда буданд, муқаррар карда шаванд. Бо дархост барои харид бояд тасдиқи мавҷудияти маблағҳо ё уҳдадории ташкилоти харидор оид ба ҷустуҷӯи маблағҳо барои пардохт дар сурати бастан ва ё иҷрои шартномаи харид ҳамроҳ карда шавад.
§13. Муттаҳидсозии харид ва тақсими харид ба лотҳо
83.Бо мақсади ҳавасмандгардонии рақобат, сарфакорӣ ва самаранокии харид ва ба шарте, ки ин ба таъхири беасоси таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ оварда намерасонад, мол, кор ё хизматрасонии шабеҳ ё алоқаманд метавонанд дар доираи як ё якчанд расмиёти харид мутаҳҳид ва ё тақсим карда шаванд.
84.Ташкилотҳои харидор ҳангоми муайян кардани эҳтиёҷоти худ ва дар доираи раванди банақшагирии харид, бо дар назар доштани маҳдудиятҳои эҳтимолии қонунгузории буҷетӣ ё қонунгузории дигар, масъалаи ташаккули лот ё лотҳоро аз рӯйи бандҳои нақшаи харид дар доираи як ё зиёда аз як шартномаи харид баррасӣ менамоянд. Ташкилотҳои харидор зарурати тақсимоти харидҳоро дар доираи як расмиёти харид ба лотҳои алоҳида, ки дар алоҳидагӣ ё ҳамчун алтернатива дар шакли бастаҳои лотҳо вобаста карда мешаванд, муайян мекунанд.
85.Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва техникии харид, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои бештар ба соҳибкории хурду миёна барои бастани шартномаҳои харид, ташкилоти харидор метавонад манфиатҳои эҳтимолиеро, ки метавон дар натиҷаи тақсими харид ба лотҳо ё бастаҳои лотҳо ба даст оварда шавад, мавриди баррасӣ қарор диҳад.
86.Ҳангоми баррасии мутаҳҳидсозӣ ва ё тақсими харид ташкилоти харидор метавонад омилҳои дахлдорро ба назар гирад, аз ҷумла:
-дараҷаи ба ҳадди аксар таҳким бахшидани рақобат, инчунин баланд бардоштани сарфакорӣ ва самаранокӣ, ки метавон аз ҳисоби вариантҳои баррасишавандаи мутаҳҳидсозӣ ва ё тақсими харид ба даст оварда шавад;
-қобилияти ташкилоти харидор барои идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти миқдори зиёди таҳвилгарон (паймонкорон);
-имконияти амалисозии сиёсат оид ба мусоидат ба соҳибкории хурду миёна барои иштирок дар хариди давлатӣ.
87.Харид метавонад ба лотҳо бо роҳҳои гуногуни имконпазир, аз ҷумла бо роҳи тақсимоти миқдорӣ, тақсимоти сифатӣ, мутобиқ бо фарогирии минтақавӣ ё муҳлати анҷом додани харид тақсим карда шавад. Агар харид ба лотҳо ё бастаҳои лотҳо тақсим шуда бошад, иттилоот дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ метавонад инҳоро дар бар гирад:
-миқдори лотҳо ё бастаҳои лотҳо;
-маълумот дар бораи таркиб ва ҷойгиршавии ҷуғрофии ҳар лот;
-миқдори лот ё лотҳо (як, якчанд ё ҳамаи лотҳо) ва миқдори ҳадди ақал ё аксари лотҳо ё бастаҳои лотҳо, ки барои онҳо иштирокдорони озмун метавонанд пешниҳодҳои озмунии худро пешкаш намоянд;
-огоҳинома дар бораи он, ки пешниҳоди озмунӣ метавонад ё наметавонад пешниҳод оид ба тахфифи чандтарафаро дар сурати вобастакунии омехтаи лотҳо ё бастаҳои лотҳо, ки иштирокдори озмун барои онҳо пешниҳоди озмунӣ пешниҳод намудааст, дар бар гирад;
-огоҳинома дар бораи масъулияте, ки ғолиби озмун метаванад ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ бо татбиқи лотҳо ва бастаҳои лотҳои дигар, агар чунин ҳамоҳангсозӣ зарур бошад, ба уҳда дошта бошад;
-огоҳинома дар бораи талабот, ки пешниҳоди озмунӣ бояд ҳамаи мавзуи харидро дар лот дар бар гирад.
88.Бо мақсади мусоидат ба иштироки корхонаҳо ё истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки ба соҳибкории хурду миёна нисбат доранд, ташкилоти харидор метавонад харидро ба лотҳо тақсим кунад. Ба иштирокдорони озмун иҷозат дода мешавад, ки барои як ё якчанд лотҳо пешниҳоди озмунӣ пешкаш кунанд. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф ва ҳар чӣ васеъ кардани имкониятҳои иштирок, ҳуҷҷатҳои озмунӣ метавонад шумораи лотҳоеро, ки ба иштирокдорони мушаххаси озмун дар доираи расмиёти харид вобаста карда шаванд, маҳдуд кунад.
89.Ҳангоми ҳисоби арзиши тахмини харид барои муайян кардани интихоби усули харид (ҳадди нишондиҳандаҳои арзиш барои истифодаи усулҳои харид) арзиши умумии тахмини якҷояи ҳамаи лотҳо истифода мешавад.
5. МЕЪЁРҲОИ ИҶОЗАТДИҲӢ БАРОИ ИШТИРОК ВА ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ БА ИШТИРОКДОРОНИ ОЗМУН
§1. Меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок ва талаботи тахассусӣ ба иштирокдорони озмун
90.Дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ бояд ҳамаи меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок ва талаботи тахассусӣ, ки нисбат ба иштирокдори озмун дар доираи расмиёти харид татбиқ мегарданд ва ҳуҷҷатҳои барои тасдиқи мутобиқат ба ҳамин меъёрҳо ва талабот зарур нишон дода шаванд.
91.Дар марҳилаи баррасии пешакии пешниҳодҳои озмунӣ, ташкилоти харидор метавонад аз иштирокдорони озмун талаб намояд, ки бар ивази пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқат ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок аризаи имзонамудаи иштирокдорони озмунро оид ба мутобиқат пешниҳод намоянд. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқат дар чунин ҳолат бояд аз ҷониби ғолиби озмун то вобастакунии шартномаи харид пешниҳод карда шаванд.
92.Аз иштирокдорони озмун пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқат ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок ва талаботи тахассусӣ талаб карда намешавад, агар ташкилоти харидор имконияти ба таври ройгон гирифтани ҳамин ҳуҷҷатҳо ё иттилооти дахлдорро тавассути дастрасӣ ба махзани маълумоти миллӣ дар Тоҷикистон дошта бошад. Дар мавриди ширкати хориҷӣ ташкилоти харидор метавонад аз намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ё аз дигар манбаъҳои боэътимод тасдиқи мустақилонаи мавҷудияти ҳуқуқии таҳвилгар (паймонкор)-ро дархост намояд.
93.Иштирокдори озмун, ки аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар муддати давраи як моҳ то муҳлати ниҳоии кушодани пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ ва баъди муҳлати мазкур қарздор намебошад, ҷавобгӯи меъёри иҷозатдиҳӣ барои иштирок дар қисми қарздор набудан аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ҳисобида мешавад.
§2. Қоидаи як пешниҳоди озмунӣ барои як иштирокдори озмун
94.Иштирокдори озмун метавонад, ба истиснои пешниҳодҳои озмунии алтернативии иҷозатдодашуда, танҳо як пешниҳоди озмунӣ пешкаш намояд ё танҳо дар як пешниҳоди озмунӣ ва танҳо дар як расмиёти интихоби пешакии тахассусӣ, мустақилона ё ҳамчун аъзо дар гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) иштирок намояд. Аммо ин барои иштирокдорони озмун (шахсони ҳуқуқӣ ё воқеӣ) ҷиҳати дар як вақт иштирок кардан дар зиёда аз як пешниҳод ба ҳайси мушовири фаръӣ ё паймонкори фаръӣ монеа намегардад.
95.Ташкилоти харидор ҳамаи пешниҳодҳои иштирокдори озмунро, ки бо вайрон намудани банди 94 Қоидаҳои мазкур пешниҳод карда шудаанд, рад менамояд.
§3. Бархӯрди манфиатҳо
96.Иштирокдори озмун набояд бархӯрди манфиатҳо дошта бошад. Дар сурати ошкор намудани бархӯрди манфиатҳо пешниҳоди озмунии иштирокдори озмун бояд рад карда шавад, аз ҷумла дар ҳолатҳое, ки бархӯрди манфиатҳои аъзои алоҳидаи гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон), ки пешниҳоди озмуниро пешкаш менамояд, ба миён меояд.
97.Дар мавриди хариди мол, кор ва хизматрасониҳои ғайримашваратӣ, иштирокдори озмун дар ҳолате дорои бархӯрди манфиатҳо мебошад, ки агар:
1)ӯ мол, кор ё хизматрасониҳои ғайримашваратиро пешниҳод мекунад, ки натиҷаи ё бевосита ба хизматрасонии машваратӣ алоқаманд буда, аз ҷониби у барои таҳия ё татбиқи лоиҳа ё шартномаи харид расонида шудааст, ё ин гуна хизматрасониҳо аз ҷониби шахси вобастаи у, ки мустақиман ё ғайримустақим ҳамин иштирокдори озмунро назорат мекунад, аз ҷониби ҳамин иштирокдори озмун назорат карда мешавад ё бо ҳамин иштирокдори озмун ташкилоти умумии назораткунанда дорад, расонида шудааст. Муқаррароти мазкур ба ширкатҳои гуногун (мушовирон, паймонкорон ё таҳвилгарон) татбиқ намегардад, ки якҷоя уҳдадориҳои паймонкорро дар асоси шартнома, ки супоридани иншоотро таҳти калид, хизматрасонии лоиҳакашӣ-конструкторӣ ва иҷрои корҳои сохтмониро пешбинӣ мекунанд, иҷро мекунанд;
2)ӯ, аз ҷумла кормандони ӯ бо яке аз мутахассисони ташкилоти харидор робитаи зичи тиҷоратӣ ё хешутаборӣ дошта бошад, ки:
- мустақиман ё ғайримустақим дар таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва ё тавсифоти техникӣ ва ё дар раванди арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ аз рӯи чунин шартнома ҷалб карда шудааст;
- дар иҷро ё назорати чунин шартнома иштирок мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бархӯрди аз чунин робитаҳо бавуҷудомада ба тарзи ба ташкилоти харидор қобили қабул ҳангоми интихоб ва иҷрои шартнома ҳал карда шудааст.
98.Дар мавриди хариди хизматрасониҳои машваратӣ, аз мушовирон талаб карда мешавад, ки:
-машваратҳои касбӣ, холисона ва бағаразона пешниҳод кунанд;
-доимо афзалияти манфиатҳои ташкилоти харидорро новобаста ба пешниҳоди кор дар оянда риоя намоянд;
-ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳо аз бархӯрди манфиатҳо бо супоришҳои дигар ва манфиатҳои идоравии худ худдорӣ намояд.
99.Мушовирон набояд барои иҷрои ҳама гуна супорише, ки бо уҳдадориҳои қаблӣ ё ҷории онҳо дар назди ташкилотҳои харидори дигар мухолифат кунанд ё онҳоро дар вазъияте қарор диҳад, ки онҳо наметавонанд супоришро ба манфиати беҳтарини ташкилоти харидор иҷро кунанд, ҷалб карда шаванд. Бе маҳдудияти хусусияти ҳаматарафаи гуфтаҳои боло, мушовирон наметавонанд дар ҳолатҳои зерин ҷалб карда шаванд:
1)ширкате, ки аз ҷониби ташкилоти харидор барои таъмини мол, кор ё хизматрасониҳои ғайримашваратӣ барои лоиҳа ё шартномаи харид (ё ҳама гуна шахси вобастаи он, ки мустақиман ё ғайримустақим ҳамин иштирокдори озмунро назорат мекунад, аз ҷониби ҳамин иштирокдори озмун назорат карда мешавад ё бо ҳамин иштирокдори озмун ташкилоти умумии назораткунанда дорад) ҷалб карда шудааст, аз ҳуқуқи расонидани хизматрасониҳои машваратӣ, ки натиҷаи чунин мол, кор ё хизматрасониҳои ғайримашваратӣ мебошад ё бевосита чунин мол, кор ё хизматрасониҳои ғайримашваратиро ҳамроҳӣ мекунанд, маҳрум карда мешавад. Муқаррароти мазкур ба ширкатҳои гуногун (мушовирон, паймонкорон ё таҳвилгарон), ки якҷоя уҳдадориҳои паймонкорро дар доираи шартномаи таҳти калид ё шартномаи барои лоиҳакашӣ ва сохтмон иҷро мекунанд, татбиқ намегардад;
2)ширкате, ки аз ҷониби ташкилоти харидор барои хизматрасониҳои машваратӣ ҷиҳати таҳия ё татбиқи лоиҳа ё шартномаи харид (ё ҳама гуна шахси вобастаи он, ки мустақиман ё ғайримустақим ҳамин иштирокдори озмунро назорат мекунад, аз ҷониби ҳамин иштирокдори озмун назорат карда мешавад ё бо ҳамин иштирокдори озмун ташкилоти умумии назораткунанда дорад) ҷалб карда шудааст, аз ҳуқуқи пешниҳоди минбаъдаи мол, кор ё хизматрасониҳои ғайримашваратӣ, ки натиҷаи чунин хизматрасониҳои машваратӣ мебошад ё бевосита ба чунин хизматрасониҳои машваратӣ алоқаманд мебошанд, маҳрум карда мешавад. Муқаррароти мазкур ба ширкатҳои гуногун (мушовирон, паймонкорон ё таҳвилгарон), ки якҷоя уҳдадориҳои паймонкорро дар доираи шартномаи таҳти калид ё шартномаи барои лоиҳакашӣ ва сохтмон иҷро мекунанд, татбиқ намегардад;
3)на мушовир (аз ҷумла ҳайати корӣ ва мушовирони аз бастаи корӣ берун) ва на шахси вобаста, ки мустақиман ё ғайримустақим ҳамин мушовирро назорат мекунад, аз ҷониби ҳамин мушовир назорат карда мешавад ё бо ҳамин мушовир ташкилоти умумии назораткунанда дорад, набояд барои иҷрои ягон супорише, ки бинобар хусусияташ бархӯрди манфиатҳоро бо супориши дигари мушовир ба вуҷуд меорад, таъин карда шавад;
4)мушовирон (аз ҷумла коршиносон ва дигар кормандон ва зермушовирони онҳо), ки бо яке аз кормандони ташкилоти харидор, идораи иҷрокунандаи лоиҳа, гирандаи қисми маблағгузорӣ ё ягон тарафи дигар, ки намояндаи ташкилоти харидор мебошад ё аз номи у амал мекунад, робитаҳои зичи тиҷоратӣ ё хешутаборӣ доранд, наметавонад чунин шартномаро гиранд, агар бархӯрди аз чунин робитаҳо ба вуҷудомада дар ҷараёни интихоб ва иҷрои шартнома ба тарзи ба ташкилоти харидор қобили қабул ҳал кардв нашуда бошад. Ин маҳдудият татбиқ мегардад, агар чунин корманд, ки бо у мушовирон (аз ҷумла коршиносон ва дигар кормандон ва зермушовирони онҳо) робитаҳои зичи тиҷоратӣ ё хешутаборӣ дорад, мустақиман ё ғайримустақим дар ҳама гуна қисмҳои зерин ҷалб карда шудааст:
-омода намудани супориши техникӣ барои иҷрои супориш;
-расмиёти интихоби мушовир барои иҷрои шартнома;
-назорати иҷрои шартнома.
§4. Муқаррароти умумӣ дар бораи тахассус
100.Ташкилотҳои харидор дар доираи арзёбии маълумоти тахассусии иштирокдори озмун таҷрибаи умумӣ ва махсуси иштирокдори озмун ва аз ҷониби он иҷро намудани шартномаҳои хариди аз рӯйи хусусият ва арзиши монанд, аз ҷумла шартномаҳои берун аз низоми хариди давлатиро баррасӣ менамоянд.
101.Арзёбии тахассуси иштирокдори озмун набояд тахассуси ширкатҳои дигари бо иштирокдори озмун алоқаманд, аз қабили ширкатҳои фаръӣ, ширкатҳои модарӣ, филиалҳо ва паймонкорони фаръии он (ба истиснои паймонкорони фаръии махсус, агар ин дар ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ ё ҳуҷҷатҳои озмунӣ иҷозат дода шуда бошад) ё ягон ширкати дигарро, ки аз иштирокдори озмуни пешкашнамудаи пешниҳоди ё дархости озмунӣ фарқ мекунад, ба инобат гирад.
102.Талаботи тахассусӣ бояд тавре таҳия карда шаванд, ки ба рақобат монеа нашаванд ва бо ҳадди ақал, ки барои иҷрои қаноатбахши шартномаи харид зарур аст, маҳдуд шаванд.
§5. Талабот барои тасдиқи тахассус
103.Дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ, даъватнома барои иштирок дар интихоби пешакии тахассусӣ, тартиб додани рӯйхати мухтасар ё дархости пешниҳодҳо барои хизматрасониҳои машваратӣ, талабот оид ба ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки иштирокдори озмун бояд барои тасдиқи тахассуси талабшаванда пешниҳод намояд, бояд аниқ баён карда шаванд. Иштирокдори озмун барои пешниҳоди ҳама ҳуҷҷатҳо, агар онҳо ба ташкилоти харидор мутобиқи банди 92 Қоидаҳои мазкур дастрас набошанд, уҳдадор мебошад.
104.Дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ метавонад талабот дар бораи он, ки иштирокдорони озмун ташкилоти харидорро барои гирифтани иттилоот аз бонкҳои хизматрасони иштирокдорони озмун ваколатдор менамоянд, муқаррар карда шавад.
105.Дар мавриди ширкати хориҷӣ ташкилоти харидор метавонад аз намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ё аз дигар манбаъҳои боэътимод тасдиқи маълумоти тахассусии таҳвилгар (паймонкор)-ро дархост намояд.
§6. Тахассуси паймонкорони фаръӣ
106.Дар сурати иҷозат додани пудрати қисми муайяни кор то ҳиссаи муайяни ниҳоӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишон дода мешавад, иштирокдори озмун бояд ҳиссаи шартномаеро, ки иштирокдори озмун нияти ба пудрат доданро дорад, нишон диҳад. Агар ҳиссаи корҳое, ки иштирокдори озмун барои пудрат пешниҳод кардааст, аз ҳиссаи муайяни ҳадди ақали ҳаҷми умумии кор, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишон дода мешавад, зиёд бошад, иштирокдори озмун бояд нишон диҳад, ки паймонкори фаръӣ барои иҷрои чунин корҳои пудратӣ таҷрибаи дахлдор дорад ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод кунад.
107.Ташкилоти харидор аз иштирокдорони озмун талаб мекунад, ки ба он иттилоот ва ҳуҷҷатҳоро дар бораи тахассуси ҳамаи паймонкорони асосии фаръӣ, ки ба иҷрои шартномаи харид ҷалб карда мешаванд, пешниҳод намоянд. Ташкилоти харидор метавонад тахассуси паймонкорони асосии фаръиро бевосита, агар нақши онҳоро муҳим шуморад, муайян кунад ва барои асосноккунии чунин қарори худ уҳдадор намебошад.
§7. Иштироки гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон)
108.Таҳвилгар (паймонкори)-и эҳтимолӣ метавонанд дар ҳайати танҳо як гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) дар харид иштирок намояд. Ҳуҷҷатҳои озмунӣ метавонанд миқдори аъзои гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон)-ро маҳдуд созанд.
109.Дар марҳалаи пешниҳод намудани пешниҳодҳо ё дархостҳои озмунӣ аризаи расмӣ дар шакли мактуб бо изҳори нияти гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) оид ба бастани созишномаи расмӣ байни тарафҳо, агар ба гурӯҳ шартномаи харид вобаста карда шавад, кифоя мебошад. Аризаи расмӣ бояд аз ҷониби ҳамаи тарафҳои гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) имзо карда шавад.
110.Агар яке аз тарафҳо дар гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон), ки ба сифати иштирокдори озмун баромад мекунад, ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок мувофиқат накунад, тамоми гурӯҳ ба талабот мувофиқатнакунанда эътироф карда мешавад.
111.Агар таъминоти пешниҳоди озмунӣ ё эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ талаб карда шавад, он бояд тавре пешкаш гардад, ки ҳамаи аъзои гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон)-ро пурра уҳдадор намояд.
112.Дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишон дода мешавад, ки гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) аъзои пешсафи дорои салоҳияти бо уҳдадориҳо вобаста намудани гурӯҳро таъин намуда, аъзои пешсаф ҳангоми бастани шартномаи харид таъиноти худро бо пешкаш намудани ваколатнома аз аъзои дигари гурӯҳ ба номи аъзои пешсафи гурӯҳ ба ташкилоти харидор тасдиқ мекунад.
113.Дар ҳолатҳои дахлдор ҳуҷҷатҳои озмунӣ талаб мекунанд, ки дар пешниҳоди озмунии аз ҷониби гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) пешкашгардида қисми дахлдори шартномаи харид, ки аз тарафи ҳар аъзои гурӯҳ иҷро мегардад, нишон дода шавад ва тахассуси ҳар аъзои гурӯҳ ҳангоми гузаронидани интихоби пешакӣ ва ё минбаъдаи тахассусӣ танҳо дар робита бо саҳми мувофиқи у мавриди арзёбӣ қарор дода мешаванд. Дар ин ҳолат, уҳдадориҳои ҳар аъзои гурӯҳ наметавонанд бе розигии пешакии хаттии ташкилоти харидор ба таври назаррас тағйир дода шаванд.
§8. Меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок ва талаботи тахассусӣ ба гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон)
114.Дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ ё ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ бояд нишон дода шавад, ки ба кадом меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок ва талаботи тахассусӣ ҳар як аъзо ё як аъзои гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) дар алоҳидагӣ ва гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) дар маҷмуъ бояд мутобиқат кунад.
115.Намудҳои меъёрҳо ва талабот, ки одатан ба онҳо ҳар як аъзо ё як аъзои гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) дар алоҳидагӣ ва гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) дар маҷмуъ бояд ҷавобгӯ бошанд, метавонад баъзе ё ҳамаи меъёр ва талаботи зерин ё ҳама гуна талаботи дигареро, ки барои хариди мушаххас заруранд, дар бар гирад:
-сохтор ва вазъи ҳуқуқии иштирокдори озмун;
-бархӯрди манфиатҳо;
-меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок;
-таърихи иҷро нагардидани шартномаҳо;
-мурофиаи судии дар пеш истода;
-таърихи мурофиаҳои судӣ;
-имкониятҳои молиявӣ, аз ҷумла мавҷудият ё дастрасӣ ба дороиҳои озоди пардохтпазир, дороиҳои воқеии бидуни уҳдадорӣ, хатти қарзӣ ва воситаҳои молиявии дигар барои қонеъ намудани талабот ба гардиши маблағ, инчунин устувории молиявӣ (ҳисоботи молиявӣ барои давраи муайяни вақт);
-муомилоти миёнаи солона таҳвил мол ё иҷрои кор ё хизматрасонӣ;
-таҷрибаи умумии таҳвили мол ё иҷрои кор ё хизматрасонӣ;
-таҷрибаи махсус дар соҳаи корҳои сохтмонӣ ва идоракунии шартномаҳо ё таҳвил;
-таъминоти кадрӣ;
-муҷҷаҳазгардонии техникӣ.
116.Ҳуҷҷатҳои озмунӣ бояд намудҳои талабот, меъёрҳо ва расмиёти арзёбии мутобиқати гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок ва талаботи тахассусӣ, инчунин талаботи тахассусии ҳадди ақалро нисбат ба аъзои пешсафи гурӯҳ ифшо кунанд.
§9. Талаботи тахассусӣ ба таҳвилгарони мол ва хизматрасониҳои ғайримашваратӣ
117.Дар мавриди хариди мол ва хизматрасониҳои ғайримашваратӣ, талаботи тахассусӣ бояд таҷрибаи таҳвили мол ё иҷрои хизматрасониҳои ғайримашваратӣ, имкониятҳои молиявӣ, таърихи иҷро нагардидани шартномаҳо ва мурофиаҳои судӣ ва агар инро хусусияти харид талаб кунад, талаботи тахассусии дигарро, аз ҷумла нисбати салоҳияти техникӣ (таъминоти кадрӣ ва муҷҷаҳазгардонии техникӣ) дар бар гирад.
118.Дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ аз иштирокдорони озмун, вобаста ба ҳолатҳои дар банди 117 Қоидаҳои мазкур нишондодашуда, пешниҳоди иттилооти зерин озмун талаб карда мешавад:
-таҷрибаи умумии таҳвили мол ё иҷрои хизматрасониҳои ғайримашваратӣ дар давраи муайяни вақти дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишондодашуда, бо нишон додани арзиши умумӣ, арзиши ҳар таҳвил, номгуй ва баҳрабарандагони давлатӣ ва хусусӣ, бо нишон додани анҷом додани онҳо ба таври бояду шояд;
-таҷрибаи таҳвили молҳои монанд ё иҷрои хизматрасониҳои ғайримашваратии монанд дар давраи муайяни вақти дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишондодашуда, бо нишон додани арзиши умумӣ, арзиши ҳар таҳвил, номгуй ва баҳрабарандагони давлатӣ ва хусусӣ, бо нишон додани анҷом додани онҳо ба таври бояду шояд;
-гардиши миёнаи солона, аз ҷумла бо ҳиссаи иштирок дар гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон);
-мавҷудият ё имконияти ҷалби кормандони соҳибихтисос барои мансабҳои калидие, ки барои иҷрои шартнома зарур мебошанд;
-мавҷудият ё дастрасӣ (тавассути иҷора, лизинг, созишнома оид ба харид, пудрат ё воситаҳои дигари тиҷоратӣ) ба таҷҳизоти калидӣ барои истифода дар доираи шартномаи пешниҳодшаванда;
-ҳиссаи шартнома, ки иштирокдори озмун эҳтимолан ният дорад ба пудрат вогузор намояд;
-таърихи иҷро нагардидани шартномаҳо;
-мурофиаҳои судии гузашта, ҷорӣ ва натиҷаҳои баррасии онҳо.
119.Агар молҳои таҳвилшаванда мураккаб ё истисноӣ бошанд ва иштирокдори озмун ба ташкилоти харидор номаълум бошад, дархости иттилоот дар робита ба имкониятҳои истеҳсолии иштирокдори озмун ё истеҳсолкунанда аз ҷониби ташкилоти харидор ё аз номи ташкилоти харидор аз ҷониби муассисаи салоҳиятдори расмии мамлакат ё ҳудуд (минтақа), ки дар он иштирокдори озмун ё истеҳсолкунанда таъсис ёфтааст, гузаронида мешавад.
120.Агар иштирокдори озмун мутобиқи шартнома таҳвили молро, ки у истеҳсол ё бо тариқи дигар тайёр накардааст, пешниҳод намояд, ташкилоти харидор метавонад аз иштирокдори озмун талаб намояд, ки мактуби ваколатдиҳандаи истеҳсолкунандаро пешниҳод кунад. Чунин мактуб бояд иштирокдори озмунро, вобаста ба талабот, ҷиҳати иштирок дар озмун, таҳвил, васлу насб, ба кор андохтан, хизматарасонии кафолатӣ ва дастгирии техникии баъдикафолатии мол ба таври зарурӣ ваколатдор намояд.
121.Агар иштирокдори озмун дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро пеш набарад, ташкилоти харидор метавонад аз иштирокдори озмун талаб намояд, ки уро дар сурати вобастакунии шартнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон агент намояндагӣ намояд. Агент бояд дорои қобилияти иҷрои уҳдадориҳо оид ба хизматрасонии техникӣ, таъмир ва нигоҳдории қисмҳои эҳтиётӣ бошад, агар уҳдадориҳои мазкур бо ҳуҷҷатҳои озмунӣ ё шартномаи харид пешбинӣ карда шудаанд.
§10. Талаботи тахассусӣ нисбати паймонкорон
122.Дар мавриди кор талаботи тахассусӣ бояд имкониятҳои касбӣ, техникӣ, кадрӣ ва молиявӣ, инчунин таърихи иҷро нагардидани шартномаҳо ва мурофиаҳои судиро дар бар гирад.
123.Дар ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ, агар он гузаронида шавад ё дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ аз иштирокдорони озмун пешниҳоди иттилооти зерин талаб карда мешавад:
-таҷрибаи умумӣ, аз ҷумла оид ба иҷрои кор ба сифати паймонкор, аъзои гурӯҳи паймонкорон ё паймонкори фаръӣ дар муддати давраи дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишондодашуда бо нишон додани арзиш, сана, фармоишгар, маҳалли ҷойгиршавии кор ва анҷом додани онҳо ба таври бояду шояд;
-таҷрибаи махсус, аз ҷумла оид ба иҷрои корҳои монанд ба сифати паймонкор, аъзои гурӯҳи паймонкорон ё паймонкори фаръӣ дар муддати давраи дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишондодашуда бо нишон додани арзиш, сана, фармоишгар, маҳалли ҷойгиршавии кор ва анҷом додани онҳо ба таври бояду шояд;
-гардиши миёнаи солона, аз ҷумла бо ҳиссаи иштирок дар гурӯҳи паймонкорон;
-мавҷудият ё дастрасӣ ба дороиҳои озоди пардохтпазир, дороиҳои воқеии бидуни уҳдадорӣ, хатҳои қарзӣ ва воситаҳои молиявии дигар (новобаста аз пешпардохт аз рӯйи шартнома), ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷот ба воситаҳои пулӣ барои иҷрои кор аз рӯйи шартномаи мазкур дар сурати таъхири пардохт ва барои корҳои нотамом аз рӯйи шартномаҳои дигар ва уҳдадориҳои оянда кофӣ мебошанд;
-мавҷудият ё имконияти ҷалби кормандони соҳибихтисос барои мансабҳои калидие, ки барои иҷрои шартнома зарур мебошанд;
-мавҷудият ё дастрасӣ (тавассути иҷора, лизинг, созишнома оид ба харид, пудрат ё воситаҳои дигари тиҷоратӣ) ба таҷҳизоти калидӣ барои истифода дар доираи шартномаи пешниҳодшаванда;
-таърихи иҷро нагардидани шартномаҳо;
-мурофиаҳои судии гузашта, ҷорӣ ва натиҷаҳои баррасии онҳо;
-ҳиссаи шартнома, ки иштирокдори озмун эҳтимолан ният дорад ба пудрат вогузор намояд.
§11. Талаботи тахассусӣ нисбати хизматрасониҳои машваратӣ
124.Дар мавриди хизматрасониҳои машваратӣ, талаботи тахассусӣ бояд дараҷаи таълим ва таҷрибаи амалии кормандони асосӣ, таҷрибаи ширкат ва натиҷаҳои фаъолияти гузаштаро дар бар гирад.
125.Дар ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ, агар он гузаронида шавад ё дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ аз иштирокдорони озмун, вобаста аз хусусият, ҳаҷм ё аҳамияти хизматрасонии машваратӣ, пешниҳоди иттилооти зерин талаб карда мешавад:
-номгӯйи хизматрасониҳои асосии дорои ҳаҷм ва хусусияти монанд дар се соли охир ё давраи дигаре, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ пешбинӣ шудаанд, бо нишон додани ҳаҷм, сана ва баҳрабарандагони давлатӣ ва хусусӣ, якҷо бо тасдиқи қаноатбахшии хизматрасониҳои расонидашуда;
-нишон додани ҳиссаи шартнома, ки иштирокдори озмун эҳтимолан ният дорад ба пудрат вогузор намояд;
-рӯйхати кормандони асосӣ дар якҷоягӣ бо тавсифи мухтасари тахассуси онҳо, ки метавонанд барои иҷрои супориш пешниҳод карда шаванд.
§12. Иттилоот оид ба вазъи иқтисодӣ ва молиявии иштирокдорони озмун барои таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ
126.Ҳуҷҷатҳое, ки вазъи иқтисодӣ ва молиявии иштирокдорони озмунро тасдиқ мекунанд, метавонанд вобаста ба навъи харид инҳоро дар бар гиранд:
-ҳисоботи молиявӣ ё иқтибос аз он, ки ба фаъолияти иқтисодии иштирокдори озмун рабт дорад, аз ҷумла ҳисобот оид ба уҳдадориҳо ва дороиҳо, фоида ва зарар;
-маълумотномаи дахлдор аз бонкҳое, ки дар онҳо ба иштирокдори озмун хизмат мерасонанд;
-маълумоти дигар, агар намудҳои дар боло зикргардидаи иттилоот барои арзёбии вазъи иқтисодӣ ва молиявии иштирокдори озмун муносиб ё дастрас набошанд.
127.Иштирокдори озмун, ки соҳибкори инфиродӣ мебошад, барои тасдиқи вазъи иқтисодӣ ва молиявӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки бо қонунгузории андоз ё қонунгузории дигар пешбинӣ карда шудааст, пешниҳод менамояд.
§13. Интихоб байни расмиёти интихоби пешакӣ ва минбаъдаи тахассусӣ
128.Ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад расмиёти интихоби пешакӣ ё минбаъдаи тахассусиро истифода барад. Азбаски ҳангоми истифодаи интихоби пешакии тахассусӣ маҳакҳои тахассусӣ на дар асоси муқоиса, балки аз рӯйи принсипи қобили қабул/ғайри қобили қабул истифода мешаванд ва ҳамаи довталабони ба талабот мувофиқаткунанда бояд аз интихоби тахассусӣ гузаранд, расмиёти интихоби пешакии тахассусӣ дар тавофут ба расмиёти тартибдиҳии рӯйхати мухтасар барои маҳдудкунии шумораи довталабоне, ки дар расмиёти харид иштирок мекунанд, истифода намешавад.
129.Истифодаи расмиёти интихоби пешакии тахассусӣ одатан барои шартномаҳои калон ё мураккаб оид ба иҷрои кор ва ҳолатҳои дигари хариди дорои арзиши махсусан баланд ё мураккаб, ба монанди таҷҳизоти фармоишӣ, дастгоҳҳои саноатӣ, хизматрасониҳои махсус, баъзе технологияҳои мураккаби иттилоотӣ, шартномаҳои таҳти уҳдадориҳои муштарак басташаванда (аз он ҷумла таҳти калид), лоиҳакашӣ ва сохтмон ё идоракунӣ, ки дар доираи онҳо хароҷоти баланд барои таҳияи пешниҳодҳои муфассал метавонанд ба рақобат монеагӣ кунанд, тавсия дода мешавад. Дар доираи расмиёти интихоби пешакии тахассусӣ барои пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ танҳо он иштирокдорони озмун, ки ба талаботи тахассусии ҳадди ақали дар ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд, роҳ дода мешаванд.
§14. Арзёбии дархостҳо барои интихоби пешакии тахассусӣ
130.Мутобиқи меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок, талаботи тахассусӣ ва маҳакҳои арзёбӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ муайян карда шудаанд, барои арзёбии дархостҳо ҷиҳати муайян намудани тахассус принсипи қобили қабул/ғайри қобили қабул истифода карда мешавад. Талабот, вобаста ба хусусият ва ҳаҷми харид, ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:
-пуррагӣ ва аслии ҳуҷҷатҳо;
-мувофиқат ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок;
-талабот ба гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) (айнияткунонии дуруст ва тасдиқи ваколатҳои аъзои пешсаф, нусхаи созишнома дар бораи гурӯҳ ё аризаи расмӣ дар бораи нияти таъсиси гурӯҳ, ки аз ҷониби ҳамаи аъзо имзо шудааст);
-мувофиқ будани тахассуси паймонкорони фаръӣ, агар мавҷуд бошанд;
-таҷрибаи умумӣ (гардиши миёнаи солона барои давраи дарҷшудаи вақт);
-таҷрибаи махсус, аз ҷумла таҷрибаи иҷрои бомуваффақи шартномаҳои монанд, суръати анҷомдиҳии намудҳои асосии кор, ки барои иҷрои ҷадвали тахминӣ зарур мебошанд;
-имкониятҳои молиявӣ;
-имкониятҳои кадрӣ;
-муҷҷаҳазгардонии техникӣ;
-таърихи мурофиаҳои судӣ.
131.Ташкилоти харидор ҳисоботи ҷамъбастиро оид ба арзёбӣ таҳия намуда, дар он бояд ҳар яке аз маҳакҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ баён шудаанд, баррасӣ гарданд. Ҳисоботи ҷамъбастӣ бояд замимаҳо ва ҷадвалҳоро барои тавзеҳоти ҷузъиёти арзёбии инфиродии довталабон, аз он ҷумла онҳое, ки аз интихоби пешакии тахассусӣ нагузаштанд, дар бар гирад. Дар ҳолати зарурӣ, бояд истинод ба муқаррароти дахлдори ҳуҷҷатҳои интихоби пешакии тахассусӣ дода мешавад. Инчунин мутобиқати довталабон ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок, аз ҷумла бо дар назар доштани маҳдудсозии ҳуқуқи иштирок дар харид, агар мутобиқи Қонун муқаррар карда шавад, бояд мавриди арзёбӣ қарор дода шавад.
132.Дар ҳисоботи ҷамъбастӣ махсусан бояд довталабоне, ки дар гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) иштирок мекунанд, дар робита ба пуррагии ҳуҷҷатҳои онҳо, аз ҷумла муқаррарот оид ба тақсимоти вазифаҳо ва масъулияти аъзои гурӯҳ қайд карда шаванд.
133.Агар интихоби пешакии тахассусӣ талаботи ҷудокунӣ ва бастабандиро дар бар гирад, дар ҳисоботи ҷамъбастӣ бояд расмиёти ҳангоми арзёбӣ истифодашуда ва арзиши умумии шартномае, ки аз рӯйи он ташкилоти харидор довталабонро аз интихоби пешакии тахассусӣ гузашта ҳисоб мекунад, нишон дода шавад.
134.Дар огоҳинома оид ба натиҷаҳои интихоби пешакии тахассусӣ, довталабоне, ки аз интихоби пешакии тахассусӣ гузаштаанд, дар бораи шартҳои ба даст овардани ҳуҷҷатҳои озмунӣ, муҳлати пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ ва сана, вақт ва ҷойи кушодани онҳо хабардор карда мешаванд.
135.Ташкилоти харидор на дертар аз 3 (се) рӯзи кории баъди анҷом додани расмиёти интихоби пешакии тахассусӣ номи ҳамаи довталабонеро, ки аз интихоби пешакии тахассусӣ гузаштанд, дар манбаҳои иттилоотие, ки дар онҳо даъватнома барои иштирок дар интихоби пешакии тахассусӣ нашр гардид, интишор менамояд.
§15. Расмиёти интихоби минбаъдаи тахассусӣ
136.Дар ҳолати нагузаронидани интихоби пешакии тахассусӣ, ташкилоти харидор муайян мекунад, ки то кадом дараҷа иштирокдори озмуни пешниҳоди озмунии беҳтарин пешкашнамуда барои иҷрои қаноатбахши шартнома мутобиқи маҳакҳои дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ пешбинигардида тахассуснок мебошад. Муайян кардани тахассуснокӣ бояд ба омӯзиши ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки аз ҷониби иштирокдори озмун мутобиқи талаботи муқарраршудаи ҳуҷҷатҳои озмунӣ пешниҳод шудаанд, асос ёбад.
137.Агар дар доираи расмиёти харид расмиёти интихоби пешакии тахассусӣ гузаронида шуда бошад ва ташкилоти харидор арзёбии онро, ки иштирокдори интихобшуда то ҳол ба талаботи тахассусӣ мувофиқат мекунад, мувофиқи мақсад шуморад, расмиёти интихоби минбаъдаи тахассусӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани расмиёти интихоби минбаъдаи тахассусӣ набояд маҳакҳои нави интихоби тахассусие, ки аз маҳакҳои тахассусии ҳангоми гузаронидани интихоби пешакии тахассусӣ татбиқшуда фарқкунанда мебошанд, муқаррар карда шаванд.
6. МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ АНҶОМ ДОДАНИ ХАРИД
§1. Вохӯрии пешакӣ бо таҳвилгарон ва паймонкорон
138.Ташкилоти харидор метавонад вохӯрии пешакиро бо иштирокдорони озмун бо мақсади ба онҳо тавзеҳ додани ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва пешниҳоди посух ба саволҳои онҳо ташкил намояд.
139.Гузаронидани вохӯрии пешакӣ дар марҳилаи ибтидоии баъди додани эълон ё тақсими ҳуҷҷатҳои озмунӣ тавсия дода шавад, то ин, ки иштирокдорони озмун ҳангоми таҳияи пешниҳодҳои озмунии худ тавонанд маълумоти дар вохӯрии пешакӣ гирифташударо ба инобат гиранд.
§2. Сафар ба иншоот ва ё боздиди ҳудуди иншоот
140.Дар мавриди лоиҳаҳои бузург дар соҳаи сохтмон, хизматрасонӣ ё саноат ташкилоти харидор метавонад сафар ба иншоот ва ё боздиди ҳудуди иншоотро ташкил кунад, агар ин ба дарки ҳолати воқеӣ дар иншоот аз ҷониби иштирокдорони озмун мусоидат кунад. Сафар ба иншоот ва ё боздиди ҳудуди иншоот метавонад пеш аз вохӯрии пешакӣ ё баробари он гузаронида шавад.
141.Хароҷоти марбут ба сафар ба иншоот ва ё боздиди ҳудуди иншоот ба уҳдаи иштирокдори озмун вогузор карда мешавад.
§3. Баргардонидани намунаҳо
142.Агар арзиши намунаҳо аз маблағи ба 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои соли дахлдор муқаррар намудааст, зиёд бошад, ҳама гуна намунаҳои дархостшуда, ки ҳангоми озмоишҳо нобуд ё вайрон карда нашудаанд, бояд ба иштирокдорони дахлдори озмун бо дархости хаттӣ ва аз ҳисоби онҳо, бо дар назар доштани арзиши баргардонӣ ва бастабандии он баргардонида шаванд. Дар ҳама ҳолатҳо иштирокдори озмун ҳуқуқи талаб кардани баргардонидани намунаҳоро баъди гузашти 60 (шаст) рӯзи тақвимии аз санаи огоҳинома оид ба нияти вобастакунии шартнома аз даст медиҳад.
143.Намунаҳое, ки дар робита ба пешниҳоди озмунии ғолиб тасдиқ шудаанд, дар ташкилоти харидор бо мақсади муқоиса бо молҳои таҳвилшуда то иҷрои уҳдадориҳои таҳвилгар (паймонкор) аз рӯйи шартномаи харид нигоҳ дошта мешаванд.
§4. Талобот оид ба ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ
144.Ташкилоти харидор ҳангоми гузаронидани харид ба таҳвилгарон (паймонкорон) талаботи ба ҳимояи маълумоти дорои сирри давлатӣ равонагардида, ки аз ҷониби онҳо дар тамоми ҷараёни озмун, аз ҷумла ҳангоми бастан, иҷро ва баъди иҷрои шартномаҳо интиқол дода мешавад, муқаррар менамояд. Дар чунин ҳолатҳо, ташкилоти харидор аз таҳвилгарон (паймонкорон) таъмин намудани риояи чунин талаботро аз ҷониби паймонкорони фаръии онҳо низ талаб мекунанд. Ташкилоти харидор дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар (огоҳиномаҳо оид ба нияти вобастакунии шартнома, ҳуҷҷатҳои шартномавӣ, ҳуҷҷатҳои тавсифдиҳанда ё ҳуҷҷатҳои ҳамроҳӣ) чораҳо ва талаботро барои дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ зикр мекунад. Бо ин мақсад дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар талабот пешбинӣ карда мешавад, ки пешниҳодҳои озмунӣ бояд ҷанбаҳои зеринро дар бар гиранд:
-уҳдадории иштирокдори озмун ва паймонкорони фаръии аллакай муайяншуда ҷиҳати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз намудани махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ, ки дар ихтиёри онҳо мебошад ё дар давоми тамоми муҳлати эътибори шартнома ва пас аз қатъ ё анҷом додани шартнома ба онҳо ворид дода мешавад;
-маълумоти кофӣ дар бораи паймонкорони фаръии аллакай муайяншуда, ки ба ташкилоти харидор имкон медиҳад имкониятҳои зарурии ҳар кадоми онро ҷиҳати тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ муайян кунад;
-уҳдадории иштирокдори озмун оид ба гирифтани уҳдадории дар сархати якуми банди мазкур пешбинишуда аз паймонкорони фаръии дигар, ки дар рафти иҷрои шартнома бо онҳо шартномаҳои пудрат мебандад;
-уҳдадории иштирокдори озмун то бастани шартномаи пудрат пешниҳод намудани маълумот, ки тибқи сархати дуюми банди мазкур талаб карда мешавад, оид ба ҳар гуна паймонкори нави фаръӣ.
145.Ташкилоти харидор метавонад шартҳои махсуси иҷрои шартномаи харидро, ки ба таъмини махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ алоқаманданд, ба шарте, ки онҳо дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар нишон дода шуда бошанд, муқаррар намояд. Агар шартномаи харид ба таҳвилгар (паймонкор) дастрасиро ба маълумоти дорои сирри давлатӣ фароҳам орад:
-ташкилоти харидор ба таҳвилгар (паймонкор) дар бораи мақоми махсуси шартнома ё қисмҳои он хабар медиҳад;
-таҳвилгар (паймонкор) то оғози иҷрои шартнома чораҳои мунтазам ва ташкилии заруриро барои таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ меандешад;
-таҳвилгар (паймонкор) тибқи талаботи махфияти маълумоти дорои сирри давлатӣ, ки дар шартнома дар бар гирифта шудаанд, махфият ва нигоҳдории ҳамаи унсурҳои махфии шартномаро таъмин менамояд ва инчунин риояи талаботи мазкурро дар дохили ташкилоти худ таъмин мекунад.
7. РАСМИЁТИ ХАРИДИ МОЛ, КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ҒАЙРИМАШВАРАТӢ
§1. Интишори эълон (даъватнома) оид ба ҷалби пешниҳод ва дархости озмунӣ
146.Агар расмиёти харид дар портали ягона анҷом дода шавад, эълон (даъватнома) оид ба иштирок дар озмун ё интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани рӯйхати мухтасар дар портали ягона ва дар мавриди зарурат инчунин дар нашрияи чопӣ ва ё дигар воситаҳои паҳни иттилоот интишор мегардад.
147.Агар расмиёти харид дар портали ягона анҷом дода нашавад, эълон (даъватнома) оид ба иштирок дар озмун ё интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани руйхати мухтасар дар нашрияи чопӣ ва ё дигар воситаҳои паҳни иттилоот дар асоси шартномаҳои дахлдори солона ва яквақта оид ба хизматрасониҳо ё ҳисоби барои пардохт пешниҳодшуда интишор мегардад.
148.Ташкилоти харидор дар эълон (даъватнома) оид ба иштирок дар озмун ё интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани руйхати мухтасар дар бораи усули истифодашавандаи харид хабар медиҳад.
§2. Муҳлатҳои камтарини ҷалби пешниҳод ва дархости озмунӣ
149.Ҳангоми анҷом додани расмиёти харид дар портали ягона, муҳлатҳои камтарин барои таҳия ва пешкаш намудани пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ баъди рӯзи интишори эълон (даъватнома) оид ба иштирок дар озмун ё интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани руйхати мухтасар дар портали ягона ташкил медиҳанд:
-барои озмуни кушод – 10 рӯзи тақвимӣ;
-барои озмуни думарҳилавӣ - 10 рӯзи тақвимӣ барои марҳилаи якум ва 10 рӯзи тақвимӣ барои марҳилаи дуюм;
-барои дархости нархномаҳо - 5 рӯзи тақвимӣ;
-барои дархости пешниҳодҳо барои хизматрасониҳои машваратӣ – 21 рӯзи тақвимӣ;
-барои музокироти рақобатӣ (дар мавриди ҷалби аввалини пешниҳодҳои озмунӣ) - 10 рӯзи тақвимӣ;
-барои музоядаи электронии баръакс (реверсӣ) - 10 рӯзи тақвимӣ ҳангоми истифода ба сифати усули алоҳидаи харид ва 3 рӯзи тақвимӣ ҳангоми истифода ба сифати марҳилаи ниҳоӣ дар мавриди татбиқи усули озмунии харид;
-барои интихоби пешакии тахассусӣ - 14 рӯзи тақвимӣ;
-барои тартиб додани руйхати мухтасар - 14 рӯзи тақвимӣ.
150.Ҳангоми анҷом додани расмиёти харид берун аз портали ягона, муҳлатҳои камтарин барои таҳия ва пешкаш намудани пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ баъди рӯзи интишори эълон (даъватнома) оид ба иштирок дар озмун ё интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани руйхати мухтасар ташкил медиҳанд:
-барои озмуни кушод – 21 рӯзи тақвимӣ;
-барои озмуни думарҳилавӣ - 21 рӯзи тақвимӣ барои марҳилаи якум ва 21 рӯзи тақвимӣ барои марҳилаи дуюм;
-барои дархости нархномаҳо - 10 рӯзи тақвимӣ;
-барои дархости пешниҳодҳо барои хизматрасониҳои машваратӣ – 30 рӯзи тақвимӣ;
-барои музокироти рақобатӣ (дар мавриди ҷалби аввалини пешниҳодҳои озмунӣ) - 14 рӯзи тақвимӣ;
-барои интихоби пешакии тахассусӣ - 21 рӯзи тақвимӣ;
-барои тартиб додани руйхати мухтасар - 21 рӯзи тақвимӣ.
151.Дар ҳолатҳои истисноӣ барои харидҳои алоҳида муҳлатҳои камтарин барои таҳия ва пешкаш намудани пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ, ки дар бандҳои 149 ва 150 Қоидаҳои мазкур муқаррар карда шудаанд, метавонанд бо фармоиши мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси дархости асосноки ташкилоти харидор, ки изҳороти асоси воқеиро барои кам кардани муҳлати камтарин дар бар мегирад, кам карда шаванд.
152.Агар то сипари шудани соли молиявӣ шумораи ками рӯзҳо боқӣ монад, муҳлатҳои камтарин барои таҳия ва пешкаш намудани пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ барои ташкилотҳои буҷетӣ бо фармоиши мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд. Ҳангоми истифодаи усули музокироти рақобатӣ, муҳлатҳои камтарин барои манзур намудани пешниҳодҳои фосилавӣ ва ё ниҳоӣ вобаста ба эҳтиёҷоти ташкилоти харидор ва вақти тахминӣ, ки барои иштирокдорони озмун барои таҳия ва манзур намудани онҳо зарур мебошад, вале на камтар аз 3 (се) рӯзи корӣ муқаррар карда мешаванд.
§3. Таҳия намудани ҳуҷҷатҳои озмунӣ
153.Ташкилотҳои харидор зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои озмунӣ бояд ҳуҷҷатҳои стандартии озмунии дахлдори тибқи тартиби муқаррашуда тасдиқшударо истифода намоянд. Маълумот ба хариди мушаххас марбут бояд дар ҷойҳои барои он пешбинишуда ворид карда шавад.
154.Ҳуҷҷатҳои озмунӣ бояд дар бораи ҳар гуна маҳдудиятҳо ҷиҳати иштирок дар харид ба мақсадҳои рушди устувор ва иҷтимоӣ, инчунин маҳдудиятҳое, ки дар мавриди кишвари асл бо сабабҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зикргардида ҷорӣ карда мешаванд, хабардор намояд.
§4. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои озмунӣ
155.Агар бо Қонун, Қоидаҳои мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ташкилоти харидор ба ҳамаи иштирокдорони эҳтимолии озмун, аз ҷумла онҳое, ки ба даъватнома барои иштирок дар озмун ҷавоб додаанд, ё ба ҳамаи иштирокдорони эҳтимолии озмун, ки мутобиқи расмиёти интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани руйхати мухтасар интихоб карда шудаанд, ҳуҷҷатҳои озмуниро пешниҳод менамояд.
156.Ташкилоти харидор бояд дастрасии ҳамаи иштирокдорони манфиатдори озмунро ба ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ҳуҷҷатҳо барои интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани руйхати мухтасар таъмин намояд.
157.Иштирокдорони озмун маблағ барои ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва ҳуҷҷатҳо барои интихоби пешакии тахассусиро ба андозае, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, пардохт менамоянд.
158.Маълумот дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва ҳуҷҷатҳо барои интихоби пешакии тахассусӣ ва пешкаш намудани пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ сабт карда мешаванд.
§5. Талабот ба таъминоти пешниҳоди озмунӣ
159.Агар ташкилоти харидор нияти талаб кардани таъминоти пешниҳоди озмуниро дошта бошад, дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ шакли он нишон дода мешавад. Таъминоти пешниҳоди озмунӣ метавонад дар яке аз шаклҳои зерин пешкаш карда шавад:
-кафолати бонкӣ;
-аккредитив;
-депозит.
160.Дар ҳолати пешкаш намудани таъминоти пешниҳоди озмунӣ аз ҷониби бонки хориҷӣ, кафолати муқобил ё тасдиқ аз ҷониби бонки тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад. Шакли стандартии кафолати бонкӣ дар замимаи 3 ба Қоидаҳои мазкур муқаррар карда мешавад.
161.Агар истифодаи таъминоти пешниҳоди озмунӣ мувофиқи мақсад дониста нашавад, ташкилотҳои харидор метавонанд чунин талаботро бо эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ мутобиқи замимаи 4 ба Қоидаҳои мазкур, ки имзо ва якҷо бо пешниҳодҳои озмунӣ пешкаш мегардад, иваз намоянд.
162.Таъминоти пешниҳоди озмунӣ ба иштирокдорони озмун, ки пешниҳодҳои озмунии онҳо интихоб карда нашудаанд, баргардонида мешавад. Таъминоти пешниҳоди озмунии ғолиби озмун баъди имзои шартномаи харид ва манзур гардидани таъминоти иҷрои шартнома, агар он мутобиқи ҳуҷҷатҳои озмунӣ талаб шуда бошад, баргардонида мешавад.
§6. Муҳлати эътибори пешниҳод ё дархости озмунӣ
163.Ташкилоти харидор дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муҳлатеро, ки дар муддати он пешниҳод ё дархости озмунӣ бояд эътибор дошта бошад, муқаррар менамояд. Муҳлати эътибори пешниҳод ё дархости озмунӣ 28 (бисту ҳашт) рӯзи тақвимӣ муқаррар карда мешавад, вале метавонад барои анҷом додани амалҳои банди 164 Қоидаҳои мазкур бо инобати хусусусияти харид аз муҳлати мазкур зиёдтар муқарарар карда шавад. Пешниҳоди озмуние, ки муҳлати эътибори он аз 28 (бисту ҳашт) рӯзи тақвимӣ ё муҳлати дигари дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишон дода шуда камтар мебошад, аз ҷониби ташкилоти харидор ҳамчун ба талабот ҷавобгӯ набуда рад карда мешавад.
164.Муҳлат барои аз ҷониби ташкилоти харидор анҷом додани омӯзиш, муқоиса ва арзёбии пешниҳод ё дархости озмунӣ ва расмиёти мувофиқа ва тасдиқи қарор, то ин, ки дар давоми ин муҳлат қарор оид ба вобастакунии шартнома ё қарори дигар қабул шуда тавонад, бояд кофӣ бошад.
165.То гузаштани муҳлати эътибори пешниҳодҳои озмунӣ, ташкилоти харидор метавонад бо мақсади анҷом додани амалҳое, ки дар банди 164 Қоидаҳои мазкур нишон дода шудаанд, аз иштирокдорони озмун дархост намояд, ки муҳлати эътибори пешниҳодҳои озмуниро ба давраи иловагии вақт тамдид намоянд. Иштирокдори озмун бо хоҳиши худ метавонад дархостро рад кунад ва чунин радкунӣ ҳамчун бозхонди пешниҳоди озмунӣ ҳисобида мешавад, вале дар чунин ҳолат таъминоти пешниҳоди озмунӣ аз даст дода намешавад ё чораҳои пешбининамудаи эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ татбиқи намегарданд. Иштирокдорони озмун, ки ба тамдиди муҳлати эътибори пешниҳодҳои озмунӣ розӣ мешаванд, бояд инчунин муҳлати эътибори таъминоти пешниҳодҳои озмунии пешкашгардидаашонро тамдид намоянд ё таъминоти пешниҳодҳои озмунии навро ё эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунии навро пешкаш намоянд. Иштирокдори озмун, ки таъминоти пешниҳодҳои озмуниаш тамдид нашудааст ё таъминоти пешниҳодҳои озмунии нав ё эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунии навро пешниҳод накардааст, ҳамчун радкардаи дархости тамдиди муҳлати эътибори пешниҳоди озмунӣ ҳисобида мешавад.
§7. Қабули пешниҳод ва дархости озмунӣ ва муҳофизати онҳо аз дастрасии беиҷозат
166.Ташкилоти харидор нигоҳ доштани тамоми пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунии қабулшуда дар ҷойи бехатаре, ки кушодани тасодуфӣ, дидан ё шиносоии беиҷозатро роҳ намедиҳад, таъмин менамояд. Пешниҳод ё дархостии озмуние, ки бе лифофаи ба таври зарурӣ муҳршуда пешниҳод шудааст, бояд дубора муҳр карда шавад ва дар қуттӣ барои пешниҳодҳо ё дархостҳои озмунӣ ё ҷойи дигари бехатар дар баробари пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунии дигар гузошта шавад.
167.Ҳар гуна намунаҳои пешниҳодшуда бояд тавре махфӣ ва бехатар коркард шаванд, ки набояд ба ифшои хусусиятҳояшон то кушодани лифофаҳои дорои пешниҳодҳо ё дархостҳои озмунӣ оварда расонад.
§8. Баррасии пешакӣ
168.Баъди кушодани пешниҳодҳои озмунӣ баррасии пешакии пешниҳодҳои озмунӣ ҷиҳати гузаронида мешавад. Ҳадафи гузаронидани баррасии пешакӣ муайян намудани он мебошад, ки пешниҳодҳои озмунӣ моҳиятан ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, яъне дар онҳо мухолифати ҷиддӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои озмунӣ нисбат ба худи пешниҳодҳои озмунӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ вуҷуд надорад. Барои ин ҷанбаҳои зерин бояд мавриди омӯзиш қарор дода шаванд:
-имзо шудани пешниҳоди озмунӣ аз ҷониби иштирокдори озмун ё намояндаи ваколатдори он;
-бешарт будани пешниҳоди озмунӣ;
-ҷавобгӯ будани иштирокдори озмун ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок;
-ҷавобгӯ будани пешниҳоди озмунӣ ба талабот нисбат ба муҳлати эътибори пешниҳод ё дархости озмунӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ ё ҳуҷҷатҳо барои интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани рӯйхати мухтасар муқаррар шудааст;
-аз маблағи барои харид ҷудошуда барзиёд набудани нархи пешниҳоди озмунӣ;
-аз ҳама ҷиҳат пурра будан ва фарогирӣ тамоми ҳаҷми талабот будани пешниҳоди озмунӣ;
-агар талаб шуда бошад, пешкаш гардидани таъминоти пешниҳоди озмунӣ дар андоза ва шакли муқарраршуда ё эъломияи имзошуда дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ;
-иштирок накардани иштирокдори озмун дар зиёда аз як пешниҳоди озмунӣ дар алоҳидагӣ ё ҳамчун аъзо дар гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон);
-мавҷудияти бархӯрди манфиатҳои иштирокдори озмун;
-моҳиятан мувофиқат кардани пешниҳоди озмунӣ ба шартҳои шартнома ва талаботи техникии дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқарраршуда;
-пешкаш гардидани пешниҳоди озмунӣ аз ҷониби иштирокдори озмун, ки ташкилоти харидор ба он ҳуҷҷатҳои озмунӣ ё ҳуҷҷатҳо барои интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани рӯйхати мухтасарро манзур кардааст.
169.Агар пешниҳоди озмунӣ ба яке аз маҳакҳои дар боло зикршуда ҷавобгӯ набошад, он бояд рад карда шавад ва аз баррасии минбаъда хориҷ гардад. Пешниҳодҳои озмуние, ки дорои мухолифат ночиз мебошанд, вале метавонанд ба талабот моҳиятан ҷавобгӯ ҳисобида шаванд, бояд ба расмиёти арзёбии муфассали пешниҳодҳо ё дархостҳои озмунӣ дохил карда шаванд.
170.Мухолифати ночиз ин мухлифате мебошанд, ки талаботи дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ пешбинишударо ба таври ҷиддӣ тағйир намедиҳад ё аз онҳо истисно намешаванд ва аз ин рӯ:
-ба сифат ва натиҷаи харид дар шартномаи пешниҳодшаванда таъсири ҷиддӣ намерасонад;
-ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбинишавандаи ташкилоти харидор ё иштирокдори озмун дар шартномаи пешниҳодшаванда таъсири ҷиддӣ намерасонад;
-дар ҳолате, ки онҳо тағйир дода шудаанд ё ба инобат гирифта нашудаанд, шароити рақобатпазириро байни иштирокдорони боқимонда, ки пешниҳодҳои озмунии онҳо ба талаботи муқарраргардида мутобиқати назаррас доранд, вайрон намекунанд.
§9. Ислоҳи хатоҳои риёзӣ
171.Комиссияи озмунӣ бояд ҳар гуна хатоҳои риёзиро ислоҳ намояд. Агар иштирокдори озмун аз ислоҳи хатоҳо даст кашад, пешниҳоди озмунии у рад карда мешавад.
172.Хатоҳои риёзӣ бо мақсади тасҳеҳи нархи пешниҳоди озмунӣ ба таври зерин ислоҳ карда мешаванд:
-агар байни нархи воҳид ва нархи умумии бо роҳи зарб задани нархи воҳид ва миқдор ҳосилшаванда фарқият мавҷуд бошад, нархи воҳид бартарӣ хоҳад дошт, нархи умумӣ бошад, бояд ислоҳ карда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ақидаи ташкилоти харидор дар нархи воҳид нуқтаи даҳӣ баръало нодуруст гузошта шудааст. Дар ин ҳолат маблағи умумии сатр бартарӣ хоҳад дошт ва нархи воҳид бояд ислоҳ карда шавад.
-агар дар маблағи умумӣ хатои марбут ба ҷамъ ва тарҳи ҷамъҳои фосилавӣ роҳ дода шуда бошад, ба ҷамъҳои фосилавӣ бояд бартарӣ дода шавад, маблағи умумӣ бошад, бояд ислоҳ карда шавад.
-агар байни калимаҳо ва рақамҳо фарқият вуҷуд дошта бошад, ҷамъи бо калимаҳо ифодашуда бартарӣ хоҳад дошт, танҳо агар ҷамъи бо калимаҳо ифодашуда ба хатои арифметикӣ рабт надошта бошад, ки дар ин ҳолат ҷамъи бо рақамҳо ифодашудаи бо дар назар доштани сархатҳои болозикри банди мазкур ислоҳшуда бартарӣ хоҳад дошт.
§10. Арзёбии муфассали пешниҳодҳои озмунӣ, ки моҳиятан ба талабот ҷавобгӯ мебошанд
173.Пас аз баррасии пешакии пешниҳодҳои озмунӣ ташкилоти харидор ба арзёбии муфассал ва муқоисаи пешниҳодҳои озмунии дар марҳилаи баррасии пешакӣ раднашуда мегузарад.
174.Ҳама гуна мухолифати ночиз аз рӯйи имконият миқдорӣ муайян карда мешавад ва ба таври муносиб ҳангоми арзёбӣ ва муқоисаи пешниҳодҳои озмунӣ бо роҳи воридкунии тасҳеҳ ба нархҳои пешниҳодҳои озмунӣ, ки танҳо бо мақсади муқоисаи пешниҳодҳои озмунӣ пешбинӣ шудааст ва набояд дар нархи шартномаи харид инъикос гардад, ба инобат гирифта мешавад.
175.Агар нархҳои пешниҳодҳои озмунӣ бо асъорҳои гуногун ифода шуда бошанд, дар ин сурат бо мақсади арзёбӣ ва муқоисаи пешниҳодҳои озмунӣ нархҳои ҳамаи пешниҳодҳои озмунӣ бояд тавре дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ зикр гардад, ки ба асъори ягона мутобиқи қурби асъор, ки дар санаи кушодани лифофаҳои пешниҳодҳои озмунӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ё аз ҷониби бонкҳои марказии мамлакатҳои асъори дахлдор муқаррар карда шудаанд, гузаронида шаванд.
176.Арзёбии муфассали пешниҳодҳои озмунӣ одатан арзёбии ҷанбаҳои техникӣ ва тиҷоратии пешниҳоди озмунӣ, инчунин арзёбии пешниҳоди озмуниро аз рӯйи меъёрҳои рейтингӣ, агар онҳо бо ҳуҷҷатҳои озмунӣ пешбинӣ шуда бошанд, дар бар мегирад. Ҳангоми арзёбии муфассали пешниҳодҳои озмунӣ, ташкилоти харидор арзиши ҳисобшудаи ҳар пешниҳоди озмуниро (дар тавофут ба нархи дар пешниҳоди озмунӣ нишон дода шуда) муайян намуда, баъдан онҳоро ҷиҳати муайян намудани пешниҳоди озмунии дорои арзиши ҳисобшудаи камтарин муқоиса менамояд. Дар ин маврид, ташкилоти харидор танҳо он меъёр ва методологияи арзёбиро, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ баён шудаанд, истифода мебарад.
§11. Тасҳеҳи нархи пешниҳоди озмунӣ дар робита ба мухолифати ночиз
177.Тасҳеҳи пешниҳоди озмунӣ дар робита ба мухолифати ночиз (номувофиқатӣ, камбудӣ, хатоӣ ё носаҳеҳии ночиз) барои таъмини имконияти муқоисаи пешниҳодҳои озмунӣ дар асоси баробар гузаронида мешавад.
178.Ташкилоти харидор тасҳеҳи нархро дар асоси арзёбии оқилонаи хароҷот ё нархи одилонаи мавқе (унсур)-и ихтисоршуда мегузаронад. Дар ҳолати номуайянӣ метавонад нархи миёна, ки дар асоси нархҳои пешниҳодкардаи иштирокдорони озмуни дигари ба талабот ҷавобгӯ ҳисоб карда мешавад, истифода шавад.
179.Тамоми тасҳеҳоти нархҳои пешниҳоди озмунӣ танҳо бо мақсади арзёбӣ аз ҷониби ташкилоти харидор бе ягон машварат бо иштирокдорони озмун нисбати асосноккунии маблағи тасҳеҳ гузаронида мешаванд.
§12. Арзёбии ҷанбаҳои техникӣ ва тиҷоратии пешниҳодҳои озмунӣ
180.Арзёбии муфассали пешниҳодҳои озмунӣ нисбат ба талаботи техникӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ пешбинӣ шудаанд, ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:
-ҳаҷми таҳвили мол, кор ва хизматрасонӣ;
-хусусиятҳои асосии техникӣ ва истифодабарӣ;
-давомнокии муҳлати кафолат;
-ҷадвали сафарбарнамоӣ ва истеҳсолоти корҳои сохтмонӣ.
181.Арзёбии муфассали пешниҳодҳои озмунӣ нисбат ба шартҳои пешниҳодшудаи тиҷоратӣ ҷанбаҳои зеринро дар бар мегирад:
-муҳлати таҳвили мол, кор ва хизматрасонӣ;
-шартҳои пардохт;
-ноустуворӣ;
-уҳдадориҳои кафолатӣ;
-қонунгузории мавриди татбиқ;
-уҳдадориҳо дар мавриди корхонаи саноатӣ;
-ҳама гуна шарти наве, ки иштирокдори озмун ба шартҳои шартнома ворид намудааст ё дар пешниҳоди озмунӣ нишон додааст.
§13. Истифодаи меъёрҳои рейтингӣ ҳангоми арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ
182.Меъёрҳои рейтингӣ барои арзёбии хусусиятҳои ғайринархии пешниҳодҳои озмунӣ, вақте ки интизор меравад, ки бартариятҳои нисбии пешниҳодҳои озмунӣ дар робита бо чунин хусусиятҳо аз як пешниҳод то пешниҳоди дигари озмунӣ фарқ мекунанд, истифода мешаванд. Методологияи истифодаи меъёрҳои рейтингӣ дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишон дода мешавад.
183.Меъёрҳои рейтингӣ метавонанд нисбат ба хусусиятҳои зерини пешниҳодҳои озмунӣ истифода шаванд:
-сифати методология ва нақшаи таҳвили мол, ичрои кор ё хизматрасонӣ;
-хусусиятҳои техникӣ ва истифодабарӣ;
-шартҳои тиҷоратӣ, ба монанди ҷадвали таҳвил ва пардохтҳо;
-арзиши силсилаи ҳаёт;
-хароҷот дар муҳлати хизмат;
-таъминоти муназзам, аз ҷумла мавҷудият ва арзиши ҷузъҳои асосии ивазшаванда ва қисмҳои эҳтиётӣ, хизматрасонии баъдифурӯшӣ;
-арзиши ҳисобшудаи умумии камтарин барои лотҳои омехташуда;
-пешниҳоди озмунии алтернативӣ;
-хусусиятҳои иловагии дигар, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ ворид карда шудаанд.
184.Меъёрҳои рейтингӣ метавонанд инчунин ҳангоми харидҳо ба мақсадҳои рушди устувор ва иҷтимоӣ ва амалисозии сиёсати пешниҳоди имтиёзҳо ба мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ё ҷамъоварӣ карда шудаанд, тавре дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ нишон дода шудааст, истифода шаванд.
§14. Муайян намудани ғолиби озмун
185.Агар меъёрҳои рейтингӣ истифода нашаванд, пешниҳоди озмунии судмандтарин пешниҳоди озмунии иштирокдори озмун мебошад, ки ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок ва талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ буда, он чунин муайян карда шудааст:
-ба талаботи ҳуҷҷатҳои озмунӣ моҳиятан ҷавобгӯ;
-пешниҳоди дорои арзиши ҳисобшудаи камтарин.
186.Ҳангоми истифодаи меъёрҳои рейтингӣ пешниҳоди озмунии судмандтарин он пешниҳоди озмунии иштирокдори озмун мебошад, ки ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок ва талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ буда, он чунин муайян карда шудааст:
-ба талаботи ҳуҷҷатҳои озмунӣ моҳиятан ҷавобгӯ;
-пешниҳоди дорои рейтинги беҳтарин.
187.Агар қарори комиссияи озмунӣ оид ба натиҷаҳои арзёбии озмун ва муайян намудани ғолиби озмун ё бекор кардани расмиёти харид ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» ва Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ набошад, он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ барои такроран арзёбӣ ва пешниҳод намудан ё бекор кардани расмиёти харид баргардонида мешавад.
§15. Озмунҳои думарҳилавӣ
188.Пас аз анҷом ёфтани марҳилаи якуми озмуни думарҳилавӣ ҳангоми бознигарии шартҳои дахлдори харид ташкилоти харидор мавзуи харидро наметавонад тағйир диҳад, аммо метавонад баъзе аз ҷанбаҳои тавсифи мавзуи харидро бо роҳи зерин аниқ кунад:
-хориҷ ё тағйири ҳама гуна ҷанбаи хусусиятҳои техникӣ, сифатӣ ё истифодабарии мавзуи харид, ки дар ибтидо пешниҳод шуда буданд ва илова намудани ҳама гуна хусусиятҳои нав;
-хориҷ ё тағйири ҳама гуна меъёр барои баррасӣ ё арзёбии дархостҳои озмунии дар ибтидо пешниҳодшуда ва илова намудани ҳама гуна меъёри нав, ки ҷавобгӯи талаботи Қонун мебошад ва танҳо ба андозае, ки хориҷ, тағйир ё илова дар натиҷаи тағйироти дар хусусиятҳои техникӣ, сифатӣ ё истифодабарии мавзуи харид воридшуда зарур мебошад.
189.Ҳар гуна хориҷ, тағйир ё илова, ки тибқи банди 188 Қоидаҳои мазкур ворид карда шудааст, ба иттилои иштирокдорони озмун дар даъватнома барои пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунии ниҳоӣ расонида мешавад.
§16. Шартҳо ва расмиёти дархости нархномаҳо
190.Ташкилоти харидор метавонад дар давоми ҳар як семоҳа расмиёти дархости нархномаҳоро, бидуни маҳдудияти миқдори расмиёти усули мазкури харид, ба маблағи умумии на зиёда аз 7000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои соли дахлдор муқаррар намудааст, истифода намояд.
191.Дархости нархнома бояд инҳоро дар бар гирад:
-ном, суроға, телефон ва почтаи электронии ташкилоти харидор;
-тавсифи пурра ва миқдор (ҳаҷм)-и мол ё хизматрасонии харидоришаванда, аз ҷумла хусусиятҳои талабшавандаи техникӣ, истифодабарӣ ё сифатӣ;
-агар татбиқшаванда бошад, маҳсулоте, ки бояд супорида шавад ва натиҷаҳо, вазифаҳо ё уҳдадориҳое, ки бояд иҷро шаванд ва давомнокии талабшавандаи онҳо;
-вақт ва маҳалли таҳвил;
-тамоми ҷузъиёти зарурии нарх, аз ҷумла шартҳои таҳвил;
-муҳлати талабшавандаи эътибори нархнома;
-агар зиёда аз як мавзуи харид карда шавад, оё нархнома бояд аз рӯйи ҳар як мавзуъ ё барои тамоми баста тартиб дода шавад ва чӣ тавр арзёбӣ гузаронида мешавад;
-уҳдадориҳои кафолатӣ;
-тартиб, муҳлат ва ҷойи пешниҳоди нархномаҳо;
-шакли шартнома, аз ҷумла тамоми шартҳои шартнома ва шартҳои пардохт;
-изҳорот дар бораи асъоре, ки бо он пардохт анҷом дода мешавад;
-изҳорот дар бораи вобастакунии шартнома ба он иштирокдори озмун, ки нархномаи дорои нархи пасттарини ҷавобгӯи талаботи ташкилоти харидор, тавре дар дархости нархнома нишон дода шудааст, пешниҳод менамояд;
-огоҳинома дар бораи он, ки ҳар иштирокдори озмун ҳуқуқ дорад танҳо як нархномаро пешниҳод кунад ва ҳуқуқ надорад нархномаи худро баъди ба итмом расидани муҳлати пешниҳоди нархномаҳо тағйир диҳад ва дар бораи он, ки нархнома мавриди муҳокима қарор дода намешавад;
-талабот дар бораи он, ки дар нархномаҳо имзо ва муҳр бояд дуруст гузошта шавад;
-изҳорот дар бораи он, ки ташкилоти харидор уҳдадор нест, ки ягон пешниҳоди нархномаро қабул кунад ва метавонад ҳамаи нархномаҳоро рад кунад;
-огоҳинома дар бораи ҳуқуқи иштирокдори озмун ба пешниҳод ва баррасии шикоят.
192.Аз нархномаҳое, ки ба шартҳои техникӣ ва тиҷоратӣ ҷавобгӯ мебошанд, нархномаи дорои нархи пастарин интихоб гардида, барои он шартномаи харид баста мешавад.
§17. Тартиби гузаронидани музоядаи электронии баръакс (реверсӣ)
193.Пайдарпайии марҳилаҳои музоядаи электронии баръакс мутобиқи ҷурсозии модули музоядаи электронии баръакси портали ягона бо дар назар доштани пешкаши дархостҳо ва пешниҳодҳои нархӣ бо ҳуҷҷатҳо ё пешкаши дархостҳо ва пешниҳодҳои нархӣ бидуни ҳуҷҷатҳо муайян карда мешавад.
194.Дар ҳуҷҷатҳои музоядаи электронии баръакс нишон дода мешавад, ки оё дархостҳо ва пешниҳодҳои нархӣ барои иштирок дар он шартан (бидуни пешакӣ муайян намудани мутобиқат ба талаботи тахассусӣ, тавсифоти техникӣ ва шартҳои таҳвил) иҷозат дода мешаванд ё не. Агар дархостҳо ва пешниҳодҳои нархӣ шартан иҷозат дода шаванд, ҷиҳати муайян намудани мутобиқат ба талаботи тахассусӣ, тавсифоти техникӣ ва шартҳои таҳвил дархости дорои нархи пасттарин аз рӯйи натиҷаҳои музоядаи электронии баръакс дида баромада мешавад, дар акси ҳол мутобиқати мазкур нисбат ба ҳамаи дархостҳо то оғози музояда муайян карда мешавад.
195.Ташкилоти харидор шумораи ҳадди ақали дархостҳо ва пешниҳодҳои нархиро, ки зимни он музоядаи электронии баръакс метавонад гузаронида шавад, муайян менамояд.
196.Ташкилоти харидор сана ва вақти ниҳоии пешкаши дархостҳо ва пешниҳодҳои нархӣ муқаррар ва муҳлати эътибори онҳоро аз рӯзи кушоданашон муайян менамояд.
197.Дар ҷӯрсозии модули музоядаи электронии баръакси портали ягона инҳо муқаррар карда мешаванд:
-дар хусуси он, ки музояда дар сурати пешкаш шудани шумораи муайяни ҳадди ақали дархостҳо ва пешниҳодҳои нархӣ оғоз мегардад;
-санаи гузаронидани музояда баъди интишори протоколи иҷозат;
-доираи фоизи пасткунӣ аз нархи охирин;
-давраи ибтидоии гузаронидани музояда бо дақиқа;
-тамдиди вақти гузаронидани музояда, агар нарх дар муддати дақиқаҳои муайяни охирин пешкаш шуда бошад;
-тамдиди автоматии музояда баъди пешкаши нархи охирин дар муддати дақиқаҳои муайяни охирин.
198.Дар ҷӯрсозии умумии модули музоядаи электронии баръакси портали ягона ташкилоти харидор талаботи тахассусӣ, тавсифоти техникӣ ва шартҳои таҳвилро, ки барои харид муносиб мебошанд, муқаррар менамояд. Ҳангоми гузаронидани музоядаи электронии баръакс пешниҳодҳои нархӣ метавонанд танҳо бо як асъор пешниҳод карда шаванд.
199.Ташкилоти харидор давраи интизориро мутобиқи параграфи 1 боби 10 Қоидаҳои мазкур муқаррар менамояд.
200.Ташкилоти харидор сана ва вақти оғози музоядаи электронии баръаксро ба иштирокдорони иҷозат дода шуда ё шартан иҷозат дода шудаи музояда хабар медиҳад. Дар ҳолате, ки агар иҷозати шартии дархостҳо ва пешниҳодҳои нархӣ пешбинӣ нашуда бошад, иҷозат дар асоси муайян намудани мутобиқат ба талаботи тахассусӣ, тавсифоти техникӣ ва шартҳои таҳвил то оғози музояда анҷом дода мешавад.
201.Агар барои иштирок дар музоядаи электронии баръакс зиёда аз 6 (шаш) таҳвилгар (паймонкор) ҳамчун соҳибтахассус эътироф гарданд, барои иштирок метавонад 50 (панҷоҳ) дарсади (бо яклухт кардан то адади навбатӣ) таҳвилгарон (паймонкорон) интихоб карда шаванд. Дар ин ҳолат, аз иштирок дар музоядаи электронии баръакс дархостҳои иштирокдорони музоядаи дорои нархи баландтарин дар ҷадвали пешниҳодҳои нархӣ рад карда мешаванд. Дар сурати мавҷудияти ду иштирокдори музояда, ки нархи баландтарини якхеларо пешниҳод карданл, дархости охирин гирифташуда дар асоси принсипи охирон омад – якум мебарояд рад карда мешавад.
202.Агар шумораи дархостҳо ва пешниҳодҳои нархӣ, ки барои иштирок дар музоядаи электронии баръакс ба қайд гирифта шудаанд, аз шумораи ҳадди ақали дархостҳо ва пешниҳодҳои нархӣ, ки аз ҷониби ташкилоти харидор то оғози музоядаи электронии баръакс муқаррар шудааст, камтар бошад, ташкилоти харидор музоядаи электронии баръаксро бекор карда, қарор дар ин хусус бояд ба маълумоти ҳар як таҳвилгар (паймонкорон)-и бақайдгирифташуда расонида шавад.
203.Музоядаи электронии баръакс бояд дар давраи ибтидоии гузаронидани музояда кушода шавад. Агар дар давраи ибтидоии гузаронидани музояда ягон пешниҳодӣ нархӣ пешкаш нашуда бошад, музояда баргузорнашуда ҳисобида мешавад.
204.Музоядаи электронии баръакс аз нархи пасттарини байни дархостҳо ва пешниҳодҳои нархии пешкашшуда ва иҷозат дода шуда ё шартан иҷозат дода шуда оғоз меёбад. Дар рафти музоядаи электронии баръакс ба иштирокдорони он пешниҳоди нархе, ки аз нархи пасттарини ҷорӣ зиёд мебошад, иҷозат дода намешавад.
205.Нархи минималии қобили қабул бояд ба нархи пешниҳоди охирин бо дар назар доштани тарҳи камшавии дар доираи дарсади пасткунӣ аз нархи охирини пешниҳодшуда баробар бошад.
206.Агар ягон пешниҳоди нархии нав дар давраи вақти баробар ба давраи тамдиди вақти гузаронидани музояда гирифта шавад, вақти музоядаи электронии баръакс ба вақти баробар ба давраи тамдиди автоматӣ аз лаҳзаи пешниҳоди озмунии охирин тамдид карда мешавад. Ташкилоти харидор набояд шумораи давраҳои тамдиди автоматиро маҳдуд созад. Агар дар муддати давраи охирини тамдиди автоматӣ ягон пешниҳоди нархии нав пешкаш нагардад, музоядаи электронии баръакс пӯшида мешавад.
207.Ба иштирокдорони музояда иҷозат дода намешавад, ки пешниҳоди охирини нархии худро бозхонд кунанд.
208.Ба иштирокдорони музоядаи ба музоядаи электронии баръакс иҷозат дода шуда ё шартан иҷозат дода шуда бояд имкон дода шавад, ки рафти музоядаи электронии баръаксро мушоҳида кунанд. Ҳангоми музоядаи электронии баръакс маълумот оид ба иштирокдорони озмун бояд пинҳон карда шаванд.
209.Пас аз пӯшидани музоядаи электронии баръакс, ҷадвали пешниҳодҳои нархии охирин, ки аз ҳамаи иштирокдорони музояда гирифта шудаанд, бояд аз ҷониби низом тавлид карда шавад ва барои дидан ба ташкилоти харидор ва ҳамаи иштирокдорони музояда дастрас бошад.
210.Дар ҳолате, ки музоядаи электронии баръакс мутобиқи банди 202 Қоидаҳои мазкур бекор ё мутобиқи банди 203 Қоидаҳои мазкур баргузорнашуда ҳисобида карда шудааст, ташкилоти харидор метавонад расмиёти хариди қабл аз музоядаи электронии баръаксро бекор кунад ё дар асоси пешниҳодҳои ибтидоии нархӣ, агар дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ дар ин хусус зикр шуда бошад, идома диҳад.
§18. Расмиёти музокироти рақобатӣ
211.Ҳангоми гузаронидани харид бо усули музокироти рақобатӣ ташкилоти харидор пеш аз оғози раванди харид бояд:
-эҳтиёҷот ба мавзуи харидро омӯхта, тавсифоти техникӣ ва миқдореро, ки дар асл бо роҳи музокироти рақобатӣ харидан зарур аст, муайян намояд;
-пеш аз ҷалби пешниҳодҳо арзиши тахмини харидро муайян намуда, таҳлили муқоисавӣ ва арзёбии пешниҳодҳоро ҷиҳати интихоби довталабон барои иштирок дар музокироти рақобатӣ озмун гузаронад.
212.Ташкилоти харидор огоҳиномаро оид ба даъвати довталабон барои иштирок дар раванди харид тавассути музокироти рақобатӣ нашр менамояд. Дар огоҳинома талабот ва шартҳои барои тартиб додани рӯйхати мухтасари иштирокдорони эҳтимолии озмун истифодашаванда, ки бо онҳо ташкилоти харидор вориди музокироти рақобатӣ хоҳад гардид, муайян карда мешаванд. Ташкилоти харидор инчунин ҳангоми интишори чунин огоҳинома бояд талаботи асосии тахассусии ба мавзуи харид мутобиқро, ки он барои арзёбии довталабон ва тартиб додани рӯйхати мухтасари иштирокдорони озмун истифода мешавад, номбар кунад. Барои таъмини рақобати самаранок, ба рӯйхати мухтасар бояд ҳадди аксар 6 (шаш) таҳвилгар (паймонкор) ва агар имкон бошад, на камтар аз 3 (се) таҳвилгар (паймонкор) дохил шуда бошад. Ба рӯйхати мухтасар довталабони ба талаботии асосии тахассусӣ ҷавобгӯ буда, ки пешниҳодҳояшон дорои арзиши ҳисобшудаи камтарин мебошанд, дохил карда мешаванд.
213.Ташкилоти харидор инчунин метавонад мустақилона таҳвилгарон (паймонкор)-и эҳтимолиро тавассути тадқиқоти бозор муайян кунад ва онҳоро водор намояд, ки изҳори ҳавасмандӣ ва дархост барои иштирок дар музокироти рақобатиро пешниҳод кунанд.
214.Ба ҳамаи довталабон бояд имкониятҳои баробар барои изҳори ҳавасмандии худ ва пешниҳоди дархостҳо ҷиҳати ворид шудан ба рӯйхати мухтасар барои иштирок дар музокироти рақобатӣ дода шавад.
215.Ҳама гуна талабот, ҳуҷҷат, тавзеҳот ё иттилооти дигари марбут ба музокирот, ки аз ҷониби ташкилоти харидор пеш аз анҷоми музокирот ё дар рафти музокирот пешниҳод карда мешавад, бояд ба шарте расонида шавад, ки:
-ба ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ ё манфиатҳои қонунии тиҷоратии довталабон ва иштирокдорони озмун таъсир нарасонад;
-ташкилоти харидор тамоми муошират бо иштирокдорони озмунро, ки ба раванди харид дахл доранд, тавре анҷом медиҳад, ки ифшои онҳоро ба иштирокдорони рақобаткунандаи озмун ё ҳар шахси дигаре, ки барои дастрасӣ ба чунин маълумот ваколатдор нест, пешгирӣ кунад;
-мубодилаи иттилоот бо тамоми иштирокдорони озмун, ки дар музокирот бо ташкилоти харидор иштирок мекунанд, дар асоси баробар сурат мегирад.
216.Ташкилоти харидор бо иштирокдорони озмуни ба рӯйхати мухтасар воридшуда музокироти рақобатиро оид ба ҷанбаҳои техникӣ ва тиҷоратӣ, ба истиснои нарх, анҷом медиҳад. Пас аз гузаронидани муҳокимаҳои техникӣ ва тиҷоратӣ бо иштирокдорони озмун ташкилоти харидор протоколи музокироти рақобатиро бо нишон додани созишҳои техникӣ ва тиҷоратии бо иштирокдорони озмуни ба даст овардашуда, ба истиснои нарх, тартиб дода, он аз ҷониби ташкилоти харидор ва иштирокдорони озмун, ки ризоияти худро додаанд ва дар муҳокима иштирок кардаанд, имзо карда мешавад. Ба протоколи музокироти рақобатӣ намунаҳо (агар талаб ва пешниҳод шуда бошанд) замима мегарданд.
217.Баъди ба охир расидани музокирот ташкилоти харидор аз ҳамаи иштирокдорони озмун, ки барои иштирок дар расмиёти минбаъда ризоият додаанд, талаб менамояд, ки то вақт ва санаи нишон дода шуда пешниҳоди беҳтарин ва ниҳоии худро оид ба тамоми ҷанбаҳои пешниҳодҳои озмуниашон пешкаш намоянд.
218.Ташкилоти харидор бояд қайди ҳамаи пешниҳодҳои воридшударо пеш бурда, ҳисоботи муқоисавии пешниҳодҳои ниҳоии воридшударо тартиб диҳад ва онҳоро барои муайян кардани пешниҳоди дорои арзиши ҳисобшудаи камтарин ё пешниҳоди судмандтарин, ки ба шартҳои мувофиқашудаи техникӣ ва тиҷоратӣ мувофиқ аст, арзёбӣ кунад. Бо иштирокдорони озмун оид ба пешниҳодҳои беҳтарин ва ниҳоии онҳо музокирот гузаронида намешавад.
§19. Ҳадди нишондиҳандаи арзишӣ барои хариди мустақими мол, кор ва хизматрасонӣ
219.Ҳадди нишондиҳандаи арзишӣ барои хариди мустақими мол, кор ва хизматрасонӣ дар ҳар як семоҳа барои ташкилотҳои харидор, ба истиснои корхонаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки дар онҳо зиёда аз 50 дарсади саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии соли дахлдор муқаррар кардааст, ташкил медиҳад.
220.Ҳадди нишондиҳандаи арзишӣ барои хариди мустақими мол, кор ва хизматрасонӣ дар ҳар як семоҳа барои корхонаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки дар онҳо зиёда аз 50 дарсади саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, 500 (панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии соли дахлдор муқаррар кардааст, ба шарте, ки мавзуи харид ба рӯйхати аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқшуда дохил карда шудааст, ташкил медиҳад. Агар мавзуи харид ба руйхати тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дохил нашуда бошад, корхонаҳои давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва субъектҳои хоҷагидории дигар, ки дар онҳо зиёда аз 50 дарсади саҳмияҳо ё ҳисса ба давлат тааллуқ доранд, хариди мустақими мол, кор ва хизматрасониро дар доираи ҳадди нишондиҳандаи арзишии бо банди 219 Қоидаҳои мазкур муқарраршуда анҷом медиҳанд.
221.Ташкилотҳои харидор ҳуқуқ доранд дар доираи ҳадди нишондиҳандаи арзишӣ, ки бо бандҳои 219 ва 220 Қоидаҳои мазкур муқаррар гардидаанд, хариди мустақими мол, кор ва хизматрасониро бе истифодаи усули озмуни кушод ё усули дигари хариди рақобатнок анҷом диҳанд.
222.Ҳангоми хариди мустақими бо параграфи мазкур пешбинишуда ташкилотҳои харидор маълумотро дар бораи чунин харидҳо ба портали ягона, агар гирифтани чунин маълумот тавассути ҳамгироии портали ягона бо низомҳои иттилоотии беруна дастрас набошад, ворид мекунанд.
§20. Тартиби ҷалби пешниҳоди таҳвилгар (паймонкор) ё пешниҳодҳои таҳвилгарон (паймонкорон) ва гузаронидани гуфтушунид ҷиҳати анҷом додани хариди мустақим тавассути портали ягонаи хариди давлатии электронӣ ё ба тариқи дигар
223.Барои анҷом додани хариди мустақим тибқи асосҳои дар бандҳои 2)-9) моддаи 52 Қонун пешбинишуда, ташкилоти харидор дар портали ягона бандҳои нақшаи харидро таҳия ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мекунад, барои харид дархост пешниҳод мекунад, оид ба хариди мустақим эълон интишор мекунад ва дар сурати пешниҳоди дархост шарҳи ҳуҷҷатҳо, шартҳои таҳвил ва дигар ҷанбаҳои харидро пешниҳод менамояд. Пас аз кушодани пешниҳоди таҳвилгар (паймонкор)-и эҳтимолӣ, ташкилоти харидор пешниҳодро баррасӣ мекунад ва дар ҳолати зарурӣ аз таҳвилгар (паймонкор)-и эҳтимолӣ тавзеҳот талаб мекунад. Дар асоси натиҷаҳои гуфтушунид, ки дар рафти он метавонад инчунин гирифтани пешниҳоди барои ташкилоти харидор судмандтар муҳокима шавад, ташкилоти харидор дар бораи бастани шартномаи харид ё рад кардани пешниҳоди таҳвилгар (паймонкор)-и эҳтимолӣ қарор қабул мекунад. Ташкилоти харидор метавонад расмиёти хариди мустақимро такроран бо ҳамон таҳвилгар (паймонкор)-и аввалин ё таҳвилгар (паймонкор)-и дигар гузаронад, агар расмиёти ибтидоӣ боиси бастани шартномаи харид нагардад.
224.Сарфи назар аз банди 223 Қоидаҳои мазкур, ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ хариди мустақимро тибқи асосҳои дар бандҳои 2)-9) моддаи 52 Қонун пешбинишуда, инчунин тибқи асосҳои дар банди 10) моддаи 52 Қонун пешбинишуда, бидуни истифодаи расмиёт дар портали ягона дар ҳолатҳои зерин анҷом диҳад:
-агар истифодаи расмиёт дар портали ягона метавонад барои сари вақт бастани шартномаи харид ё сари вақт таҳвил намудани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ монеъ шавад;
-таҳвилгар (паймонкор), ки тарафи эҳтимолии шартномаи харид мебошад, дар портали ягона ба қайд гирифта нашуда бошад ё расмиёти бақайдгирии у дар портали ягона барои сари вақт бастани шартномаи харид ё сари вақт таҳвил намудани мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ мусоидат наменамояд;
-таҳвилгар (паймонкор), ки тарафи эҳтимолии шартномаи харид мебошад, резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, ният надорад дар портали ягона худро ба қайд гирад;
-дар мавриди зарурати ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ.
225.Ҳангоми гузаронидани хариди мустақим мутобиқи банди 224 Қоидаҳои мазкур, ташкилоти харидор пас аз мувофиқа кардани истифодаи усули хариди мустақим бо мақоми ваколатдори давлатӣ ба ин ё он таҳвилгар (паймонкор)-и интихобшуда ҳуҷҷатеро, ки талаботро ба мавзуи харид, шартҳои таҳвил ё дигар шартҳои алоқаманд тавсиф мекунад ва лоиҳаи шартномаи харидро пешниҳод мекунад. Ташкилоти харидор пас аз гирифтани пешниҳоди таҳвилгар (паймонкор) амалҳои зеринро анҷом медиҳад:
-мувофиқати пешниҳоди таҳвилгар (паймонкор)-ро ба талабот ва шартҳои муқарраргардида муайян мекунад;
-дар мавриди зарурат тавзеҳотро оид ба пешниҳоди таҳвилгар (паймонкор) талаб мекунад;
-дар мавриди зарурат бо таҳвилгар (паймонкор) барои гирифтани пешниҳоди боз ҳам судмандтар вориди гуфтушунид мешавад;
-бо таҳвилгар (паймонкор) барои мувофиқаи ниҳоӣ ва имзои шартномаи харид вориди гуфтушунид мешавад.
226.Ҳангоми анҷом додани хариди мустақим тибқи асосҳои пешбининамудаи банди 10) моддаи 52 Қонун ташкилоти харидор бо ин ё он таҳвилгар (паймонкор)-и мушаххас вориди гуфтушунид гардида, чораҳоро барои ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла мутобиқи моддаи 23 Қонун ва параграфи 4 боби 6 Қоидаҳои мазкур меандешад.
227.Ҳангоми анҷом додани хариди мустақим ташкилоти харидор уҳдадор аст, ки мутобиқати таҳвилгарон (паймонкорон)-ро ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок муайян кунад, аз ҷумла ҷиҳати роҳ надодани таҳвилгарон (паймонкорон) ва паймонкорони фаръии мутобиқи Қонун аз иштирок дар харид хориҷкардашуда чораҳо андешад. Бо ин мақсад, ташкилоти харидор маълумотро дар Феҳристи таҳвилгарон (паймонкорон)-и бевиҷдон (беэътимод) месанҷад. Ташкилоти харидор инчунин уҳдадор аст, ки мутобиқати таҳвилгарон (паймонкорон)-ро ба талаботи тахассусии ҳадди ақал, ки онҳоро барои хариди мазкур мувофиқи мақсад мешуморад, муайян кунад.
228.Ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад дар доираи хариди мушаххаси мустақим, ки интихоби он мутобиқи тартиби муқаррашуда анҷом дода шудааст, бо як ё якчанд таҳвилгарон (паймонкорон) гуфтушунид гузаронида, шартнома (ҳо)-и харид бандад.
229.Ҳангоми анҷом додани хариди мустақим, ташкилоти харидор, агар инро мувофиқи мақсад шуморад, арзиши тахминии харидро ба таҳвилгар (паймонкор) то оғози баргузории гуфтушунид ифшо мекунад.
230.Ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад бидуни тавзеҳи сабабҳо расмиёти хариди мустақимро бо таҳвилгар (паймонкор) дар ҳар гуна марҳилаи он то бастани шартномаи харид қатъ намояд.
231.Дар ҳолати харид бидуни истифодаи расмиёт дар портали ягона мутобиқи банди 224 Қоидаҳои мазкур, ташкилоти харидор уҳдадор аст на дертар аз 3 (се) рӯзи кории баъди бастани шартномаи хариди мустақим, маълумотро дар бораи чунин харид бо замимаи нусхаи шартномаи харид, ба истиснои хариди бо маълумоти дорои сирри давлатӣ алоқаманд, ба портали ягона ворид намояд. Иттилоот дар бораи хариди бо маълумоти дорои сирри давлатӣ алоқаманд ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо дархости он ва бо риояи тартиби муқарраргардида пешниҳод карда мешавад.
8. ИСТИФОДАИ СОЗИШНОМАҲОИ ҚОЛАБӢ
§1. Бастани созишномаи қолабӣ
232.Интихоби намудҳои мол ва хизматрасонӣ барои созишномаи қолабӣ бояд аз ҷиҳати самаранокӣ ва сарфакории харидҳо дар муқоиса ба усулҳои дигари муқарранамудаи Қонун асоснок карда шавад. Бо ин мақсад, мақоми ваколатдори давлатӣ расмиёти дахлдорро таҳия намуда, он бояд ба арзёбии маҷмуии ҳадди ақал ҷанбаҳои зерин асос ёбад:
-фоида ва хавфҳои эҳтимолӣ дар сурати интихоби пайгирии созишномаи қолабӣ;
-интихоби созишномаи қолабии кушода ё пӯшида;
-интихоби созишномаи қолабӣ бо як ё якчанд таҳвилгар (паймонкор);
-интихоби давраи муносиби амали созишномаи қолабӣ;
-имконияти баргузории озмуни хурд дар марҳилаи ҷойгиркунонии фармоиш;
-шумораи тахминии ташкилотҳои харидор, ки метавонанд созишномаи қолабиро дар давраи амал истифода баранд;
-эҳтиёҷоти тахминии ташкилотҳои харидор ба мол ё хизматрасонӣ дар давраи амали созишномаи қолабӣ;
-имконияти стандартонии тавсифоти техникӣ;
-муайян намудани шартҳои таҳвил бо дар назар доштани эҳтиёҷоти ташкилотҳои харидор ва имкониятҳои таҳвилгарон (паймонкорон)-и эҳтимолии созишномаи қолабӣ;
-хариди воқеии ашёи мушаххаси харид ба миқдори муайян, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти давлатӣ муҳим ва зарур ҳисобида мешавад, метавонад баъзан бо роҳи ҷойгир кардани фармоишҳо барои таҳвил ё баъзан бо роҳи шартнома барои иҷрои якдафъаинаи фармоиш тибқи созишномаҳои ниҳоии қолабӣ дар давраи амали созишномаи қолабӣ анҷом дода шавад;
-усулҳои тақсимоти шартномаҳои харид дар доираи созишномаҳои қолабӣ;
-шумораи тахминии таҳвилгарон (паймонкорон) барои муайянсозии ниҳоии созишномаи қолабӣ;
-муайян намудани талаботи тахассусӣ ба таҳвилгарон (паймонкорон);
-мавҷудияти ҳаҷми кофии мол ва хизматрасонӣ дар бозор, ки дар доираи созишномаи қолабӣ аз рӯйи тавсифоти техникии стандартӣ харид карда мешаванд;
-имконияти таҳвили муназзам дар давраи амали созишномаи қолабӣ.
233.Мақоми ваколатдори давлатӣ, дар мавриди зарурат дар асоси машварат бо мақомот ва ташкилоти давлатӣ ва субъектҳои бозор, арзёбии маҷмуиро дар асоси тадқиқоти бозор, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти ба мол ва хизматрасониҳои ба созишномаи қолабӣ рабтдошта мегузаронад ва намудҳои мол ва хизматрасониҳоро, ки барои харид дар доираи созишномаҳои қолабӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд, муайян менамояд.
234.Созишномаи қолабӣ метавонад шартҳои махсусро барои васеъ намудани имкониятҳои субъектони соҳибкории хурду миёна пешбинӣ намояд.
235.Ҳангоми таҳияи созишномаи қолабӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ бояд ҳамаи хавфҳои эҳтимолиро, аз ҷумла ба инҳо вобастаро арзёбӣ намояд:
-мавҷудияти эҳтимолии таҳвилгарон (паймонкорон);
-эҳтимолияти онро, ки метавонад созишномаи қолабиро ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи муқарраршуда набандад;
-дастрасии мол ва хизматрасонӣ аз рӯйи тавсифоти техникии стандартии таҳияшуда;
-норасоии эҳтимолии таҳвил.
236.Мақоми ваколатдори давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳодро оид ба созишномаи қолабӣ якҷо бо номгӯйи мол ва хизматрасониро, ки метавонанд бо истифода аз созишномаи қолабӣ харид карда шаванд, манзур менамояд.
§2. Расмиёти созишномаи қолабӣ
237.Созишномаҳои қолабӣ мутобиқи муқаррароте, ки барои озмуни кушод пешбинӣ шудаанд ва тавассути портали ягона, то ин, ки шаффофият ва иштироки ҳадди аксари таҳвилгарон (паймонкорон) таъмин карда шавад, баста мешаванд.
238.Расмиёти бастани созишномаи қолабӣ ва харид дар асоси он аз ду марҳила иборат аст:
-дар марҳилаи аввал созишномаи қолабӣ бояд тавассути озмуни кушод ба давраи муайяни вақт (масалан, барои як сол ё давраи дигар тибқи қарори мақоми ваколатдори давлатӣ) бе ҳеҷ гуна уҳдадории хариди воқеӣ баста шавад. Шумораи таҳвилгарон (паймонкорон), ки дар созишномаи қолабӣ иштирок
мекунанд, бояд ба талаботи интизоршаванда мутаносиб бошад. Ин ба ҳамаи таҳвилгарон (паймонкорон)-и созишномаи қолабӣ имкон медиҳад, ки фармоишҳо барои таҳвил ё шартнома барои иҷрои якдафъаинаи фармоишро гиранд;
-дар марҳилаи дуюм хариди воқеии ашёи мушаххаси харид ба миқдори муайян, ки зарур ҳисобида мешавад, метавонад баъзан бо роҳи ҷойгир кардани фармоишҳо барои таҳвил ё баъзан тавассути шартнома барои иҷрои якдафъаинаи фармоиш тибқи созишномаҳои ниҳоии қолабӣ дар давраи амали созишномаи қолабӣ анҷом дода шавад.
239.Дар марҳилаи аввал пешниҳодҳои озмунӣ бо усули озмуни кушод қабул карда мешаванд ва дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ шартҳои зерин зикр карда мешаванд:
1)миқдори тахминии талабот ё хизматрасонӣ дар якҷоягӣ бо тавсифот дар давраи пешбининамудаи созишномаи қолабӣ;
2)изҳороти махсус дар он хусус, ки ягон ҳаҷми ҳадди ақали харид кафолат дода мешавад;
3)муҳлати амали созишномаи қолабӣ ва муҳлати тамдиди амали созишномаи қолабӣ низ (одатан як сол мувофиқи қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ) бо дар назар доштани ҳамаи ҷанбаҳои дахлдор, ки дар шакли хаттӣ қайд карда мешавад ва қисми сабти харидро ташаккул медиҳад;
4)талаботи тахассусӣ, меъёрҳо ва методологияи арзёбӣ;
5)шартҳои созишномаи қолабӣ, аз ҷумла муқаррарот оид ба ноустуворона, бояд ба шартҳое, ки барои харид тавассути озмуни кушод пешбинӣ шудаанд, монанд бошанд. Бо вуҷуди ин, муқаррарот оид ба ноустуворона бояд танҳо пас аз ҷойгир кардани фармоишҳо барои таҳвил ё шартнома барои иҷрои якдафъаинаи фармоиш мутобиқи созишномаи қолабӣ дар марҳилаи дуюм татбиқ карда шаванд;
6)изҳорот дар бораи он, ки созишномаи қолабӣ:
- пӯшида хоҳад буд ва ҳайати он бояд дар давоми муҳлати амали созишномаи қолабӣ бетағйир монад (ба истиснои таҳвилгарон (паймонкорон), ки аз ҳайат хориҷ карда шудаанд, ягон таҳвилгарон (паймонкорон)-и иловагӣ ё ивазкунандаро илова кардан мумкин нест);
- кушода хоҳад буд, ки дар ин ҳолат метавонанд баъдан таҳвилгарон ё паймонкорони нав дохил карда шаванд. Бо вуҷуди ин, дастурҳои умумӣ оид ба раванди интихоб бояд ба ҳуҷҷатҳои озмунӣ дохил карда шаванд;
7) ташкилоти харидор ҳуқуқи бастани созишномаи мувозии қолабиро бо таҳвилгарон (паймонкорон)-и гуногун илова ба таҳвилгар (паймонкор)-и соҳибихтисос, ки пешниҳоди дорои арзиши ҳисобшудаи камтарин ё пешниҳоди судмандтаринро пешкаш намуда истодааст, нигоҳ медорад;
8) нархҳо аз рӯйи созишномаи қолабӣ ҳамеша таҳти шарти паст кардани нарх қарор дода шаванд. Шарти паст кардани нарх бояд дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ зикр карда шавад ва ба шартҳои созишномаи қолабӣ дохил карда шавад. Шарти паст кардани нарх бояд ҳамчун механизми ҳимояи нархҳо дар созишномаи қолабӣ амал карда, он пешбинӣ мекунад, ки агар ягон иштирокдори созишномаи қолабӣ мол ё хизматрасониҳои шабеҳро бо нархи пасттар аз нархи созишномаи қолабӣ дар давоми созишномаи қолабӣ пешниҳод кунад, пас нархи созишномаи қолабӣ ба таври худкор аз рӯйи чунин нархи пастшуда бо мавриди амал қарор додан аз рӯзи чунин паст кардани нарх паст карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо, ба созишномаи қолабӣ мувофиқан тағйирот ворид карда шуда, инчунин ба таҳвилгарон (паймонкорон), ки шартномаи мувозии қолабӣ бастаанд, бояд бо роҳи огоҳ кардан оид ба нархи паст карда шуда ва бо додани муҳлати 15 (понздаҳ) рӯзи тақвимӣ барои изҳори розигӣ бо нархи тағйирёфта имкон дода шавад, ки нархи худро паст кунанд. Агар ягон иштирокдори созишномаи қолабӣ ба паст кардани нарх розӣ набошад, бо у дигар аҳд анҷом дода намешавад.
240.Дар марҳилаи дуюм, барои ҳар як харид дар доираи созишномаи қолабӣ таҳвилгар (паймонкор) аз ҳайати таҳвилгарон (паймонкорон) бо истифода аз раванди дуюми харид, ки дар созишномаи қолабӣ тавсиф шудааст, интихоб карда мешавад. Раванди дуюми харид барои ҷойгир кардани фармоишҳо барои таҳвил ё шартнома барои иҷрои якдафъаинаи фармоиш метавонад яке ё ҳарду шаклҳои зеринро дошта бошад:
1)интихоби мустақим дар асоси меъёрҳои объективии фармоиши якдафъаина, ки дар созишномаи қолабӣ тавсиф шудаанд, аз қабили:
- ҷойгиршавӣ – дар он ҳолатҳое, ки шартномаҳо барои иҷрои якдафъаинаи фармоиш ба таҳвилгар (паймонкор)-е, ки барои иҷрои онҳо бинобар маҳалли ҷойгиршавиаш ва маҳалли таҳвили мол ё иҷрои хизматрасонӣ аз ҳама муносиб мебошад, вобаста карда мешаванд;
- тақсимоти мутавозини таҳвил ё вазифаҳо, ки дар он ҳадди болоии арзиш муқаррар карда шуда, шартномаҳо барои иҷрои якдафъаинаи фармоиш ба навбат, ҳангоме, ки таҳвилгар (паймонкор) ба ҳадди болоии арзиш мерасад, баста мешаванд;
- ин раванд ҳангоме, ки созишномаи қолабии пӯшида ба таври ниҳоӣ муайян карда шудааст, пайгирӣ карда мешавад;
2)озмуни хурд дар асоси меъёрҳои объективии фармоиши якдафъаина, ки дар созишномаи қолабӣ тавсиф шудаанд, аз қабили:
- нархномаҳои рақобатнок (дархости нархномаҳо - аз баъзе ё ҳамаи аъзои ҳайати таҳвилгарон (паймонкорон) дар асоси арзиши ҳисобшудаи камтарин;
- ин раванди интихоб дар ҳар ду ҳолат, яъне вақте, ки созишномаи қолабии пӯшида ё созишномаи қолабии кушод ба таври ниҳоӣ муайян карда шудааст, пайгирӣ карда мешавад.
241.Созишномаи қолабӣ метавонад аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби яктарафа бекор карда шавад, агар он ба мақсад ва манфиатҳои ҷомеа, ки ба онҳо мақоми ваколатдори давлатӣ зимни бастани созишномаи қолабӣ такя мекард, дигар ҷавобгӯ набошад. Иштирокдорони созишномаи қолабӣ бояд дар бораи бекор кардани созишномаи қолабӣ бо тартиби дар созишномаи қолабӣ нишон дода шуда огоҳ карда шаванд.
§3. Уҳдадориҳои ташкилоти харидор
242.Ба уҳдадориҳои ташкилоти харидор, ки аз созишномаи қолабӣ истифода мебарад, инҳо дохил мешаванд:
-фаъолият дар муддати раванди дуюми харид барои ҷойгир кардани фармоишҳо барои таҳвил ва шартномаҳо барои иҷрои якдафъаинаи фармоиш;
-санҷиш ва қабули мол ё хизматрасониҳо, аз ҷумла истифодаи воситаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ дар сурати таҳвили номуносиб;
-иҷрои уҳдадориҳо дар назди таҳвилгар (паймонкор)-и қолабӣ;
-додани иттилоот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи аз ҷониби таҳвилгар (паймонкор)-и қолабӣ иҷро нагардидани уҳдадориҳо.
243.Ташкилотҳои харидор, ки иштирокдорони созишномаҳои қолабии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии аз номи онҳо басташуда мебошанд, мол ва хизматрасониро мутобиқи дастурамалҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз ҷумла шартномаи намунавии харид дар доираи созишномаҳои қолабиро дар бар мегирад, харид мекунанд.
244.Барои бастани шартномаи харид дар доираи созишномаи қолабии басташуда, ташкилоти харидор бояд мавҷудияти маблағ барои харидро тасдиқ карда, лоиҳаи шартномаи намунавиро бо дар назар доштани эҳтиёҷоти худ пур ва барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд.
245.Мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқати лоиҳаи шартномаи харидро ба шартҳои созишномаи қолабӣ баррасӣ намуда, на дертар аз 3 (се) рӯзи корӣ дар бораи имконияти бастани он тибқи усули тақсимоти вобастакунии шартномаҳо дар доираи созишномаи қолабӣ огоҳ менамояд.
246.Агар бастани шартномаи харид дар доираи созишномаи қолабӣ ғайримкон бошад, мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин хусус ташкилоти харидорро, ки дар чунин ҳолат бояд усули дигари муқарранамудаи харидро пайгирӣ намояд, огоҳ менамояд.
§4. Мониторинг ва идоркунии созишномаҳои қолабӣ
247.Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд дар реҷаи вақти воқеӣ иҷро ва истифодаи созишномаҳои қолабии басташударо мониторинг кунад.
248.Мақоми ваколатдори давлатӣ бояд тағйиротро дар тавсифоти техникӣ ҳангоми харид аз рӯйи созишномаҳои қолабӣ пайгирӣ намояд. Бидуни зарар ба ҳаҷм ё хусусияти созишномаи қолабӣ, тағйироти ботадриҷи тавсифоти техникӣ бо мақсади пешгирии куҳнашавӣ ё тағйироти дигари дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ барои бастани созишномаи қолабӣ ва худи созишномаи қолабӣ пешбинишуда, ки онҳо ба таври назаррас бозори таҳвилгарон (паймонкорон)-ро аз рӯйи созишномаҳои қолабӣ тағйир намедиҳанд, бо дар назар доштани маҳдудияти афзоиши арзиш ба андозаи 10 дарсад раво мебошад.
249.Ҳар гуна тағйироти тавсифот дар доираи созишномаи қолабӣ ба таври шаффоф, аз ҷумла бо интишор дар портали ягона, анҷом дода мешавад, дар ҳолати созишнома ба якчанд таҳвилгарон (паймонкорон) бошад, ҳамаи таҳвилгарон (паймонкорон), аз ҷумла онҳое, ки метавонанд минбаъд ба созишномаи қолабӣ ҳамроҳ мешаванд, дар асоси рақобат метавонанд дар озмун дар асоси тавсифоти техникии тағйирдодашуда иштирок намоянд. Тағйирот дар тавсифоти техникӣ набояд зимни додани фармоиш барои харид, ба истиснои созишномаи қолабӣ бо як таҳвилгар (паймонкор), ворид карда шавад.
§5. Тақсимоти шартномаҳо аз рӯйи созишномаи қолабӣ
250.Илова ба вобастакунии шартномаҳои харид дар доираи созишномаи қолабӣ бо якчанд таҳвилгарон (паймонкорон) дар марҳилаи дуюм, барои тақсим намудани вобастакунии шартномаҳо дар доираи созишномаи қолабӣ бо якчанд таҳвилгарон (паймонкорон) метавонанд намудҳои усулҳои зерин, тавре, ки дар созишномаи қолабӣ нишон дода шудааст, истифода шаванд:
-тақсимоти иерархӣ – шартнома бо таҳвилгаре (паймонкор), ки арзиши ҳисобшудаи камтаринро дорад, баста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки таҳвилгар (паймонкор) наметавонад талаботи ташкилоти харидорро қонеъ созад ё бархӯрди манфиатҳо ҷой дорад. Дар ин ҳолат шартнома бо иштирокдори аз рӯйи раддабандӣ навбатӣ ва дастрасбуда баста мешавад;
-тақсимоти баробар - метавонад бо роҳи муайян кардани ҳадди болоӣ амалӣ карда шавад, ки тибқи он таҳвилгар (паймонкор)-и дорои арзиши дуввуми ҳисобшудаи камтарин пас аз расидани таҳвилгари (паймонкор)- дорои арзиши ҳисобшудаи камтарин ба ҳадди муайяни бо асъор, миқдор ё нишондиҳандаи дигар ифодаёфта интихоб мегардад;
-тақсимоти ротатсионӣ – шартномаҳо байни ҳар як таҳвилгаре (паймонкор), ки дар созишномаи қолабӣ иштирок мекунад, новобаста аз арзиш ё вақт бо навбат тақсим карда мешаванд;
-эътимоднокӣ ва салоҳият - шартномаҳо байни таҳвилгарон (паймонкорон), ки дар созишномаи қолабӣ иштирок карда мувофиқи меъёрҳои дар созишномаи қолабӣ пешбинишуда аз ҳама муносиб ва дастрас ба ҳисоб мераванд, тақсим карда мешаванд.
9. РАСМИЁТИ ДАРХОСТИ ПЕШНИҲОДҲО БАРОИ ХИЗМАТРАСОНИИ МАШВАРАТӢ
§1. Муқаррароти умумӣ
251.Интихоб аз рӯйи сифат ва арзиш метавонад усули муносиби интихоб барои аксари ҳолатҳо бошад. Интихоб аз рӯйи сифат, интихоб дар шароити буҷети муқарраршуда, интихоб аз рӯйи нархи пасттарин, интихоб дар асоси тахассуси мушовир ва интихоби мустақим дар ҳолатҳои муайян метавонанд нисбатан муносибтар бошанд.
§2. Раванди интихоб дар асоси сифат ва арзиш
252.Интихоб дар асоси сифат ва арзиш ҷараёни озмуниро дар байни ширкатҳои ба рӯйхати мухтасар дохилгардида истифода намуда, сифати пешниҳод ва арзиши хизматрасониро ҳангоми интихоби ширкати муваффақ ба назар мегирад. Арзиш ҳамчун омили интихоб бояд оқилона истифода шавад. Вазни қиёсии ба сифат ва арзиш додашаванда бояд барои ҳар ҳолат вобаста ба хусусияти супориш муайян карда шавад.
253.Ҷараёни интихоб бояд марҳилаҳои зеринро дар бар гирад:
-омода намудани супориши техникӣ;
-омода намудани сметаи хароҷот;
-эълон;
-омода намудани рӯйхати мухтасари мушовирон;
-омода намудан ва додани дархости пешниҳодҳо;
-қабул кардан ва кушодани пешниҳодҳо;
-ошкоро кушодани пешниҳодҳои техникӣ;
-арзёбии техникии пешниҳодҳо, баррасии сифат;
-кушодани пешниҳодҳои молиявӣ;
-арзёбии пешниҳоди молиявӣ;
-арзёбии ниҳоии сифат ва арзиш;
-гуфтушунидҳо ва вобаста кардани шартнома ба ширкати интихобшуда.
§3. Супориши техникӣ
254.Ташкилоти харидор барои омодасозии супориши техникӣ масъул мебошад. Супориши техникӣ инҳоро дар бар мегирад:
-иттилооти маълумотномавӣ дар бораи супориш ва тавсифи умумии хусусияти супориш, зарурат ва аҳамияти он барои ташкилоти харидор (аз ҷумла номгӯйи таҳқиқот ва маълумоти заминавии дахлдори мавҷуда) ҷиҳати осонгардонии омодасозии пешниҳодҳои худ аз ҷониби мушовирон;
-ҳадаф ва вазифаҳои супориш;
-ҳаҷми кор ва вазифаҳое, ки бояд мушовир иҷро намояд, натиҷаҳои ниҳоӣ дар шакли ҳисоботҳо, маълумот, харитаҳо, таҳқиқот ва ғайра;
-тавсифи мухтасари таълим ва интиқоли дониш, агар зарур бошад, аз ҷумла иттилооти муфассал дар бораи шумораи кормандоне, ки бояд таълим гиранд;
-вазифаҳо, талабот нисбат ба тахассус ва таҷрибаи ҳайати кормандони асосӣ, инчунин сарфи тахминии вақти ҳайати кормандони асосӣ, ки аз мушовирон талаб карда мешавад;
-ҷое, ки дар он бояд хизматрасонӣ анҷом дода шавад;
-ҷаҳорчубаи вақт барои натиҷаҳои мухталифи иҷрои супориш;
-санаи эҳтимолие, ки дар он интизор аст мушовири интихобшуда ба хизматрасонӣ шуруъ мекунад;
-масъулияти ташкилоти харидор нисбат ба маълумоти ибтидоие, ки бояд ба мушовир ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо пешниҳод карда шавад (ба монанди ҳисоботҳои пешина дар бораи таҳқиқот, хизматрасонӣ, ҳайати кормандон, чораҳои мусоидат ва таҷҳизот);
-талабот ва расмиёти ҳисоботдиҳӣ;
-ҳама гуна масъалаҳои дигаре, ки ташкилоти харидор илова кардани онҳоро зарур мешуморад.
255.Супориши техникӣ бояд аз тарафи шахси дорои тахассус дар соҳаи супориш омода карда шавад. Супориши техникӣ набояд аз ҳад муфассал ва тағйирнаёбанда бошад, то ки мушовирони рақиб тавонанд методология ва ҳайати кормандони худро пешниҳод намоянд. Ҳаҷми хизматрасонии дар супориши техникӣ тавсифёфта бояд ба буҷети мавҷуда мутобиқат намояд. Уҳдадориҳои дахлдори такшилоти харидор ва мушовирон бояд дақиқан дар супориши техникӣ муайян карда шаванд.
256.Агар супориш ҷузъи муҳими таълим ё интиқоли донишро ба ҳайати кормандони ташкилоти харидор ё мушовирони миллӣ дар бар гирад, дар супориши техникӣ бояд ҳадафҳо, хусусият, ҳаҷм ва вазифаҳои барномаи таълимӣ, аз ҷумла иттилооти муфассал оид ба тренерҳо ва ҳайати кормандони омӯзонидашаванда, малакаҳои интиқолшаванда, муҳлатҳо, инчунин механизмҳои мониторинг ва арзёбӣ нишон дода шаванд. Арзиши барномаи таълимӣ бояд дар шартномаи мушовир ва ба буҷети супориш дохил карда шавад.
§4. Сметаи хароҷот
257.Омода намудани сметаи хароҷоти воқеъбинона барои ҷудо намудани захираҳои зарурии молиявӣ аҳамияти муҳим дорад. Сметаи хароҷот бояд арзёбии захираҳои барои иҷрои супориш заруриро, ки одатан инҳоро дар бар мегирад, пешбинӣ намояд:
-шумораи коршиносони асосӣ ва ғайриасосӣ ва талабот нисбат ба вақти онҳо;
-дастгирии моддию техникӣ ва хароҷоти ҷисмонӣ (масалан, биноҳои идоравӣ, таҷҳизоти идоравӣ, эҳтиёҷот ба сафар ва воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти лабораторӣ).
258.Хароҷотро иловатан ба ду категорияи васеъ ҷудо кардан мумкин аст:
- подошпулӣ ё ҳаққи қалам (вобаста ба навъи шартномаи истифодашаванда, яъне шартномаи бо пардохти вақтбайъ ё бо нархи собит);
-хароҷоти ҷуброншаванда барои дастгирии моддию техникӣ.
259.Сипас хароҷот ба хориҷӣ ва маҳаллӣ ҷудо карда мешавад. Арзиши сарфи вақти коршиносон бояд дар асоси арзёбии воқеъбинонаи таҷрибаи талабшавандаи байналмилалӣ ва миллӣ арзёбӣ карда шавад. Дар дархости пешниҳодҳо бояд сатҳи пешбинишавандаи сарфи вақти коршиносон ё арзиши умумии пешбинишавандаи шартнома, вале на арзёбии муфассал, ба монанди ҳаққи қалам ва ғайра нишон дода шавад.
§5. Эълон
260.Огоҳинома бо дархости изҳори манфиатдорӣ дар ҳолате интишор мешавад, ки агар арзиши пешбинишудаи супориш аз 3000 (се ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои соли дахлдор муқаррар намудааст, зиёдтар бошад. Интишори огоҳинома бояд дар портали ягона, инчунин дар воситаи чопии ахбори омма анҷом дода шавад.
261.Огоҳинома бо дархости изҳори манфиатдорӣ бояд мухтасар ҳаҷми васеи кор ё хизматрасонии талабшаванда, меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок ва тартиб додани руйхати мухтасар, ки мушовирон бояд ба онҳо мутобиқат намоянд, аз ҷумла таҷрибаи пешинаи муносиби иҷрои кор ё хизматрасонии ба ин монанд, вазъи молиявӣ, давраи тахминӣ барои анҷом ва ғайраро дар бар гирад.
262.Муҳлати ҳадди ақал барои пешниҳоди изҳори ҳавасмандӣ 14 (чордаҳ) рӯзи тақвимиро аз рӯзи интишори огоҳинома оид ба дархости изҳори ҳавасмандӣ ташкил медиҳад.
§6. Рӯйхати мухтасари мушовирон
263.Ташкилоти харидор дар асоси иттилооти дар дархости изҳори манфиатдорӣ зикргардида изҳори манфиатдории қабулнамудаашро баррасӣ ва арзёбӣ менамояд, то ин ки рӯйхати мухтасари иборат аз мушовиронро, ки барои иҷрои супориш нисбатан соҳибтахассус ҳисобида мешаванд, омода намояд. Дар баробари ин таҷрибаи мушовирон дар иҷрои супоришҳои монанд, таҷриба дар муҳит ва шароити монанди амалиётӣ, таҷриба ва тахассуси касбии дахлдор доштани ҳайати кормандони ӯ ва мавҷудияти захираҳои кофӣ барои иҷрои супориш, қобилияти идоракунӣ ва имкониятҳои молиявии мушовироне, ки изҳори манфиатдорӣ намудаанд, ба назар гирифта мешаванд.
264.Ба рӯйхати мухтасар бояд аз 3 (се) то 6 (шаш) ширкат дохил карда шавад. Ташкилоти харидор бояд аввал он ширкатҳоеро, ки манфиатдориро изҳор намуда дорои тахассуси муносиб мебошанд, баррасӣ кунад.
265.Агар ин талабот натавонад дар асоси изҳори манфиатдорӣ қонеъ карда шавад, ташкилоти харидор метавонад дар асоси донишҳои худ бевосита аз ширкатҳо ва ё мушовирони соҳибтахассусе, ки ба огоҳинома дар бораи изҳори манфиатдорӣ ҷавоб надоданд, изҳори манфиатдориро барои тартиб додани шумораи ҳадди ақал дархост намояд.
266.Агар миқдори ҷавобҳо барои он, ки дар натиҷа ҳадди ақал се ширкати соҳибтахассус ҳосил шавад, кофӣ набошад, эълон бояд такрор карда шавад. Вале дар ин ҳолат ҳаҷми васеи кор ё хизматрасонии талабшаванда, мавод ва кумакеро, ки бояд аз тарафи ташкилоти харидор пешниҳод гарданд, таҷдиди назар намудан зарур аст, то ин ки имконияти иштироки васеътар зиёд карда шавад.
267.Ташкилоти харидор руйхати мухтасари ниҳоии ширкатҳоро ба ширкатҳои изҳори манфиатдории баённамуда, инчунин ба ҳар гуна ширкат ё ташкилоти дар ин хусус дархостнамуда пешниҳод менамояд.
268.Дар ҳама ҳолатҳое, ки интишори огоҳинома бо дархости изҳори манфиатдорӣ мутобиқи банди 260 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ карда нашудааст, рӯйхати иборат аз се то шаш мушовирони соҳибтахассус бояд аз тарафи ташкилоти харидор дар асоси таҷрибаи пешина, донишҳои институтсионалӣ ё тавассути муроҷиат ба ташкилотҳои харидори дигар, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, иттиҳодияҳои мушовирон ва муассисаҳои дигари монанд омода карда шавад.
§7. Омодасозӣ ва додани дархости пешниҳодҳо
269.Дархости пешниҳодҳо бояд мактуб-даъватнома, дастурамал барои мушовирон ва варақаи иттилоотӣ, супориши техникӣ ва навъи шартномаи пешниҳодшавандаро дар бар гирад. Ташкилоти харидор бояд шакли стандартии дархости пешниҳодҳои бо тартиби муққарраршуда тасдиқшударо бо тағйироти ҳадди ақал, ки барои ба инобат гирифани шартҳои хоси лоиҳа заруранд, истифода намояд.
270.Дархости пешниҳодҳо бояд мактуб-даъватнома, дастурамал ба мушовирон, шаклҳои пешниҳодҳои техникӣ ва молиявӣ, супориши техникӣ ва шаклҳои стандартии шартнома дар бар гирад.
271.Мактуб-даъватнома – мактуби ташкилоти харидор бо дархости пешниҳодҳо ба ширкатҳои машваратӣ ва даъвати пешкаш намудани пешниҳод барои супориши машваратӣ. Дархости пешниҳодҳо бояд рӯйхати ҳамаи ширкатҳои ба рӯйхати мухтасар дохилгардида, ки ба онҳо чунин мактуб-даъватномаҳо ирсол мегарданд, ва усули интихоберо, ки истифода мешавад, дар бар гирад. Дар мактуб-даъватнома нияти ташкилоти харидор ҷиҳати бастани шартнома барои хизматрасонии машваратӣ, маълумоти муфассал дар бораи ташкилоти харидор, сана, вақт ва суроға барои пешкаш намудани пешниҳодҳо нишон дода мешаванд. Дар мактуб ба мушовирони ба рӯйхати мухтасар дохилгардида ба ҳар ширкати даъватшуда пешниҳод мегардад, ки қабул кардани дархости пешниҳодҳоро тасдиқ намуда, ба ташкилоти харидор иттилоъ диҳад, ки оё он пешниҳодро пешкаш менамояд;
272.Дастурамал ба мушовирон – дастурамалҳо бояд тамоми иттилооти заруриро, ки ба мушовирон барои омода намудани пешниҳодҳои ба талабот мутобиқ ва таъмин намудани шаффофияти ҳарчи бештари расмиёти интихоб кумак мерасонад, дар бар гирифта, иттилоотро дар бораи ҷараёни арзёбӣ пешниҳод намояд ва меъёру омилҳои арзёбӣ, вазни қиёсии онҳо ва холи ҳадди ақалли тахассусии техникиро нишон диҳанд. Дастурамал ба мушовирон бояд арзёбии ҳаҷми сарфи вақти ҳайати кормандони асосӣ (бо нафар дар як моҳ), ки аз мушовирон талаб карда мешавад, ё буҷети умумиро, вале на ҳар ду якҷо нишон диҳанд. Зимнан мушовирон метавонанд арзёбии худро оид ба вақти кори ҳайати кормандон барои иҷрои супориш озодона тартиб дода, арзиши дахлдоррро дар пешниҳодҳои худ ишора намоянд. Дастурамал ба мушовирон бояд муҳлати амали пешниҳодро, ки бояд барои арзёбии пешниҳодҳо, қабули қарор дар бораи вобастакунӣ ва такмили ниҳоии шартнома кофӣ бошад, нишон диҳанд. Дар Дастурамал ба мушовирон талаби пешкаш намудани пешниҳоди пурраи техникӣ ё пешниҳоди содакардашудаи техникӣ нишон дода мешавад.
273.Дастурамалҳо ба мушовирон бояд иттилооти мувофиқро оид ба ҷанбаҳои зерини супориш дар бар гиранд:
-тавсифи мухтасари супориш;
-шаклҳои стандартии пешниҳодҳои техникӣ ва молиявӣ;
-ном ва иттилоот барои тамоси шахсони мансабдоре, ки ба онҳо бояд шарҳу эзоҳ ирсол карда карда шавад;
-иттилооти муфассал дар бораи расмиёти интихоб, ки бояд риоя шавад, аз ҷумла тавсифи ҷараёни думарҳилагӣ, агар ҷоиз бошад, номгӯйи меъёрҳои техникии арзёбӣ ва вазни ба ҳар меъёр додашуда, тафсилоти арзёбии молиявӣ, вазни қиёсии сифат ва арзиш дар ҳолати интихоб дар асоси сифат ва арзиш, холи ҳадди ақалли гузариш аз рӯйи сифат ва тафсилоти кушодани ошкорои пешниҳодҳои молиявӣ;
-арзёбии сатҳи сарфи вақти ҳайати кормандони асосӣ (бо нафар дар як моҳ), ки аз мушофирон талаб карда шавад, ё буҷети умумӣ, вале на ҳарду;
-нишон додани тахассуси академӣ, таҷрибаи ҳадди ақал ва ғайрае, ки аз ҳайати кормандони асосӣ интизор меравад;
-асъор ё асъорҳое, ки бо он арзиши хизматрасониҳо бояд ифода, муқоиса ва пардохт карда шавад;
-муҳлати ниҳоии пешкаш намудани пешниҳодҳо;
-изҳорот дар хусуси он, ки ширкат ва ҳар яке аз шахсони вобастаи он аз пешниҳод мол, кор ва хизматрасонӣ бартараф карда мешаванд, агар ба ақидаи ташкилоти харидор чунин фаъолият бархӯрди манфиатҳо нисбат ба хизматрасонӣ тибқи супориш мебошад, инчунин хотиррасонӣ ба мушовирон дар мавриди муқаррарот дар бораи қаллобию коррупсия ва бархӯрди манфиатҳо;
-усули пешкаш намудани пешниҳод, инчунин талабот дар хусуси он, ки пешниҳодҳои техникӣ ва пешниҳодҳои молиявӣ сарбаста бошанд ва тарзе алоҳида пешкаш карда шаванд, ки нарх ба арзёбии техникӣ таъсир нарасонад;
-рӯйхати мухтасари мушовироне, ки ба онҳо пешкаш намудани пешниҳодҳо таклиф мегардад ва оё гурӯҳҳои таҳвилгарон (паймонкорон) байни мушовирони ба рӯйхати мухтасар воридгардида қобили қабул мебошанд;
-даврае, ки дар давоми он пешниҳодҳои мушовирон боэътибор дониста мешаванд ва дар давоми он мушовирон уҳдадор мешаванд, ки ҳайати кормандони асосии пешниҳодшавандаро бетағйир нигоҳ дошта, меъёрҳо ва нархи умумии пешниҳодшударо риоя намоянд;
-санаи эҳтимолие, ки дар он мушовири интихобшуда, тавре интизор меравад, ба иҷрои супориш оғоз мекунад;
-эътибор доштани пешниҳод;
-расмиёти коркарди дархости шарҳу эзоҳи иттилооти дар дархости пешниҳодҳо зикргардида;
-ҳама гуна шартҳо барои интиқоли қисми супориш ба паймонкории фаръӣ.
274.Шаклҳои пешниҳодҳои техникӣ ва молиявӣ – ба ин фасл шаклҳои пешниҳоди пурраи техникӣ барои супоришҳои мавриди рақобат дар асоси сифат ва арзиш ва пешниҳоди соддакардашудаи техникӣ барои супоришҳои начандон калон бидуни рақобат дар асоси сифат ва арзиш, ки бояд аз тарафи мушовирон пур карда шуда, мутобиқи талаботи дар онҳо зикргардида пешкаш карда шаванд, дохил карда шудаанд.
275.Супориши техникӣ – дар ин фасл иттилооти муфассал ва ҳаматарафа оид ба бандҳои гуногуни дар параграфи 3 боби мазкур номбаршуда оварда мешавад.
276.Шаклҳои стандартии шартнома – ин фасл шаклҳои стандартии шартномаро, ки одатан шартномаи бо пардохти вақтбайъ ё шартномаи бо нархи собит мебошад, дар бар мегирад. Он шартҳои умумии шартнома ва шартҳои махсуси шартномаро дар бар мегирад. Ташкилоти харидор бояд шакли дахлдори стандартии шартномаи бо тартиби муққарраршуда тасдиқшударо истифода намояд. Ҳар гуна тағйирот бояд танҳо ба шартҳои махсуси шартнома, то ин, ки шартҳои хоси лоиҳа ба инобат гирифта шаванд, ворид карда шаванд. Ворид намудани тағйирот ба матни шартҳои умумии шартнома иҷозат дода намешавад.
§8. Қабули пешниҳодҳо ва кушодани пешниҳодҳои техникӣ
277.Ташкилоти харидор ба мушовирон барои омода намудани пешниҳодҳои худ, бо дар назар доштани муҳлатҳои камтарин барои дархости пешниҳодҳо барои хизматрасониҳои машваратӣ, ки бо параграфи 2 боби 7 Қоидаҳои мазкур муқаррар шудаанд, ва вобаста ба супориш вақти кофӣ медиҳад. Дар давоми ин фосила ширкатҳо метавонанд шарҳу эзоҳи иттилооти дар дархост барои пешкаш намудани пешниҳодҳо дарҷгардидаро дархост намоянд. Ташкилоти харидор метавонад то пешкаш гардидани пешниҳодҳо конференсияро барои шарҳи дархостҳо таъин намояд. Ташкилоти харидор ин шарҳу эзоҳро дар шакли хаттӣ пешниҳод намуда, ба ширкатҳои ба рӯйхати мухтасар дохилшуда нусхаҳои онро ирсол менамояд. Дар ҳолати зарурат ташкилоти харидор муҳлати ниҳоии пешкаш намудани пешниҳодҳоро тамдид менамояд.
278.Пешниҳодҳои техникӣ ва молиявӣ бояд дар як вақт пешкаш гарданд. Барои таъмини дурусткории ҷараён пешниҳодҳои техникӣ ва молиявӣ дар ҳолате, ки агар пешниҳодҳо ҷисман қабул шуда бошанд, бояд дар лифофаҳои алоҳидаи сарбаста пешкаш гарданд, барои хариди электронӣ бошад, низом қабули алоҳидаи пешниҳодҳои техникӣ ва молиявиро пешбинӣ менамояд. Пешниҳоди техникӣ бояд бетаъхир кушода шавад. Дар маросими ифтитоҳ ному насаби мушовирон, ки пешниҳодҳо пешкаш кардаанд, мавҷуд будан ё набудани лифофаҳои молиявии ба таври лозима сарбаста ва ҳар гуна маълумоти дигари зарур шуморида бояд бо овози баланд хонда шавад. Ҳангоми кушодани пешниҳодҳои техникӣ ташкилоти харидор ҳуқуқ надорад ягон пешниҳодро рад кунад ё бартариятҳои ягон пешниҳодро баррасӣ кунад.
279.Пешниҳодҳои молиявӣ бояд то анҷомёбии арзёбии техникӣ сарбаста боқӣ монанд. Ҳар пешниҳоде, ки пас аз ба охир расидани муҳлати ниҳоии пешкаш намудани пешниҳодҳо қабул шудааст, бояд пас аз ба охир расидани муҳлат воридгардида эълон гардида, бетаъхир нокушода баргардонида шавад.
280.Аз мушовирон талаб карда намешавад ё ба онҳо иҷозат дода намешавад, ки пас аз анҷоми муҳлати ниҳоии пешкаши пешниҳодҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба пешниҳоди худ тағйирот ворид кунанд. Ҳангоми арзёбии пешниҳодҳо ташкилоти харидор арзёбиро танҳо дар асоси пешниҳодҳои техникӣ ва молиявии пешкашгардида мегузаронад ва аз мушовирон тавзеҳот дархост намекунад.
§9. Арзёбии пешниҳодҳо: баррасии сифат ва арзиш
281.Арзёбии пешниҳодҳо бояд дар ду марҳила гузаронида шавад: аввал пешниҳоди техникӣ аз рӯйи сифат ва сипас пешниҳоди молиявӣ аз рӯйи арзиш.
282. Комиссияи озмунӣ зимни арзёбии пешниҳодҳои техникӣ то анҷомёбии арзёбии техникӣ набояд ба пешниҳодҳои молиявӣ дастрасӣ дошта бошад. Арзёбӣ бояд пурра мутобиқ ба шартҳои дархости пешниҳодҳо гузаронида шавад.
§10. Арзёбии сифат
283.Дархости пешниҳодҳо бояд инҳоро барои муайян намудани меъёрҳои арзёбӣ ба назар гирад:
- вазни қиёсие, ки бояд ба сифат ва арзиш дода шавад, дар ҳар ҳолати мушаххас вобаста ба хусусияти супориш муайян карда мешавад ва метавонад байни сифат ва арзиш мувофиқан то 80 дарсад ва 20 дарсад тақсим карда шавад, агар супориш хусусияти байнисоҳавӣ ва мураккаб дошта, сифати баланди саҳмгузории зеҳнӣ ва касбиро тақозо намояд;
- доираи холи умумии ҳадди ақалли техникӣ аз 70 то 85-ро ташкил медиҳад.
284.Чун қоида, 5 (панҷ) меъёри зерин ба дархости пешниҳодҳо барои арзёбии техникии пешниҳодҳо дохил карда мешаванд:
- таҷрибаи махсуси мушовирон;
- мутобиқ будани равиш, методолгия ва нақшаи кори пешниҳодшаванда ба супориши техникӣ;
- тахассус ва таҷрибаи коршиносони асосӣ;
- короям будани барномаи интиқоли дониш, агар татбиқшаванда бошад;
- ҷузъи маҳаллӣ, яъне дараҷаи ба ҷумлаи коршиносони асосӣ шомил гардидани шаҳрвандони кишвар, агар татбиқшаванда бошад.
285.Ҳангоми муайян намудани холҳое, ки бояд аз рӯйи ҳар меъёри дар боло зикргардида гузошта шаванд, ташкилоти харидор инҳоро баррасӣ менамояд:
- вазни нисбии барои таҷриба гузошташаванда метавонанд нисбатан пасттар бошад, зеро ин омил аллакай ҳангоми тартиб додани рӯйхати мухтасари мушовирон ба назар гирифта шуда буд. Вазни нисбии зиёдтар бояд ба методология дар мавриди супоришҳои бештар мураккаб (мисол, асосноккунии байнифаннии техникию иқтисодӣ ё таҳқиқот оид ба идоракунӣ) дода шавад;
- танҳо коршиносони асосӣ бояд арзёбӣ шаванд. Азбаски онҳо дар ниҳоят сифати иҷроро муайян мекунанд, ба ин меъёр бояд вазни нисбии бештар дода шавад, агар супориши пешниҳодшуда мураккаб бошад.
286.Ташкилоти харидор бояд тахассус ва таҷрибаи коршиносони асосии пешниҳодшударо дар тарҷумаи ҳоли онҳо, ки бояд дақиқ, пурра бошад ва аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдори ширкати машваратӣ ва шахси пешниҳодшуда имзо карда шавад, тафтиш кунад.
287.Шахсон бояд аз рӯйи се зермеъёри зерин, тавре ба супориш мутобиқ аст, баҳо дода шаванд:
-тахассуси умумӣ, аз ҷумла таҳсилоти умумӣ ва треннингҳо, давомнокии собиқаи кор, мансаби ишғолкарда, таъиноти пештара ба ҳайси коршиноси гурӯҳ ва ғайра;
-мувофиқ будан ба супориш, аз ҷумла таҳсилот, треннингҳо ва таҷриба дар бахш, соҳа, фанни мушаххас ва ғайра, ки ба супориши мушаххас дахл дорад;
-таҷриба дар минтақа, аз ҷумла донистани забон, фарҳанг, низоми маъмурӣ ва ташкилоти давлатии маҳаллӣ ва ғайра.
288.Интиқоли дониш метавонад барои баъзе супоришҳо муҳимтар бошад ва ҳамин тариқ ҳангоми тақсимоти холҳо бояд муҳимият ва зарурат ба назар гирифта шавад.
289.Дар ҳолати дар асоси байналмилалӣ интишор гардидани дархост, холҳои муайян метавонанд барои истифодаи шаҳрвандони маҳаллӣ ба сифати коршиносони асосӣ гузошта шаванд, ва, чун қоида, миқдори ҳадди аксари холҳои гузошташаванда бояд ба 10 (даҳ) баробар бошад.
290.Холҳо аз рӯйи меъёрҳои асосӣ дар доираи тақсимоти холҳо, ки бо замимаи 7 ба Қоидаҳои мазкур тасдиқ карда шудаанд, таъин карда мешаванд.
291.Аъзои комиссияи озмун пешниҳодҳоро мувофиқи меъёрҳои арзёбӣ, ки дар дархости пешниҳодҳо нишон дода шудаанд, арзёбӣ мекунанд ва ҷиҳатҳои қавӣ ва заифии пешниҳодҳоро қайд мекунанд. Пешниҳод рад карда мешавад, агар он ба ҷанбаҳои муҳими дар дархости пешниҳодҳо тавсифшуда мувофиқат накунад ё ба холи ҳадди ақали техникии дар дархости пешниҳодҳо нишондодашуда ноил нагардад.
292.Дар охири ҷараёни арзёбӣ ташкилоти харидор ҳисобот дар бораи арзёбии техникии сифати пешниҳодҳоро бо зикри арзёбии техникии ҳар пешниҳод, ки бо тавсифи ҷиҳатҳои қавӣ ва заифӣ аз рӯйи ҳар як меъёр ва зермеъёр асоснок карда шудааст, омода менамояд. Ҳамаи сабтҳои марбут ба арзёбӣ, аз ҷумла варақҳо бо баҳоҳои инфиродӣ бояд дар парвандаи харид нигоҳ дошта шаванд.
293.Ташкилоти харидор он мушовиронеро, ки пешниҳодҳояшон холи ҳадди ақалли тахассусӣ нагирифтаанд, огоҳ менамояд, ки пешниҳодҳои молиявии онҳо пас аз анҷоми ҷараёни интихоб нокушода баргардонида мешаванд. Илова ба ин, ташкилоти харидор ҳар яке аз ин мушовиронро дар бораи холии умумии техникӣ, инчунин холҳо аз рӯйи ҳар як меъёр ва зермеъёр (агар чунин зермеъёрҳо муқаррар шуда бошанд), хабардор менамояд.
294.Ташкилоти харидор ҳамзамон мушовиронеро, ки холи ҳадди ақали тахассусӣ гирифтаанд, огоҳ намуда, сана ва вақти кушодани пешниҳодҳои молиявӣ, ки онҳо ба он бояд даъват карда шаванд, зикр менамояд. Санаи кушодашавии пешниҳодҳои молиявӣ бояд на барвақттар аз 5 (панҷ) рӯзи корӣ пас аз санаи огоҳкунӣ бошад.
§11. Кушодани пешниҳодҳои молиявӣ ва арзёбии арзиш
295.Пешниҳодҳои молиявӣ бояд дар ҳузури намояндагони мушовирон, ки изҳори хоҳиши ҳузур доштан мекунанд, ошкоро кушода шаванд. Номи мушовир, баҳоҳои техникӣ ва нархи пешниҳодҳо бо овози баланд хонда шуда (ва дар ҳолати истифодаи пешкаши электронии пешниҳодҳо, онлайн ҷойгузорӣ шуда), ҳангоми кушодани пешниҳодҳои молиявӣ сабт карда мешаванд. Ташкилоти харидор инчунин протоколи кушодани ошкороро тартиб дода, онро ба сифати сабт пеш мебарад.
296.Дар ҳолате, ки агар пешниҳодҳои техникӣ ва молиявӣ дар портали ягона қабул шуда бошанд, ташкилоти харидор метавонад низомҳои ҳифзгардидаи хариди электрониро истифода намояд.
297.Сипас ташкилоти харидор пешниҳодҳои молиявиро баррасӣ менамояд. Нархҳо бояд ба сомонии тоҷикӣ, тавре дар дархости пешниҳодҳо дарҷ гардидааст, бо истифода аз қурби фурӯши (мубодилаи) ин асъорҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон табдил дода шаванд. Дар дархости пешниҳодҳо бояд санаи қурби асъор нишон дода шавад, ки он наметавонад чор ҳафта пеш аз ба охир расидани муҳлати пешкаши пешниҳодҳо ва на дертар аз санаи ибтидоии ба охир расидани муҳлати эътибори пешниҳодҳо бошад. Ҳама гуна хатоиҳои риёзӣ бояд ислоҳ карда шуда нархҳо бошад, агар онҳо ҳамаи захираҳои дар пешниҳодҳои техникии дахлдор дохилшударо инъикос накунанд, тасҳеҳ карда шаванд. Барои мақсадҳои арзёбӣ арзиш бояд ҳамаи подошҳои мушовирон ва хароҷоти дигарро, ба монанди сафарҳо, тарҷума, чопи ҳисобот ё хароҷоти котиботӣ дар бар гирад. Барои мақсадҳои арзёбӣ арзиш инчунин андозҳои дар Тоҷикистон пардохтшавандаро ро дар бар мегирад. Ба пешниҳоди дорои нархи пасттарин холи молиявии 100 (сад), ба пешниҳодҳои дигар бошад, холҳои молиявии мутаносиби баръакс ба нархашон дода шавад. Методологияи истифодашаванда бояд дар дархости пешниҳодҳо тавсиф карда шавад.
§12. Арзёбии омехтаи сифат ва арзиш
298.Холи умумӣ бояд тавассути ҳисоби вазни холҳо аз рӯйи сифат ва арзиш ва ҷамъ кардани онҳо дар асоси вазни дар дархости пешниҳодҳо зикргардидаи онҳо ҳосил карда шавад. Вазни барои сифат ва арзиш пешниҳодшаванда бояд дар дархости пешниҳодҳо зикр карда шавад. Ширкате, ки холи умумии баландтарин гирифтааст, бояд барои вобастакунии шартнома тавсия дода шавад.
§13. Вобастакунии шартнома
299.Мушовире, ки миқдори зиёдтарини холҳоро гирифтааст, бояд барои муҳокимаи техникӣ ва мувофиқакунии ниҳоии шартнома даъват карда шавад. Бо мушовире, ки барои бастани шартнома тавсия гардидааст, метавонанд оид ба супориши техникӣ, методология, ҳайати кормандон, саҳми ташкилоти харидор ва шартҳои махсуси шартнома муҳокимаҳо гузаронида шаванд. Ин муҳокимаҳо набояд ҳаҷми ибтидоии хизматрасониро мутобиқи супориши техникӣ ё шартҳои шартнома ба таври назаррас тағйир диҳанд, то ки ин ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ, нархи он ва муҳиммияти арзёбии ибтидоӣ таъсир нарасонад. Ҳеҷ гуна ихтисори корҳо набояд танҳо барои мутобиқат намудан ба буҷет амалӣ карда шавад, бинобар ин ташкилоти харидор бояд таъминоти зарурии буҷетиро то такмили ниҳоии супориши техникӣ таъмин намояд. Супориши техникии ниҳоӣ ва методологияи мувофиқашуда бояд ба «Тавсифи хизматрасонӣ», ки бояд қисми шартнома гардад, дохил карда шаванд.
300.Ба ширкати интихобгардида набояд иваз кардани кормандон иҷозат дода шавад, танҳо агар ҳарду тараф бо он розӣ нашавад, ки батаъхирандозии аз ҳад зиёд дар ҷараёни интихоб чунин ивазкуниро ногузир мегардонад ё чунин тағйирот барои ноил гардидан ба ҳадаф аҳамияти ҳалкунанда дорад. Агар чунин набошад ва муқаррар карда шавад, ки кормандони асосӣ ба пешниҳод бе тасдиқи мавҷудияти онҳо дохил карда шудаанд, ширкат метавонад хориҷ карда шавад ва ҷараён бо ширкати аз рӯйи рейтинг навбатӣ идома дода мешавад. Ҳайати кормандони асосии барои ивазкунӣ пешниҳодшаванда бояд дорои тахассуси баробар ё баландтар аз ҳайати кормандони асосии дар ибтидо пешниҳодшуда бошад.
301.Дар шартномаҳои бо нархи собит пардохтҳо аз натиҷаи иҷро (ё маҳсулот) вобастаанд, бинобар ин нархи пешниҳодшаванда боят тамоми хароҷотро (вақти кормандон, хароҷоти иловагӣ, сафарҳо, меҳмонхона ва ғайра) дар бар гиранд. Дар ҳолати шартномаҳои бо пардохти вақтбайъ, пардохт ба хароҷот (вақти ҳайати кормандон ва хароҷоти ҷуброншаванда) асос меёбад, нархи пешниҳодшаванда бошад, бояд меъёрҳои ҳайати кормандон ва арзёбии маблағи хароҷоти ҷуброншавандаро дар бар гирад. Хароҷоти ҷуброншаванда бояд аз рӯйи хароҷоти воқеӣ ҳангоми пешкаш гардидани расид (квитансия) ё ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дигар пардохт карда шавад.
302.Пас аз анҷом додани муҳокимаҳои техникӣ, ташкилоти харидор бетаъхир огоҳинома дар бораи вобастакунии шартномаро ирсол намуда, ширкатҳои дигарро дар хусуси он огоҳ мекунад, ки онҳо муваффақ нагардидаанд.
§14. Ба созиш омада натавонистан бо мушовири муваффақ
303.Агар муҳокимаҳо бо мушовири аввали интихобшуда ба бастани шартномаи қобили қабул оварда нарасонанд, ташкилоти харидор бо мактуби ба ин мушовир ирсолгардида муҳокимаҳоро қатъ намуда, ширкатеро, ки аз рӯйи рейтинг мавқеи навбатиро ишғол менамояд, ба музокирот даъват мекунад.
304.Мушовире, ки бо ӯ музокирот қатъ мегардад, бояд дар бораи сабабҳои қатъкунӣ огоҳ карда шавад. Пас аз оғози музокирот бо ширкати дорои рейтинги навбатӣ ташкилоти харидор набояд муҳокимаҳои пешинаро барқарор намояд. Пас аз анҷоми бомуваффақияти муҳокимаҳо ташкилоти харидор иштирокчиёни дигари озмунро, ки ба рӯйхати мухтасар дохил гардидаанд, огоҳ месозад, ки онҳо муваффақ нашудаанд.
§15. Интишор дар бораи вобастакунии шартнома
305.Ташкилоти харидор пас аз анҷоми давраи интизорӣ маълумотро оид ба вобастакунии шартнома дар портали ягона интишор менамояд. Ҳангоми интишори маълумот оид ба вобастакунии шартнома, ташкилоти харидор хабар медиҳад, ки ҳар як мушовир, ки мехоҳад маълумот дар бораи сабабҳои интихоб нашудани пешниҳодаш ба даст орад, бояд барои тавзеҳот ба ташкилоти харидор муроҷиат кунад. Ташкилоти харидор бояд на дертар аз 3 (се) рӯзи корӣ ба таври хаттӣ шарҳ диҳад, ки чаро ин пешниҳод интихоб нашудааст. Агар мушовир вохурии ҷамъбасти натиҷаҳоро дархост кунад, мушовир тамоми хароҷоти марбут ба иштирок дар чунин вохурии ҷамъбасти натиҷаҳоро ба уҳда дорад.
§16. Рад кардани ҳамаи пешниҳодҳо ва даъвати такрорӣ
306.Бидуни расонидани зарар ба ҳуқуқи ташкилоти харидор барои бекор кардани расмиёти интихоб, ташкилоти харидор метавонад ҳамаи пешниҳодҳоро танҳо дар ҳолате рад кунад, ки агар ҳамаи пешниҳодҳо аз рӯйи моҳият ҷавобгӯи талабот набошанд, чунки онҳо дорои фарқияти ҷиддӣ аз супориши техникӣ мебошанд ё ҳамаи онҳо холи ҳадди ақалли тахассусиро нагирифта бошанд ва ё ташкилоти харидор ба хулоса ояд, ки байни мушовирон ҳолати забоняккунӣ ҷой дорад ё бинобар он, ки арзишеро доранд, ки нисбат ба арзиши дар ибтидо пешбинишуда хеле баландтар мебошад. Дар ҳолати охирин бояд имконияти зиёд кардани буҷет ё кам кардани ҳаҷми хизматрасонӣ пеш аз даъвати такрорӣ омӯхта шавад. Ташкилоти харидор пеш аз шурӯъ кардани радкунӣ ва раванди нав бояд сабабҳои нокомии раванди қаблиро тафтиш кунад. Раванди нав метавонад аз нав дида баромадани дархости пешниҳодҳо, аз ҷумла супориши техникӣ, рӯйхати мухтасар ва буҷетро дар бар гирад.
§17. Усулҳои дигари интихоб
307.Хариди хизматрасонии машваратӣ истифодаи усулҳои зерини аз усули интихоб дар асоси сифат ва арзиш фарқкунандаро вобаста ба ҳолатҳои мушаххасе, ки ин усулҳо дар муқоиса бо усули интихоб дар асоси сифат ва арзиш фоиданоктар ҳисоб мешаванд, пешбинӣ менамояд:
-интихоб дар асоси сифат;
-интихоб дар шароити буҷети муқарраршуда;
-интихоб аз рӯйи нархи пасттарин;
-интихоб дар асоси тахассуси мушовир;
-хариди мустақим.
308.Ҳамаи муқаррароти дахлдор марбут ба усули интихоб дар асоси сифат ва арзиш мутобиқи банди 253 Қоидаҳои мазкур ҳамчунин нисбати методологияи дигари интихоб дар ҳама ҷое, ки интихоби озмунии мушовир гузаронида мешавад, татбиқ карда мешаванд.
§18. Интихоб дар асоси сифат
309.Интихоб дар асоси сифат барои навъҳои зерини супоришҳо муносиб мебошанд:
-супоришҳои мураккаб ё хеле махсусгардонидашуда, ки барои онҳо муайян кардани супориши дақиқи техникӣ ва саҳми зарурии мушовирон душвор аст ва ташкилоти харидор барои онҳо аз мушовирон интизор аст, ки дар пешниҳодҳои худ навоварӣ нишон диҳанд (масалан, таҳқиқоти иқтисодӣ ё соҳавии мамлакат, асосноккунии техникӣ-иқтисодии бисёрсоҳавӣ, тарҳрезии корхонаи коркарди партовҳои хатарнок ё нақшаи генералии шаҳр, ислоҳоти бахши молиявӣ);
-супоришҳое, ки таъсири моҳиятдоштаи дарозмуддат доранд ва ҳадафи онҳо ҷалби мутахассисони беҳтарин мебошад (масалан, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳрезии сохтории муҳандисии чунин инфрасохтори бузург, ба монанди сарбандҳои калон, таҳқиқоти сиёсии дорои аҳамияти миллӣ, таҳқиқоти идоракунии муассисаҳои калони давлатӣ);
-супоришҳое, ки метавонанд бо роҳҳои моҳиятан гуногун амалӣ карда шаванд, ки пешниҳодҳо наметавонад муқоиса карда шаванд (масалан, тавсияҳо оид ба идоракунӣ, инчунин таҳқиқоти соҳавӣ ва оид ба муайян кардани чораҳои сиёсат, ки дар онҳо арзиши хизматрасониҳо аз сифати таҳлил вобаста аст).
310.Вақте ташкилоти харидор интихоб дар асоси сифатро истифода менамояд, раванди интихоб дар асоси сифат бояд ба раванди, ки дар расмиёти интихоб дар асоси сифат ва арзиш татбиқ мегардад, агар дар банди мазкур тартиби дигар зикр нагардида бошад, шабеҳ бошад. Ташкилоти харидор бояд иқдомҳои зерин андешад:
-холи гузариш аз рӯйи сифатро муқаррар намояд;
-арзёбии пешниҳодҳои техникӣ бо ҳамон методологияе, ки ҳангоми интихоби сифат ва арзиш истифода шудааст, гузаронида мешавад. Ҳамаи мушовирон, ки ба ҳадди ақали холи техникӣ ноил шудаанд, барои кушодани пешниҳодҳои молиявӣ даъват карда мешаванд. Аммо, пас аз эълон кардани холҳои техникии ҳар як пешниҳод, танҳо пешниҳоди молиявии ширкати бо пешниҳоди техникии баландтарин ҳисобшуда кушода мешавад ва боқимонда пас аз бастани шартнома бидуни кушодашавӣ баргардонида мешавад;
-пас аз арзёбии пешниҳоди молиявӣ ташкилоти харидор мушовири дорои рейтинги баландтаринро барои гуфтушунид оид ба пешниҳоди молиявӣ ва шартнома даъват менамояд. Ҳама ҷанбаҳои дигари раванди интихоб бояд бо ҷанбаҳои интихоби сифат ва арзиш, аз ҷумла интишори вобастакунии шартнома, ки дар параграфи 15 боби мазкур тавсиф шудаанд, шабеҳ бошанд, ба истиснои ин ки танҳо нархи шартномаи ширкати ғолиб интишор мешавад;
-агар ба ташкилоти харидор возеҳ гардад, ки музокирот бо мушовири дорои рейтинги баландтарин боиси бастани шартномаи қобили қабул намегардад, ба ин мушовир иттилоъ диҳад, ки он гуфтушунидро қатъ менамояд;
-сипас ташкилоти харидор пешниҳоди молиявиеро, ки ҳангоми арзёбии техникӣ баҳои беҳтарини дуюмро гирифтааст, кушода, мушовирро барои музокирот даъват менамояд ва агар музокирот бо ин мушовир бо бастани шартнома дар бораи харид анҷом наёбад, ташкилоти харидор ба кушодани пешниҳоди молиявӣ идома дода, мушовирони дигарро барои гуфтушунид дар асоси рейтинги онҳо то замоне даъват менамояд, ки он ба бастани шартнома дар бораи харид ноил нагардад ё ҳамаи пешниҳодҳои боқимондаро рад накунад.
§19. Интихоб дар шароити буҷети муқарраршуда
311.Ин усул танҳо вақте мувофиқ аст, ки супориш одӣ бошад ва он метавонад дақиқ муайян карда шавад, инчунин вақте, ки буҷет муқаррар карда шудааст. Дар дархости пешниҳодҳо бояд буҷети дастрас нишон дода шавад. Агар мутобиқи дархости пешниҳодҳо интихоб дар шароити буҷети муқарраршуда гузаронида шавад, раванди интихоб бояд ба раванди зимни расмиёти интихоб дар асоси сифат ва арзиши татбиқшаванда шабеҳ бошад, ба истиснои он, ки:
- пас аз арзёбии молиявӣ, пешниҳодҳое, ки нархашон аз буҷет болотар мебошанд, рад карда шуда, пешниҳод бо холи баландтарини техникӣ байни пешниҳодҳои дигар ҳамчун пешниҳоди судмандтарин интихоб карда мешавад;
- мушовири интихобшуда барои муҳокимаи муфассали пешниҳоди техникӣ бо мақсади бастани шартномаи қобили қабул даъват карда мешавад. Агар ин муяссар нагардад, ташкилоти харидор гуфтушунидро қатъ намуда, мушовири дорои рейтинги баланди навбатиро интихоб менамояд.
§20. Интихоб аз рӯйи нархи пасттарин
312.Ин усул одатан ҷиҳати интихоби мушовирон барои супоришҳои дорои хусусияти стандартӣ ё маъмулӣ (масалан, аудит), ки дар онҳо амалия ва стандартҳои муқаррарӣ мавҷуданд, муносиб аст. Агар мутобиқи дархости пешниҳодҳо барои муайян кардани пешниҳодҳои муваффақ усули интихоб аз рӯйи нархи пасттарин истифода шавад, раванди интихоб бояд ба раванди зимни расмиёти интихоб дар асоси сифат ва арзиши татбиқшаванда шабеҳ бошад, ба истиснои он, ки:
-пас аз арзёбии молиявӣ, мушовире, ки нархи пешниҳоди молиявиаш дар байни мушовироне, ки пешниҳодҳои онҳо холҳои ҳадди ақалли техникиро гирифтаанд, пасттарин мебошад, ҳамчун мушовир бо пешниҳоди беҳтарин интихоб карда мешавад;
-мушовири интихобшуда ба муҳокимаҳои муфассали пешниҳоди техникӣ, то ин ки шартномаи қобили қабул ба даст оварда шавад, даъват карда мешавад. Агар ин натиҷа надиҳад, ташкилоти харидор гуфтушунидҳоро қатъ намуда, мушовир бо пешниҳоди навбатии беҳтаринро интихоб менамояд.
§21. Интихоб дар асоси тахассуси мушовир
313.Ин усул метавонад барои супоришҳои хурд ё ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудаанд, истифода карда шавад. Хариди хизматрасонии машваратӣ дар асоси тахассуси мушовир дар ҳолате гузаронида мешавад, ки агар маблағи харид аз 7500 (ҳафт ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои соли дахлдор муқаррар намудааст, зиёдтар набошад.
314.Ташкилоти харидор бояд супориши техникиро омода созад ва изҳори манфиатдорро тавассути дархост барои изҳори ҳавасмандӣ аз ҳадди ақал се ширкати соҳибихтисос бо маълумот дар бораи таҷриба ва тахассуси онҳо гирад. Ширкатҳое, ки таҷриба ва салоҳияти ба супориш мувофиқро доранд, бояд арзёбӣ ва муқоиса карда шуда, ширкати аз ҳама соҳибихтисос ва ботаҷриба интихоб карда шавад. Танҳо ба ширкати интихобшуда пешниҳод карда мешавад, ки пешниҳоди якҷояи техникӣ ва молиявиро пешкаш намояд.
315.Пас аз арзёбӣ, агар чунин пешниҳод ба талабот ҷавобгӯ ва қобили қабул бошад, ба мушовир гузаронидани гуфтушунид оид ба шартнома пешниҳод карда мешавад. Ҳам ҷанбаҳои техникӣ ва ҳам молиявии пешниҳод метавонад мавриди гуфтушунид қарор дода шаванд. Агар ин натиҷа надиҳад, ташкилоти харидор бояд гуфтушунидро қатъ карда, мушовири аз рӯйи рейтинг навбатиро интихоб намояд.
316.Протоколи гуфтушунид тартиб дода, аз тарафи ҳар ду тараф имзо карда мешавад. Вобастакунии шартнома бояд мутобиқи параграфи 15 боби мазкур интишор карда шавад.
§22. Интихоби мустақими хизматрасонии машваратӣ
317.Интихоби мустақими хизматрасониҳои машваратӣ бартариҳои рақобатро аз ҷиҳати сифат ва арзиш, шаффофияти интихобро таъмин намекунад ва метавонад амалияҳои номатлубро ҳавасманд кунад. Аз ин рӯ, интихоби мустақим бояд танҳо дар ҳолатҳои истисноии зерин истифода шавад:
-агар хизматрасониҳо табиатан ба таври илова ба хизматрасониҳои қаблӣ, ки аз тарафи мушовир расонида шудаанд, зарур бошанд ва аз гузаронидани расмиёти озмунӣ фоидае набошад;
-агар арзиши хизматрасонӣ аз 2500 (ду ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ барои соли дахлдор муқаррар намудааст, камтар бошад;
-агар танҳо як мушовири соҳибтахассуси дорои дониш ва таҷрибаи истисноӣ, ки барои супориши талабшуда мувофиқ аст, мавҷуд бошад;
-ташкилоти харидор ният дорад шартномаро бо мақсади таҳқиқот, озмоиш ва коркард ба имзо расонад, ба шарте ки шартнома истеҳсоли молҳоро ба миқдоре, ки барои таъмини даромаднокии тиҷоратӣ ё ҷуброни хароҷот барои таҳқиқот, озмоиш ва коркард кофӣ мебошад, пешбинӣ накунад;
-дар ҳолати зарурати фавқулода, бинобар ҳолатҳои таъхирнопазир дар натиҷаи ҳодисаҳое, ки ташкилоти харидор пешбинӣ карда наметавонист, сари вақт дастрас намудани мол, кор ё хизматрасонӣ дар сурати истифодаи озмуни кушод ё ҳар усули дигари хариди рақобатнок, бо дар назар доштани он вақте, ки барои истифодаи чунин усулҳо зарур аст, ғайриимкон бошад.
318.Ҳангоми интихоби мустақими хизматрасониҳои машваратӣ ташкилоти харидор бояд дархости пешниҳодҳо ирсол карда минбаъд раванди интихобро дар асоси тахассуси мушовир пайгирӣ намояд.
§23. Интихоби мушовирони инфиродӣ
319.Мушовирони инфиродӣ барои он супоришҳое интихоб карда мешаванд, ки барои иҷрои онҳо:
-гурӯҳи коршиносон талаб карда намешавад;
-дастгирии касбии иловагӣ аз ҷониби идораи асосӣ талаб карда намешавад;
-таҷриба ва тахассуси мушовири инфиродӣ аҳамияти аваллиндараҷа дорад.
320.Дар сурате, ки агар ҳамоҳангсозӣ, маъмурикунонӣ ва масъулияти дастаҷамъӣ бо сабаби шумораи зиёди шахсони хусусӣ метавонад душвор гардад, кироя намудани ширкат тавсия дода мешавад. Дар сурате, ки агар мушовирони инфиродии соҳибтахассус дастнорасанд ё ин ки наметавонанд бинобар сабаби ризоияти пешакӣ бо ширкат бевосита бо ташкилоти харидор шартнома банданд, ташкилоти харидор метавонад ба ширкат пешкаш намудани мушовирони инфиродии соҳибтахассусро барои иҷрои супориш пешниҳод намояд. Дар ҳама ҳолатҳо, мушовирони инфиродие, ки барои кироя аз ҷониби ташкилоти харидор интихоб шудаанд, бояд аз ҳама таҷрибадор ва соҳибтахассус миёни номзадҳои дигар бошанд ва қобилияти пурраи иҷрои супоришро дошта бошанд. Арзёбӣ бояд дар асосӣ тахассуси ва таҷрибаи мувофиқи мушовири инфиродӣ гузаронида шавад.
321.Дар ҳолате, ки агар ташкилоти харидор ният дорад озмуни кушоди интихоби мушовирони инфиродиро гузаронад, эълон тавассути дархости изҳори манфиатдорӣ интишор карда мешавад. Дархости изҳори манфиатдорӣ бояд пурра шартҳои техникиро дар бар гирад. Мушовирони инфиродӣ аз миёни номзадҳое интихоб мегарданд, ки манфиатдории худро дар ҷавоб ба дархости изҳори манфиатдорӣ баён намудаанд.
322.Озмуни маҳдуди интихоби мушовирони инфиродӣ метавонад дар он ҳолате гузаронида шавад, ки агар ташкилоти харидор оид ба шахсони хусусии таҷрибадор ва соҳибтахассус ва дастрасӣ ба онҳо маълумот дошта бошад. Дар ин ҳолат, ташкилоти харидор ба ҷойи интишори дархости изҳори манфиатдорӣ метавонад мушовирони инфиродиеро, ки онҳоро барои хизматрасонии пешбинигардида соҳибтахассус мешуморад, даъват намояд. Дар баробари даъватнома, ташкилоти харидор бояд варианти пурраи супориши техникиро фиристонад. Мушовирони инфиродӣ бояд аз миёни онҳое интихоб гарданд, ки манфиатдории худро дар ҷавоб ба даъват изҳор намудаанд.
323.Мушовирони инфиродӣ метавонанд дар асоси интихоби мустақим бо асоснокунии кофӣ дар ҳолатҳои зерин интихоб гарданд:
-супоришҳо идомаи кори пештара, ки онро мушовири инфиродии дар асоси озмун интихобшуда иҷро мекард, мебошад;
-супоришҳое, ки давомнокии умумии интизоршавандаи онҳо камтар аз шаш моҳро ташкил медиҳад;
-ҳолатҳои фавқулода;
-агар мушовири инфиродӣ дорои таҷрибаи дахлдор ва тахассуси дорои арзиши истисноӣ барои супориши мазкур бошад.
324.Ташкилоти харидор муайян мекунад, ки оё довталабон ба талаботи ҳадди ақали тахассусӣ мувофиқат мекунанд ё не ва ба марҳилаи минбаъда танҳо довталабони дорои тахассуси дахлдорро роҳ медиҳад. Расмиёт аз марҳилаҳои зерин иборат аст:
-ҳамаи довталабон ба рӯйхат дохил карда шуда, тахассус ва таҷрибаи онҳо тибқи талаботи ҳадди ақали тахассусии муқарраршуда аз рӯйи принсипи «қобили қабул/ғайриқобили қабул» арзёбӣ карда мешаванд;
-довталабоне, ки ба талаботи ҳадди ақалли тахассусии муқарраршуда мувофиқат мекунанд, ба рӯйхати мухтасар дохил карда мешаванд;
-ҳамаи довталабони рӯйхати мухтасар ба мусоҳиба даъват карда мешаванд;
-ҳангоми мусоҳиба ҷанбаҳои аллакай дар резюме тасдиқшуда мавриди таҳқиқ қарор мегиранд, аз ҷумла, азбаски тахассус ва таҷриба дар асоси резюме маълум аст, дар марҳилаи мусоҳиба дониши техникӣ арзёбӣ мегардад, инчунин ҷанбаҳои дигаре, ки наметавонанд дар резюме арзёбӣ гарданд, аз ҷумла малакаҳои муошират, озод донистани забони зарурӣ, малакаҳои муоширати байнишахсӣ ва ғайра;
-пас аз мусоҳиба ҳисобот, ки хулосаҳоро оид ба ин ду категорияи саволҳо сабт мекунад. омода карда мешавад. Одатан дастур оид ба мусоҳиба барои кӯмак дар арзёбии довталабон ва кафолат додани он, ки ҳар як довталаб ба ҳамон як саволҳо ҷавоб медиҳад, таҳия карда мешавад.
325.Ҳисобот оид ба мусоҳиба бояд инҳоро дар бар гирад:
-тавзеҳот, ки ба пайдарпаии дастур оид ба мусоҳиба ё иттилоот мувофиқанд;
-тавзеҳот дар бораи довталабон бояд пайдарпай барои ҳар як мавзуъ/соҳа пешниҳод карда шаванд;
-камбудиҳои довталабон бояд хуб шарҳ дода шаванд ва бояд возеҳ баён карда шавад, ки дар посухҳои довталаб чӣ ҳамчун норасоӣ ҳисоб карда шудааст. Дар ҳисобот оид ба мусоҳиба натиҷаҳои мусоҳиба бояд пайдарпай ва ба таври возеҳ баён карда шаванд.
326.Ташкилоти харидор бояд ба назар гирад, ки дастур оид ба мусоҳиба бояд ба супориши мушаххас мутобиқ карда шавад ва метавонад саволҳои дигареро, ки ба тахассусҳои зарурӣ алоқаманданд, дар бар гирад.
327.Аз рӯйи натиҷаҳои интихоб, ташкилоти харидор довталаби бештар ба супориш муносибро ба гуфтушунидҳо оид ба шартнома даъват менамояд.
§24. Гузаронидани озмуни лоиҳаҳо
328.Ҳар вақте ки ташкилоти харидор инро мувофиқи мақсад меҳисобад, озмуни лоиҳаҳо метавонад барои ба даст овардани лоиҳаҳо дар соҳаи банақшагирии шаҳр ва деҳот, меъморӣ, анҷоми корҳои муҳандисию техникӣ ё коркарди маълумот истифода карда шавад. Лоиҳаҳо аз ҷониби ҳайати доварони беғарази соҳибтахассус, ки аз иштирокдорони озмун вобастагӣ надорад, пас аз он, ки онҳо ба озмун бо додани ҷоиза ё бидуни он пешкаш гардидаанд, интихоб карда мешаванд. Ҳайати доварон бояд аз тарафи вазири (роҳбари) дахлдор то эълони озмун таъин карда шавад.
329.Ҳангоми озмунҳои лоиҳаҳо чунин ҷанбаҳо, ба монанди ошкоро будан, шаффофият, беғаразии ҳайат ва кори ҳайати доварон ба назар гирифта мешаванд. Ҳуҷҷатҳои аз тарафи ташкилоти харидор омодагардида ва ба иштирокдорони озмун пешниҳод карда шаванда бояд ҳадафу принсипҳои асосӣ ва расмиёти танзимкунандаи озмун, аз ҷумла меъёрҳое, ки бояд барои арзёбӣ ва раддабандии пешниҳодҳо истифода шаванд, дар бар гиранд.
330.Ташкилоти харидор огоҳинома дар бораи озмуни лоиҳаҳоро интишор намуда, метавонад чунин озмунро бо шумораи маҳдуди иштирокдорони озмун, ки дорои таҷриба ва малакаи барои лоиҳа зарурӣ мебошанд, тавре ки он зарур мешуморад, маҳдуд намояд. Огоҳинома бояд ҳадди ақал инҳоро дар бар гирад:
- ҳадаф, ҳаҷм ва тахассусоти муфассали лоиҳа;
-шумораи ҳадди аксари иштирокдорон, агар мавҷуд бошанд, ва усули интихоби онҳо, аз ҷумла талабот ва меъёрҳои татбиқшаванда;
-шумораи ғолибон ва оё онҳо барои мукофот, ҷоиза ва имтиёзҳо пешбарӣ карда мешаванд;
-меъёрҳо ва хусусиятҳое, ки барои муқоисаи пешниҳодҳои дар озмун иштироккунанда истифода мешаванд;
-тақсимоти ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ барои таҳқиқот, лоиҳаҳо ва амсилаҳое, ки ғолиб мегарданд ва онҳое, ки ғолиб намегарданд;
-сана ва маҳалли пешкаш намудани пешниҳод;
-тариқе, ки тарафҳои манфиатдор метавонанд иттилооти иловагӣ гирифта, ба иштирок дар озмуни лоиҳаҳо идома диҳанд.
331.Ташкилоти харидор ҳуҷҷатҳоро дар бораи ҳадаф ва расмиёти танзимкунандаи озмуни лоиҳаҳо, аз ҷумла меъёрҳое, ки барои арзёбӣ ва раддабандии пешниҳодҳо истифода мешаванд, омода намуда, дар байни иштирокчиён паҳн мекунад.
332.Агар мавзуи озмун ифодаи таҳқиқот ё нақшаҳо барои лоиҳаи муайян бошад, пас ҳуҷҷатҳои дар банди 331 Қоидаҳои мазкур зикргардида бояд инҳоро муайян намоянд:
-ҷоизаҳо, мукофотҳо ва ё имтиёзҳое, ки ба ғолибон дода мешаванд;
-тақдири соҳибияти таҳқиқот ё нақшаҳои ғолибон ё мағлубон.
333.Муқаррароти марбут ба таъминоти иштирок дар озмун ва таъминоти иҷрои шартнома, ки дар Қонун пешбинӣ гардидаанд, ба озмун дахл надоранд.
334.Ҳайати доварон бояд нақшаву лоиҳаҳои аз ҷониби довталабон пешниҳодгардидаро беном ва танҳо дар асоси меъёрҳои дар даъват барои иштирок дар озмун зикргардида омӯзад. Беном будан бояд то замоне риоя шавад, ки ҳайати доварон ба ақида ва ё қарори худ наояд. Сипас ба довталабон дар ҳолати зарурат метавонад пешниҳод гардад, ки ба саволҳое, ки ҳайати доварон ба протокол ворид намудааст, ҷавоб диҳанд, то ба ҳама гуна ҷанбаи лоиҳаҳо равшанӣ андохта шавад.
335.Ҳайати доварон натиҷаи кори худро ба ҳисоботи махсус ворид менамояд, тавсияҳои он бошанд, пас аз он, ки аз ҷониби мақомоти манфиатдор баррасӣ ва маъқул дониста мешаванд, эътибор пайдо мекунанд.
336.Ҷоизаҳо, подош ва имтиёзҳо дар асоси ҳисоботи ҳайати довароне, ки аз тарафи вазир (роҳбар) то эълони озмун таъин гардидааст, дода мешаванд. Аммо ҳайати доварон метавонад тавсияро дар бораи пурра ё қисман надодани ҷоиза, подош ё имтиёзҳо қабул намояд, агар ба хулоса ояд, ки нақшаҳои пешниҳодгардида ба сатҳи талабшаванда нарасидаанд.
337.Ҳуҷҷатҳои ба иштирокдорони озмун пешниҳодшаванда метавонанд банди пешбиникунандаи пардохти мукофотпулиро барои лоиҳаҳое, ки иштирокдорони озмуни онҳо ғолиб нагардидаанд, пешбинӣ намоянд, ҳатто агар онҳо ба ҷадвали муқарраргардида мутобиқ буда, сатҳи қабулшудаи техникиро инъикос намоянд.
§25. Навъҳои шартномаҳо
338.Ташкилоти харидор вобаста ба хусусиятҳои хизматрасониҳо, метавонад яке аз навъҳи зерини шартномаро интихоб кунад:
-шартномаи бо нархи собит. Ин навъи шартнома асосан барои супоришҳое истифода мешаванд, ки дар онҳо мундариҷа ва давомнокии хизматрасонӣ, инчунин натиҷаи талабшавандаи кори мушовирон дақиқ муайян гардидаанд. Онҳо барои банақшагирии муқаррарӣ ва асосноккунии техникию иқтисодӣ, таҳқиқоти муҳити атроф, лоиҳакашии муфассали сохторҳои стандартӣ ё маъмул, омодасозии низоми коркарди маълумот ва ғайра васеъ истифода мешаванд. Пардохтҳо ба натиҷаи ниҳоӣ, ба монанди ҳисоботҳо, лоиҳаҳои муфассали муҳандисӣ (нақшаҳо, ҳаҷмномаи кор), ҳуҷҷатҳои озмунӣ вобаста карда мешаванд. Шартномаҳои бо нархи собит дар маъмурикунонӣ сода мебошанд, зеро пардохтҳо бояд аз рӯйи натиҷаҳои дақиқ муайянгардида амалӣ карда шаванд.
-шартномаи бо пардохти вақтбайъ. Ин навъи шартнома вақте қобили қабул мебошад, ки муайян намудани ҳаҷм ва давомнокии хизматрасонӣ мушкил мебошад, ё бинобар он, ки хизматрасонӣ бо фаъолияти шахсони дигар вобаста буда, муҳлати иҷрои он метавонад тағйир ёбад ва ё бинобар он, ки арзёбӣ намудани саҳми мушовир, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои супориш зарур аст, мушкил мебошад. Ин навъи шартнома барои таҳқиқоти маҷмуӣ, назорати сохтмон, хизматрасониҳои машваратӣ ва аксарияти барномаҳои таълимӣ васеъ истифода мешавад. Пардохтҳо ба меъёрҳои мувофиқашудаи соатбайъ, рӯзбайъ, ҳафтбайъ ва моҳбайъ барои ҳайати кормандон (ки одатан дар шартнома зикр карда мешаванд) ва ба моддаҳои ҷуброншавандаи хароҷот бо истифодаи хароҷоти воқеӣ ва ё нархи мувофиқашуда барои воҳоди ченак асос ёфтаанд. Меъёрҳо барои ҳайати кормандон подош, хароҷоти иловагӣ ва ҳаққи қаламро (ё фоида) дар бар мегиранд. Ин навъи шартнома бояд маблағи ҳадди аксари пардохтҳои умумиро, ки бояд ба мушовирон пардохт карда шаванд, дар бар гирад. Ин маблағи ҳадди аксар бояд захираро (иловапулӣ) барои корҳои ғайричашмдошт ва давомнокӣ, инчунин муқаррарот оид ба тасҳеҳи нарх, агар ҷоиз бошад, дар бар гирад. Шартномаи бо пардохти вақтбайъ бояд аз ҷониби ташкилоти харидор дақиқан назорат ва маъмурӣ кунонида шавад, то кафолат дода шавад, ки иҷрои супориш қаноатбахш ҷараён гирифта, пардохте, ки мушовирон талаб мекунанд, муносиб мебошад.
-созишномаи қолабӣ. Ин навъи шартнома вақте истифода мешаванд, ки ба ташкилоти харидор хизматрасониҳои махсус «аз рӯйи даъват» барои машваратдиҳӣ оид ба фаъолияте, ки ҳаҷм ва муҳлати он наметавонанд пешакӣ муайян карда шаванд, зарур мебошад. Онҳо одатан ҷиҳати нигоҳ доштани мушовирон барои татбиқи лоиҳаҳои мураккаб (масалан, комиссияҳо оид ба сарбанд), коршиносон-ҳакамон дар комиссияҳо оид ба ҳалли баҳсҳо, ислоҳоти институтсионалӣ, машваратдиҳӣ оид ба харид, бартарафсозии техникии носозӣ ва ғайра, одатан барои давраи аз як сол ва зиёда аз он истифода мешаванд. Ташкилоти харидор ва мушовир дар бораи нарх барои воҳиди ченак ба мувофиқа расида, пардохтҳо дар асоси вақти воқеан сарфшуда анҷом дода мешаванд.
§26. Муқаррароти муҳим дар шартнома оид ба хизматрасонии машваратӣ
339.Ташкилоти харидор бояд ба ҷанбаҳои зерини шартнома аҳамият диҳад:
-тасҳеҳи нарх. Барои тасҳеҳи подош бо дар назар доштани таваррум ба шартнома бояд муқаррарот оид ба тасҳеҳи нарх ворид карда шавад, агар эҳтимол равад, ки муҳлати амали он аз 18 моҳ зиёдтар мешавад;
-бархӯрди манфиатҳо. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома мушовир набояд дар робита бо иҷрои супориш ягон подош гирад. Мушовир ва шахсони вобастаи ӯ набояд бо фаъолияти машваратӣ ё фаъолияти дигаре, ки хилофи манфиатҳои ташкилоти харидор мутобиқи шартнома мебошад, машғул шаванд. Шартнома бояд муқаррарот оид ба бархӯрди манфиатҳоро дар бар гирад;
-масъулияти касбӣ. Интизор меравад, ки мушовир супориши худро бо эҳтиёткорӣ ва мутобиқи стандартҳои бартаридоштаи касб иҷро менамояд.
340.Азбаски масъулияти мушовир дар назди ташкилоти харидор бо қонунгузории татбиқшаванда ба танзим дароварда мешавад, ин масъаларо дар шартнома бардоштан ҳатмӣ намебошад, танҳо агар тарафҳо хоҳиши маҳдуд кардани ин масъулиятро надошта бошанд. Агар онҳо инро кунанд, онҳо бояд таъмин намоянд, ки:
- чунин маҳдудият ба мусоҳилакории дағалонаи мушовир ё рафтори барқасдонаи ғайриқонунӣ дахл надошта бошад;
- масъулияти мушовир дар назди ташкилоти харидор ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ба андозаи камтар аз зарбкунандаи арзиши умумии шартнома, ки бояд дар дархости пешниҳодҳо ва шартҳои махсуси шартнома нишон дода шавад, маҳдуд карда шавад (андозаи чунин маҳдудият аз ҳар ҳолати мушаххас вобаста мебошад);
- ҳама гуна чунин маҳдудият метавонад танҳо ба масъулияти мушовир дар назди ташкилоти харидор, на масъулияти мушовир дар назди тарафҳои сеюм дахл дошта бошад;
- ягон чунин маҳдудият набояд хилофи муқаррароти Қонун бошад.
341.Ҳангоми иҷрои супориш, агар ивазкунӣ зарур бошад (масалан, бинобар бадшавии вазъи саломатӣ ё бинобар номувофиқ будани корманд), мушовир бояд ҳайати кормандони дорои тахассуси баробар ё беҳтар аз тахассуси ҳайати кормандони ивазшаванда ба ташкилоти харидор барои тасдиқ пешниҳод намояд.
10. ДАВРАИ ИНТИЗОРӢ ВА ҲИСОБОТ ОИД БА ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
§1. Давраи интизорӣ
342.Барои бастани шартномаи харид, ки бо шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифта намешаванд, давраи интизорӣ 3 (се) рӯзи корӣ пас аз рӯзи ирсоли огоҳинома оид ба нияти вобастакунии шартнома муқаррар карда мешавад.
343.Барои бастани шартномаи харид, ки бо шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро гирифта мешаванд, давраи интизорӣ мутобиқи ҳамин шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар карда мешавад.
344.Сарфи назар аз бандҳои 342 ва 343 Қоидаҳои мазкур, давраи интизорӣ татбиқ карда намешавад, агар:
-ташкилоти харидор, бо шарти дар шакли хаттӣ асоснок кардан ва бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа кардан, муайян кунад, ки манфиатҳои таъхирнопазири ҷамъиятӣ харидро бидуни давраи интизорӣ талаб менамоянд;
-танҳо як пешниҳоди озмунӣ манзур гардидааст.
§2. Талабот ба ҳисобот оид ба харид
345.Ҳисоботҳои оморӣ оид ба харид дар портали ягона дар реҷаи худкор тартиб дода мешаванд.
346.Мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст, ки ҳисоби дурусти хариди давлатӣ ва тартиб додани ҳисоботи дахлдори омориро таъмин намояд.
347.Ташкилотҳои харидор ва таҳвилгарон (паймокорон) барои дурустии маълумот ва аслияти ҳуҷҷатҳои ба портали ягона воридшаванда масъулиятро ба уҳда доранд.
348.Дар ҳолате, ки харид берун аз портали ягона анҷом дода шавад, ташкилотҳои харидор ба мақоми ваколатдори давлатӣ иттилоот дар бораи расмиёти харид, шартномаи басташуда ва иҷрои шартнома на дертар аз 3 (се) рӯзи кории баъди анҷом додани ҳар марҳилаи дар боло зикршуда пешниҳод менамоянд. Дар ҳолатҳои дахлдор, ташкилотҳои харидор маълумот оид ба хариди берун аз портали ягона анҷомдодашуда ворид менамоянд.
11. РАСМИЁТИ ШИКОЯТ
§1. Ҳуқуқи шикоят бо тартиби аризаи шикоятӣ дар бораи таҷдиди назар кардани қарор ё амали (беамалии) ташкилоти харидор
349.Шикоят нисбат ба шартҳои ҷалби пешниҳодҳо ё дархостҳои озмунӣ, интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани руйхати мухтасар, инчунин қарорҳо ё амалҳои (беамалии) ташкилоти харидор дар доираи расмиёти интихоби пешакии тахассусӣ ё тартиб додани руйхати мухтасар бояд аз ҷониби иштирокдори озмун то ба итмом расидани муҳлати ниҳоии пешкаш намудани пешниҳодҳо ё дархостҳои озмунӣ пешниҳод карда мешавад. Шикоят нисбат ба қарорҳо ё амалҳои (бемалии) дигари ташкилоти харидор дар доираи расмиёти харид бояд то ба итмом расидани давраи интизорӣ ё агар чунин давра муқаррар нашуда бошад, то эътибор пайдо кардани шартномаи харид ё созишномаи қолабӣ пешниҳод карда шавад.
350.Роҳбари ташкилоти харидор шикоятро баъди гузаштани давраи интизорӣ ё эътибор пайдо кардани шартномаи харид ё созишномаи қолабӣ ба баррасӣ қабул намекунад.
351.Ташкилоти харидор дар рӯзи кории баъди қабули шикоят огоҳинома оид ба шикоятро дар портали ягона интишор менамояд. Роҳбари ташкилоти харидор бояд на дертар аз 3 (се) рӯзи кории баъди гирифтани шикоят, қарорро оид ба қабул кардани шикоят ба баррасӣ ё рад кардани он бо зикри сабабҳо қабул кунад ва ба маълумоти шахси аризадиҳанда ва ҳамаи иштирокдорони маълуми озмун расонад. Агар шикоят ба баррасӣ қабул карда шавад, ташкилоти харидор ҳамзамон бо ин муайян менамояд, ки оё боздошти расмиёти харид мувофиқи мақсад мебошад ё не ва дар ҳамин муҳлат ба таври иловагӣ дар огоҳинома ба шикояткунанда ва ҳамаи иштирокдорони маълуми озмун дар хусуси он хабар медиҳад, ки оё расмиёти харид боздошта мешавад ё не, ва агар боздошта шавад, муҳлати боздоштанро зикр менамояд. Сарфи назар аз қарори ташкилоти харидор дар бораи боздоштан ё бознадоштани расмиёти харид, мутобиқи бандҳои 372 ва 373 Қоидаҳои мазкур манъи андешидани ягон чорае, ки дар натиҷаи он шартномаи харид ё созишномаи қолабӣ эътибор пайдо мекунад, мавриди амал қарор дода мешавад.
352.Роҳбари ташкилоти харидор метавонад ба баррасӣ қабул намудани аризаи шикоятиро рад кунад, агар чунин шуморад, ки аризаи шикоятӣ ба таври возеҳ ғайриасоснок буда, дар муҳлатҳои дар банди 349 Қоидаҳои мазкур муқарраршуда пешниҳод нагардид ё шахси пешниҳоднамудаи арзизаи шикоятӣ барои ин ҳуқуқ надорад.
353.Агар ташкилоти харидор шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятиро мутобиқи талабот ва муҳлатҳои муқарарршудаи банди 351 Қоидаҳои мазкур хабардор накунад ё агар шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ бо қарори ба маълумоти у ба таври шояду бояд расонидашуда оид ба рад кардани аризаи шикоятӣ қонеъ нагардад, шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ дарҳол баъди ҳамин метавонад дар бораи оғози истеҳсолот аризаи шикоятиро дар асоси параграфи 2 боби мазкур пешкаш намояд. Агар чунин истеҳсолот оғоз гардад, баррасии аризаи шикоятӣ дигар ба салоҳияти ташкилоти харидор мансуб нест.
354.Ҳангоми баровардани қарор нисбат ба аризаи шикоятии ба баррасӣ қабулшуда, ташкилоти харидор метовонад ҳар гуна қарор ва амали ба аризаи шикоятӣ мансубро, ки дар доираи расмиёти харид қабул намудааст ва ё андешидааст, бекор, ислоҳ ва тағйир намояд ё бетағйир монад.
355.Роҳбари ташкилоти харидор бояд на дертар аз 3 (се) рӯзи кории то гузаштани муҳлати амали манъ, ки бо банди 373 Қоидаҳои мазкур муқаррар шудааст, қарорро дар шакли хаттӣ нисбати шикоят қабул намуда, ба маълумоти шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ ва ҳамаи иштирокдорони маълуми озмун расонад. Қарор бояд:
-сабабҳои қабули қарорро ифода кунад;
-агар шикоят пурра ё қисман қонеъ гардонида бошад, чораҳои ислоҳии барои андешидан заруриро зикр намояд.
356.Агар ташкилоти харидор мутобиқи талабот ва муҳлатҳои муқарарршудаи банди 355 Қоидаҳои мазкур муқарраршуда қарор қабул накунад ё шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ бо қарори ба таври бояду шояд ба маълумоти у расонидашуда қонеъ нагардад, шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ ҳуқуқ дорад дарҳол баъди ҳамин аризаи шикоятиро дар бораи оғози истеҳсолот дар асоси параграфи 2 боби мазкур пешкаш намояд. Агар чунин истеҳсолот оғоз гардад, баррасии аризаи шикоятӣ дигар ба салоҳияти ташкилоти харидор мансуб нест.
357.Қарори роҳбари ташкилоти харидор ниҳоӣ мебошад, агар истеҳсолот дар асоси параграфи 2 боби мазкур оғоз нашуда бошад.
§2. Пешниҳоди шикоят ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо
358.Иштирокдори озмун ҳуқуқ дорад, ки шикоятро ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо на дертар аз 3 (се) рӯзи кории баъди фаро расидани ҳолатҳое, ки дар бандҳои 353 ва 356 Қоидаҳои мазкур нишон дода шудаанд, пешниҳод намояд.
359.Агар давраи интизорӣ мутобиқи банди 344 Қоидаҳои мазкур татбиқ нашуда бошад, иштирокдори озмун ҳуқуқ дорад, ки ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо дар муддати 3 (се) рӯзи кории аз лаҳзаи хабардор шудан дар бораи ҳолатҳои барои шикоят асосёфта ё лаҳзае, ки иштирокдори озмун бояд дар бораи чунин ҳолатҳо хабардор мешуд, вобаста аз он ки кадоме пештар фаро мерасад, аммо на дертар аз 3 (се) рӯзи кории баъди қувваи эътибор пайдо кардани шартномаи харид ё созишномаи қолабӣ, шикоят пешниҳод намояд.
360.Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо пас аз гирифтани аризаи шикоятӣ ҳуқуқ дорад, агар чунин боздоштанро барои ҳифзи манфиатҳои шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ зарур шуморад, бо ҳамзамон хабардор намудани шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ ва ҳамаи иштирокдорони маълуми озмун, боздоштани расмиёти харидро то қувваи эътибор пайдо кардани шартномаи харид ё созишномаи қолабӣ ё боздоштани иҷрои шартномаи харид ё амали созишномаи қолабиро то қабули қарор, ки мутобиқи банди 367 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ карда шудааст, талаб намояд. Сарфи назар аз қарори Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо дар бораи боздоштан ё бознадоштани расмиёти харид, мутобиқи бандҳои 372 ва 373 Қоидаҳои мазкур манъи андешидани ягон чорае, ки дар натиҷаи он шартномаи харид ё созишномаи қолабӣ эътибор пайдо мекунад, мавриди амал қарор дода мешавад.
361.Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо бояд дар рӯзи кории баъди қабули шикоят ба ташкилоти харидор ва ҳамаи иштирокдорони маълуми озмун огоҳинома дар бораи шикоят ва мундариҷаи он фиристонад, инчунин дар бораи он огоҳиномаро дар портали ягона интишор намояд.
362.Ташкилоти харидор на дертар аз 3 (се) рӯзи кории баъди аз қабули огоҳинома дар бораи шикоят ва мундариҷаи он уҳдадор аст, ки ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо ҷавоб ба шикоят дар шакли хаттӣ диҳад ва ба он ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба расмиёти хариди дар ихтиёр доштааш ва дар портали ягона дастраснабударо дастрас намояд.
363.Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо уҳдадор аст, ки на дертар аз 3 (се) рӯзи кории баъди ворид гардидани шикоят, новобаста аз он, ки ҷавоб ва ё ҳуҷҷатҳоро мутобиқи банди 362 Қоидаҳои мазкур гирифтааст ё не, қарор дар бораи ҷиҳати баррасӣ қабул намудани шикоят ё рад кардани онро қабул намуда, шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ, ташкилоти харидор ва ҳамаи иштирокдорони маълуми озмунро бо ҳамзамон интишор намудани огоҳинома дар портали ягона хабардор намояд.
364.Ташкилоти харидор ё мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо ё суд барои додани иҷозат ҷиҳати бастани шартномаи харид дар асоси манфиатҳои таъхирнопазири ҷамъиятӣ муроҷиат намояд. Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо аз рӯи натиҷаҳои баррасии чунин дархост метавонад ба ташкилоти харидор барои ба имзо расонидани шартномаи харид дар асоси манфиатҳои таъхирнопазири ҷамъиятӣ иҷозат диҳад, агар боварӣ дошта бошад, ки инро манфиатҳои таъхирнопазири ҷамъиятӣ шарт мегузорад. Қарори Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо дар бораи бастани шартномаи харид дар асоси манфиатҳои таъхирнопазири ҷамъиятӣ ва асос барои қабули он бояд ба ташкилоти харидор, мақоми ваколатдори давлатӣ, шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ ва иштирокдорони дигари озмун хабар дода шаванд.
365.Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо шикоятро рад мекунад, агар ба қарор ояд, ки аризаи шикоятӣ ба таври возеҳ ғайриасоснок мебошад ё агар он бо вайрон кардани муҳлати дар бандҳои 358 ва 359 Қоидаҳои мазкур муқарраршуда пешниҳод гардид ва ё агар шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ барои пешниҳоди шикоят ҳуқуқ надошта бошад. Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо уҳдадор аст, ки дар муҳлати бо банди 363 Қоидаҳои мазкур муқарраршуда шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ, ташкилоти харидор ва ҳамаи иштирокдорони маълуми озмунро дар бораи рад кардани шикоят ва сабабҳои он, инчунин дар бораи қатъ намудани боздошти амалкунандаи харид хабардор намояд. Чунин радкунӣ қарор нисбат ба шикоят мебошад.
366.Агар Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо шикоятро рад накунад, он метавонад вобаста ба натиҷаҳои баррасии шикоят як ё зиёда аз як воситаи ҳифзи ҳуқуқии зеринро пешниҳод намояд:
-меъёрҳо ё принсипҳои ҳуқуқии танзимкунандаи мавзуи шикоятро эълон намояд;
-ба ташкилоти харидор анҷом додани амалҳои ғайриқонунӣ, қабул намудани қарорҳои ғайриқонунӣ ё татбиқи расмиёти ғайриқонуниро манъ кунад;
-аз ташкилоти харидоре, ки амалҳои ғайриқонуниро (беамалиро) анҷом додаст, қарори ғайриқонунӣ қабул кардааст ё расмиёти ғайриқонуниро татбиқ намудааст, талаб намояд, ки аз рӯи қонун амал кунад, қарори қонунӣ қабул намояд ё расмиёти қонуниро татбиқ намояд;
-амал, қарор ё расмиёти ғайриқонуниро пурра ё қисман бекор кунад;
-қарори ғайриқонунии ташкилоти харидорро таҷдиди назар намояд ё онро бо қарори худ иваз кунад;
-ба иштирокдори озмун, дар сурати ба фоидаи иштирокдори озмун қабул гардидани қарор аз рӯйи шикоят, пардохт намудани ҷуброни хароҷоти асоснокии анҷомдодашудаи уро, ки ба пешниҳод намудани пешниҳод ё дархости озмунӣ дахл дорад, талаб намояд;
-қарор дар бораи қатъ намудани расмиёти харид қабул намояд;
-қарори ташкилоти харидорро тасдиқ намояд;
-вобастакунии шартномаи харид ё созишномаи қолабиро, агар онҳо бар хилофи муқаррароти Қонун ва Қоидаҳои мазкур эътибор пайдо карда бошанд, бекор кунад ва агар дар бораи бастани шартномаи харид ё созишномаи қолабӣ маълумот интишор гардида бошад, интишори эълонро дар бораи бекор кардани вобастакунонӣ талаб намояд;
-чораҳои дигари асоснокро вобаста ба ҳолат андешад.
367.Дар ҳолати қабул гардидани шикоят ба баррасӣ, Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо уҳдадор аст, ки то ба итмом расидани муҳлати манъи бо банди 373 Қоидаҳои мазкур муқарраршуда қарор аз рӯйи шикоятро дар шакли хаттӣ бо зикри асосҳои қабули он ва воситаҳои пешниҳодгардидаи ҳифзи ҳуқуқӣ, агар чунин воситаҳо пешниҳод карда шаванд, қабул намуда, ҳамзамон бо ин шахси пешниҳоднамудаи аризаи шикоятӣ, ташкилоти харидор ва ҳамаи иштирокдорони маълуми озмунро дар ин хусус огоҳ созад.
368.Қарори Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо ҳамчунин бояд мақоми ҳар боздошти амалкунандаи харидро муайян карда, ба истиснои ҳолатҳои андешидани тадбирҳо мутобиқи параграфи 5 боби мазкур ниҳоӣ бошад.
§3. Иштироки шахсони манфиатдор дар расмиёти шикоят ва принсипи махфият
369.Иштирокдори озмуни шикоят пешниҳоднамуда, иштирокдорони дигари озмун, ташкилкунандаи озмун, ташкилоти харидор, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомот ё ташкилоти дигари давлатӣ, ки шикоят ба манфиатҳои онҳо дахл дорад, ҳуқуқи дар ҷаласа оид ба баррасии шикоят иштирок карданро доранд. Иштирокдори озмуни ба таври зарурӣ огоҳ кардашудае, ки дар ҷаласа оид ба баррасии шикоят иштирок накардааст, ҳуқуқи сипас бо шикояти шабеҳ муроҷиат карданро аз даст медиҳад.
370.Дар ҳолати гузаронидани ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо, котиби Комиссияи байниидоравӣ бо супориши раиси он иштирокдори озмуни шикоят пешниҳоднамуда, иштирокдорони дигари озмун, ташкилкунандаи озмун, ташкилоти харидор, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомот ё ташкилоти дигари давлатӣ, ки шикоят ба манфиатҳои онҳо дахл дорад, дар бораи ҳуқуқи иштирок кардан дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ бо нишон додани макон, сана ва вақти ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ огоҳ менамояд. Огоҳинома бояд на дертар аз 2 (ду) рӯз то баргузории ҷаласа фиристонида карда шавад.
371.Ошкор намудани ҳар гуна иттилоот зимни баргузории расмиёти баррасии шикоят, агар ин ба ҳифзи манфиатҳои амнияти давлатӣ таъсири манфӣ расонад, ба қонунҳо мухолифат кунад ё ба таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон монеъ шавад, ба манфиатҳои қонунии тиҷоратии таҳвилгарон (паймонкорон) зарар расонад ё ба рақобати софдилона монеъ шавад, роҳ дода намешавад.
§4. Манъи эътибор пайдо кардани шартномаи харид ё созишномаи қолабӣ
372.Ташкилоти харидор набояд ягона чорае андешад, ки дар натиҷаи он шартномаи харид ё созишномаи қолабӣ эътибор пайдо мекунад, агар он:
-шикоятро мутобиқи банди 349 Қоидаҳои мазкур қабул намояд;
-огоҳиномаро дар бораи пешниҳоди шикоят аз Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо мутобиқи банди 361 Қоидаҳои мазкур қабул намояд.
373.Амали манъкунӣ, ки бо банди 372 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ карда шудааст, 10 (даҳ) рӯзи кории баъди лаҳзаи аз ҷониби ташкилоти харидор қабул намудани шикоят ё огоҳинома дар бораи пешниҳоди шикоят аз Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо давом мекунад.
374.Ташкилоти харидор уҳдадор аст, ки иҷрои шартномаи харид ё амали созишномаи қолабиро, агар аз Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо мутобиқи банди 360 Қоидаҳои мазкур огоҳиномаи дахлдорро қабул намояд, то гирифтани қарори оид ба шикояти бо банди 367 Қоидаҳои мазкур пешбинишуда боздорад.
§5. Шикоят кардан бо тартиби судӣ
375.Нисбат ба қарор ё амали (беамалии) ташкилоти харидор ё Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо ба суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
376.Муқаррароти боби мазкур ҳуқуқи иштирокдорони озмунро барои муроҷиат ба суд бе ҳалли пешакии ихтилофи назар мутобиқи Қоидаҳои мазкур маҳдуд намесозанд.
12. ИҶРО ВА МАЪМУРИКУНОНИИ ШАРТНОМАҲО
§1. Ҳадаф ва марҳилаҳои маъмурикунонии шартномаҳои харид
377.Ҳадафи маъмурикунонии шартнома назорати иҷрои шартномаи харид дар робита бо риояи шартҳои он, аз ҷумла иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, миқдор, сифат ва арзиш, инчунин зоҳир намудани эҳтиёткорӣ ҳангоми иҷрои нақши худ ба ҳайси тарафи шартномаи харидро дар бар мегирад.
378.Маъмурикононии шартнома аз ҷониби ташкилоти харидор марҳилаҳои зеринро, тавре ба ҳар як хариди мушаххас мувофиқ мебошад, дар бар мегирад:
-гузаронидани муҳокимаҳо бо ғолибони озмун пас аз вобастакунии шартнома ва аз рӯйи зарурат таҳия намудани нақшаи мушаххас барои маъмурикунонии шартнома;
-ҳамоҳангсозӣ байни сохторҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати мусоидат ба чунин фаъолият ба монанди воридот, омода кардани қитъа ва таъмини бехатарӣ;
-аз рӯйи зарурат ташаккули гурӯҳ оид ба маъмурикунонии шартнома;
-мониторинги рафти иҷрои шартномаи харид, санҷиш ва ё озмоиши ҷанбаҳои сифат;
-ташкили дастрасӣ ба иншоот, идоракунии тағйирот ба шартнома, боздоштан ва қатъ намудани амали шартнома, татбиқи воситаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ аз рӯйи шартнома ва расмиёти ҳалли баҳсҳо;
-идоракунии ҷанбаҳои молиявии иҷрои шартнома, аз ҷумла пардохтҳо ба таҳвилгарон (паймонкорон);
-ташкил ва пешбурди ҳуҷҷатҳои марбут ба иҷрои шартнома;
-қабули иҷрои шартнома.
379.Ташкилотҳои харидор ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва дигар мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва иттилооти дигареро, ки аз ҷониби ҳамин мақомот дар доираи ваколатҳояшон ба мақсади мониторинг ва назорати иҷрои шартномаҳои харид талаб карда мешаванд, пешниҳод менамоянд.
§2. Нақшаи маъмурикунонии шартномаҳо
380.Нақшаи маъмурикунонии шартнома одатан маълумоти зеринро дар бар мегирад:
-нақш ва уҳдадориҳои тарафҳо, аз ҷумла ному насаби шахсони асосии тарафҳо ва маълумоти онҳо барои тамос;
-расмиёт барои ҳамкории иттилоотӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
-муқаррарот ва шартҳои асосии шартнома;
-марҳилаҳои асосии шартнома, аз ҷумла тартиб ва муҳлати муқаррашудаи иҷро ва тартиби пардохт тибқи муқаррароти шартнома;
-натиҷаҳои асосии иҷрои шартнома, ки муайян ва дуруст тавсиф карда шудаанд ва бо мақсади баҳисобгирии супоришҳо оид ба воридсозии тағйирот дар ҷараёни иҷрои шартнома таҷдид карда шудаанд;
-нишондиҳандаҳои асосии иҷро ва тавсифи раванди арзёбӣ (аз рӯйи зарурат);
-механизмҳои назорати мухолифат ва тағйирот дар шартнома;
-талабот нисбати ҳуҷҷатгузорӣ.
381.Ташкилоти харидор таъмин менамояд, ки ҳар як тараф дар оғози бастани шартнома салоҳият ва вогузорнамоии салоҳиятро барои ҳайати кормандони худ бо мақсади он, ки тамоми қарорҳои алоқаманд бо бастани шартнома дорои эътибор ва иҷрошаванда бошанд, муқаррар намудааст.
§3. Санҷиш ва қабули мол, кор ва хизматрасонӣ
382.Ташкилоти харидор комиссияро оид ба санҷиш ва қабули мувофиқан мол, кор ва хизматрасонӣ аз ҳисоби кормандони худ таъсис медиҳад. Дар мавриди зарурат, ба кори комиссия метаванад коршиноси беруна ҷалб карда шавад.
383.Комиссия оид ба санҷиш ва қабул мол, кор ва хизматрасонии таҳвилшударо ҷиҳати муайян кардани мутобиқат ба тавсифоти техникӣ аз назар гузаронида месанҷад, аз ҷумла онҳоро бо намунаҳо (агар талаб ва пешниҳод шуда бошанд) муқоиса намуда, моли радкардашударо барои баргардонидан ба таҳвилгар (паймонкор) алоҳида мегузорад. Ҳангоми қабули қарор дар бораи дасткашӣ аз мол, ташкилоти харидор таҳвилгарро (паймонкорро) дар бораи дасткашӣ ва сабабҳои он огоҳ мекунад то ин, ки таҳвилгар (паймонкор) ин молҳоро бозгирад ва дар муҳлати зикршуда молҳои радкардашударо иваз намояд. Агар таҳвилгар (паймонкор) аз қабули моли радшуда даст кашад, у барои нигоҳдорӣ ва хароҷоти дигари марбут ба он ҷавобгар мебошад. Ғайр аз ин, ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад молҳоро дар музояда фурӯшад ва тамоми хароҷот, аз ҷумла пешпардохт, ноустуворӣ ва ҳама гуна ҷаримаҳои дигарро, ки бо шартномаи харид пешбинӣ карда шудаанд, аз нархи фурӯш ҷуброн намояд. Маблағи боқимонда ба таҳвилгар (паймонкор) баргардонида мешавад.
384.Дар мавриди кор ва хизматрасонӣ, комиссия оид ба санҷиш ва қабул ҳисобот дар бораи номутобиқатӣ ба ин ё он талаботро таҳия намуда, онро ба таҳвилгар (паймонкор) ирсол менамояд.
385.Комиссия оид ба санҷиш ва қабул метавонад тамоми ҳаҷми мол, кор ва хизматрасониро ё ҳиссаҳои фоизии гуногунро бо пайгирии принсипҳои усулҳои омории намунагирӣ, агар дар методологияи санҷиш тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, санҷад, вале ин ҳуқуқи ташкилоти харидорро ҷиҳати минбаъд (то ба охир расидани давраи кафолат ё давраи дигар, ки бо қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст) ба таҳвилгар (паймонкор) пешниҳод намудани даъво нисбат ба сифат ё нишондиҳандаҳои дигар маҳдуд намесозад.
386.Комиссия оид ба санҷиш ва қабул ҳисобот оид ба санҷишро бо нишондоди қабул ё рад кардани мувофиқан мол, кор ва хизматрасонӣ тартиб медиҳад. Дар ҳисобот рақам ва санаи шартнома, тавсифи мол, кор ва хизматрасонӣ, ҳиссаи санҷидашуда ва натиҷаҳои санҷиш зикр карда мешаванд. Ҳисобот ба роҳбари ташкилоти харидор барои тасдиқ ва пардохти минбаъдаи маблағҳои дахлдор пешниҳод карда мешавад. Ташкилоти харидор ҳангоми тартиб, тасдиқ ва пешниҳоди ҳисобот оид ба санҷиш барои пардохт бояд иҷрои уҳдадориҳои шартномавии худро оид ба пардохт ба назар гирад, то ин, ки ба таъхири беасоси пардохти маблағҳо тибқи шартҳои шартномаи харид роҳ надиҳад.
387.Ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад барои гузаронидани санҷиши пеш аз таҳвили моли аз хориҷи кишвар харидоришаванда агенти берунаро ҷалб намояд. Шартнома барои ин мақсадҳо мутобиқи Қонун ва Қоидаҳои мазкур баста мешаванд.
388.Мол, кор ва хизматрасонӣ, ки арзиши онҳо аз ҳадди нишондиҳандаи арзишии мутобиқи бандҳои 219 ва 220 Қоидаҳои мазкур муқарраршуда паст мебошад, метавонанд аз ҷониби мудири хоҷагӣ ё шахси дигари таъиншудаи ташкилоти харидор бидуни таъсиси Комиссия оид ба санҷиш ва қабул, вале бо риояи муқаррароти дигари параграфи мазкур, санҷиш ва қабул карда шаванд. Чунин санҷиш ва қабул инчунин дар ҳолатҳои харидҳои мустақим мутобиқи банди 4) моддаи 52 Қонун бо шарти барасмиятдарории минбаъдаи ҳисоботи бо банди мазкур пешбинишуда иҷозат дода мешавад.
§4. Таъминоти иҷрои шартномаи харид ва таъминоти баргардонидани пешпардохт
389.Агар мутобиқи ҳуҷҷатҳои озмунӣ талаб карда шавад, ғолиби озмун уҳдадор аст, ки таъминоти иҷрои шартномаи харидро мутобиқи Замимаи 5 ба Қоидаҳои мазкур ва таъминоти баргардонидани пешпардохтро мутобиқи Замимаи 6 ба Қоидаҳои мазкур пешниҳод намояд.
390.Ташкилотҳои харидор метавонанд ҳамчун таъминоти иҷрои шартномаи харид ва таъминоти баргардонидани пешпардохт инчунин воситаҳои ба монанди аккредитив, депозит ва чеки хазинавӣ дархост ва қабул намоянд. Дар ҳолати пешниҳоди таъминоти иҷрои шартномаи харид ё таъминоти баргардонидани пешпардохт аз ҷониби бонки хориҷӣ, кафолати мутақобил ё тасдиқи бонки тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда мешавад.
391.Дар ҳолате, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои озмунӣ таъминоти иҷрои шартномаи харид талаб шуда буда, тағйироти шартнома ба афзоиши арзиши умумии он оварда мерасонад, ташкилоти харидор аз таҳвилгар (паймонкор) пешниҳоди афзоиши дахлдори маблағи таъминоти иҷрои шартномаи харидро талаб менамояд.
392.Ҳангоми муқаррар намудани муҳлати эътибори таъминоти иҷрои шартномаи харид ташкилоти харидор омилҳои дахлдорро, ки аз ҷониби таҳвилгар (паймонкор) таъмин гардидани иҷрои уҳдадориҳоро аз рӯйи шартномаи харид имкон медиҳад, ба инобат мегирад.
393.Таъминоти иҷрои шартнома дар мавриди хариди корҳо на дертар аз 10 (даҳ) рӯзи тақвимӣ баъди гузашти муҳлати эътибори он, бо шарте ки ташкилоти харидор иҷрои корҳоро аз ҷониби паймонкор аз рӯйи шартномаи харид тасдиқ мекунад, баргардонида мешавад. Таъминоти иҷрои шартномаи харид дар мавриди хариди мол ва хизматрасониҳои ғайримашваратӣ на дертар аз 28 (бисту ҳашт) рӯзи тақвимӣ баъд аз он, ки ташкилоти харидор иҷрои тамоми уҳдадориҳои таҳвилгарро аз рӯйи шартномаи харид, аз ҷумла уҳдадориҳои кафолатӣ тасдиқ мекунад, баргардонида мешавад.
394.Таъминоти баргардонидани пешпардохт на дертар аз 10 (даҳ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ба охир расидани муҳлати эътибори он, тавре дар шакли стандартии таъминоти баргардонидани пешпардохт зикр шудааст, баргардонида мешавад.
§5. Тасҳеҳи нархҳо
395.Дар сурати шартномаҳои хариди муҳлати амалашон зиёда аз 18 (ҳаждаҳ) моҳ ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад ба шартномаи харид муқаррарот оид ба тасҳеҳи нархро ворид намояд. Ворид намудани муқаррарот оид ба тасҳеҳи нарх танҳо дар он ҳолат мувофиқи мақсад аст агар ташкилоти харидор чунин шуморад, ки нисбат ба пардохт намудани мукофоти иловагӣ ба таҳвилгар (паймонкор) барои ба зиммаи худ гирифтани хавф, ба ташкилоти харидор аз нуқтаи назари иқтисодӣ ба зиммаи худ гирифтани хавфи афзоиши хароҷот бештар манфиатнок хоҳад буд. Новобаста аз муқаррароти банди мазкур, ташкилоти харидор ҳуқуқ дорад ба шартномаҳои хариди муҳлати амалашон аз 18 (ҳаждаҳ) моҳ кам муқаррарот оид ба тасҳеҳи нархро, бо шарте, ки мавзуи хариди шартнома ба тағйироти зуд-зуди бозорӣ дучор бошад, ворид намояд. Ба шартномаи харид ворид намудани муқаррарот оид ба тасҳеҳи нарх ва методологияи дахлдор бояд бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда шавад.
396.Агар шартнома муқаррарот оид ба тасҳеҳи нархро дар бар гирад, чунин муқаррарот бояд инҳоро пешбинӣ намояд:
-формула барои муайян кардани лаҳзаи ба миён омадани тасҳеҳи нарх ва маблағҳои тасҳеҳи нарх;
-ҷузъиёти нарх, ки дар формула истифода мешаванд (масалан, арзиши қувваи корӣ, таҷҳизот, маводҳо ва сӯзишворӣ) ва шохисҳои дахлдор, ки ба онҳо ҳангоми татбиқи муқаррарот оид ба тасҳеҳи нарх ба ҳар як аз ин ҷузъиёт бояд истинод намуд;
-тартиби баҳисобгирии ҳар як пасту баландшавии қурби асъор байни асъори пардохт ва асъорҳое, ки бо онҳо шохисҳо ифода ёфтаанд;
-санаи ибтидоӣ барои истифодаи формула;
-фосилаҳое, ки пас аз онҳо формулаи тасҳеҳи нархҳо истифода мешавад;
-ҳама гуна маҳдудият ё шартҳои дигар, аз ҷумла ҳама гуна талабот нисбат ба афзоиши ҳадди ақали фарқият дар нарх, ки ба истифодаи муқаррарот оид ба тасҳеҳи нарх дахл дошта, бояд тавассути истифодаи формула, то ин, ки тасҳеҳи нарх анҷом дода шавад, нишон дода шавад.
§6. Пардохт
397.Тартиб ва муҳлатҳои пардохт дар шартномаи харид муайян карда мешаванд.
398.Мутобиқи шартҳои шартномаи харид, пардохт дар асоси пешниҳоди ҳисобнома-фактураи муносиб анҷом дода мешавад. Агар ҳисобнома-фактура номуносиб ҳисобида шавад, ташкилоти харидор таҳвилгар (паймонкор)-ро на дертар аз 3 (се) рӯзи кории баъди гирифтани ҳисобнома-фактура дар ин хусус бо зикри номутобиқатӣ огоҳ месозад.
399.Ҳангоми хариди мол ба ҳисобнома-фактура ҳама гуна ҳуҷҷатҳои ҳамроҳкунандаи таҳвили бор ё ҳуҷҷатҳои зарурии дигар дар шакли муқарраршуда замима карда мешаванд.
400.Шартномаи харид метавонад анҷомдиҳии пардохтҳои фосилавиро, аз ҷумла дар асоси моҳона, тибқи ҳаҷм ё марҳилаҳои воқеан иҷрошудаи шартнома, ки дар шартнома муайян карда шудаанд, пешбинӣ намояд. Пардохтҳои фосилавӣ мутобиқи шартнома пас аз пешниҳод ва қабул намудани ҳуҷҷатҳо, ки барои тасдиқ намудани ҳаҷм ё марҳилаҳои воқеан иҷрошудаи шартнома талаб карда мешавад, анҷом дода мешавад.
401.Шартномаи харид метавонад ворид намудани ислоҳот ва тағйиротро дар ҳама гуна пардохти қаблии фосилавӣ пешбинӣ намояд ва агар шартнома тибқи шартҳои он иҷро нагардад, метавонад сарфи назар кардан ё коҳишдиҳии маблағи пардохти фосилавиро иҷозат диҳад.
402.Сарфи назар аз муқаррароти банди 400 Қоидаҳои мазкур, дар ҳолати анҷомдиҳии пардохтҳои фосилавӣ, шартномаи харид метавонад пешбинӣ намояд, ки фоизи муайяни маблағи пардохтшаванда метавонад то анҷоми иҷрои шартномаи харид нигоҳ дошта шавад.
403.Пардохти хотимавӣ пас аз ба итмом расидани иҷрои шартномаи харид ва қабули он аз ҷониби ташкилоти харидор анҷом дода мешавад. Маблағҳои аз ҷониби ташкилоти харидор нигоҳдошта пардохт карда шуда, таъминоти иҷрои шартнома, ба истиснои ҳолате, ки ҳуҷҷатҳои озмунӣ нигоҳ доштани маблағи пурра ё қисмани таъминоти иҷрои шартномаро то ба охир расидани иҷрои уҳдадориҳои кафолатӣ пешбинӣ кардааст, озод ва баргардонида мешавад.
§7. Воситаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ҳангоми вайронкунии шартномаи харид
404.Дар шартномаи харид ё ҳуҷҷатҳои озмунӣ воситаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми аз ҷониби таҳвилгар (паймонкор) вайрон кардани шартномаи харид дар ихтиёри ташкилот харидор мебошанд, муайян карда мешаванд. Ин воситаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ аз ҷумла инҳоро дар бар мегиранд:
-рад кардани қабули мол, кор ва хизматрасонӣ дар робита бо таҳвили моли бесифат ё иҷрои бесифат;
-таъмир ё иваз намудани молҳои нуқсондошта, бартараф намудани камбудиҳо дар кор ва хизматрасонӣ;
-ноустуворӣ барои таъхири иҷрои шартнома;
-қатъи шартнома ва хариди дахлдор бо мақсади иҷрои шартнома аз ҳисоби тарафе, ки уҳдадориҳоро иҷро накардааст;
-воситаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ дар робита бо зарари ғайримустақим;
-хориҷ кардан аз иштирок дар харид мутобиқи Қонун;
-воситаҳои ҳифзи ҳуқуқии дигар, ки мутобиқи шартнома ё қонунгузорӣ метавонанд дастрас бошанд.
405.Дар шартнома бояд инчунин воситаҳои ҳифзи ҳуқуқии дар ихтиёри таҳвилгар (паймонкор) дар ҳолатҳои муайян дастрасбуда пешбинӣ карда шаванд. Воситаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ пурра қатъ кардани иҷрои шартномаро аз ҷониби таҳвилгар (паймонкор) бинобар аз ҷониби ташкилоти харидор иҷро накардани уҳдадориҳои шартномавӣ, инчунин аз масъулият, аз ҷумла аз пардохти ноустуворона, озод намудани таҳвилгар (паймонкор)-ро дар ҳолатҳои зерин дар бар мегиранд:
-вайронкунии ҷиддии шартҳои шартномаи харид аз ҷониби ташкилоти харидор бо дар назар доштани талабот оид ба огоҳкунӣ, ки метавонанд дар шартнома пешбинӣ карда шаванд ва беқобилиятии ташкилоти харидор барои бартараф кардани вайронкунӣ дар муҳлати дар шартнома нишон дода шуда;
-қатъ намудани иҷрои шартнома, ки ба рафтори таҳвилгар (паймонкор) алоқаманд намебошад;
-ҳодисаҳои рафънопазир (форс-мажор).
§8. Ноустуворӣ барои ба таъхир гузоштани иҷрои шартнома
406.Дар шартномаи харид метавонад пешбинӣ карда шавад, ки таҳвилгар (паймонкор) барои ба таъхир гузоштани иҷрои шартнома масъулиятро дар шакли пардохти маблағи мувофиқашудаи ноустуворӣ ба уҳда дорад. Агар дар шартнома муқаррарот дар бораи масъулият дохил карда шавад, он бояд инҳоро зикр намояд:
-маблағи мувофиқашудаи ноустуворона дар шакли ҷарима ё пеня, ки бояд барои воҳиди вақти таъхир (рӯз, ҳафта ё моҳ) пардохт карда шавад;
-маблағи ҳадди аксари ноустуворона, ки бояд пардохт карда шавад;
-озод накардани таҳвилгар (паймонкор) аз масъулият барои иҷрои шартномаи харид бо сабаби пардохти ноустуворона;
-агар таъхири иҷрои шартнома мавриди назорати таҳвилгар (паймонкор) қарор набуда, бе айб ё хунукназарии таҳвилгар (паймонкор) ба миён омада бошад, ба таҳвилгар (паймонкор) ҷарима ё пеня ҳисоб карда намешавад ва аз у ноустуворона ситонида намешавад.
407.Ба фоидаи таҳвилгар (паймонкор) тамдид намудани муҳлати иҷрои шартнома, ки бекор ё кам кардани маблағи ноустуворонаро барои таъхири иҷрои шартнома дар бар мегирад, танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ҳодисаҳои рафънопазир (форс-мажор) ё ҳолатҳое, ки бо гуноҳи ташкилоти харидор ба миён омадаанд, боиси чунин тамдид гарданд.
13. РАСМИЁТИ ХОРИҶ КАРДАН АЗ ИШТИРОК ДАР ХАРИД
§1. Дархост барои хориҷ кардан аз иштирок дар харид
408.Расмиёти хориҷ кардани таҳвилгар (паймонкор) аз иштирок дар харид метавонад бо ташаббуси ташкилоти харидор тавассути пешниҳоди дархост ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси иттилооти ба таври дигар дастрасшуда оғоз карда шавад.
409.Дархост барои хориҷ кардан бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
-номгӯй ё ном, насаб ва номи падар ва суроғаи иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ, ки нисбат ба у хориҷ кардан аз иштирок дар харид пешниҳод карда мешавад;
-баёни асосҳо барои хориҷшавии пешниҳодшаванда;
-баёни далелҳое, ки барои дархост оид ба хориҷ кардан аз иштирок дар харид асос мешаванд;
-тамоми маълумот, далелҳо ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда.
410.Дархост барои хориҷ кардан бояд дар давоми 10 (даҳ) рӯзи корӣ пас аз он, ки ба тарафи пешниҳодкунандаи дархост ҳолатҳои барои дархост асосёфта маълум гардид, пешниҳод гардад.
411.Расмиёти баррасии дархост барои хориҷ кардан наметавонад то вақте, ки дархост барои хориҷ кардан ба талаботи банди 409 Қоидаҳои мазкур ҷавобгӯ набошад, оғоз карда шавад.
412.Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад аз ҳар ташкилоти давлатӣ ё шахси мансабдор талаб кунад, ки маълумот ва ҳуҷҷатҳои марбут ба хориҷшавии пешниҳодшударо пешкаш намоянд. Ташкилоти давлатӣ ё шахси мансабдор бояд дар давоми 5 (панҷ) рӯзи корӣ дархостро қонеъ кунанд.
413.Мақоми ваколатдори давлатӣ дар муддати 3 (се) рӯзи корӣ пас аз гирифтани дархост барои хориҷ кардан, қарор дар бораи қабул ё рад кардани дархости мазкур қабул менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад дархост барои хориҷ карданро, агар муайян кунад, ки асос барои он вуҷуд надорад, рад кунад.
§2. Огоҳинома дар бораи пешниҳоди хориҷ кардан аз иштирок дар харид
414.Қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи хориҷ кардани иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ аз иштирок дар харид метавонад танҳо пас аз огоҳикунонии хаттии иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ дар бораи хориҷшавии пешниҳодшаванда ва асосҳои он, ба онҳо додани муҳлати 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома барои пешниҳоди ҷавоб бо маълумот ва ҳуҷҷатҳои дахлдор барои худсафедкунӣ ва муҳокимаи тарафҳо, ки дар ҳолати аз ҷониби иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ сари вақт пешниҳод намудани эътироз нисбати хориҷшавии пешниҳодшаванда гузаронида мешавад, қабул карда шавад. Огоҳиномаи мазкур бояд:
-аз иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ талаб намояд, ки дар давоми 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома ҷавоби хаттӣ диҳад, ки бо кадом сабаб у набояд аз иштирок дар харид хориҷ карда шавад. Ҷавоби хаттӣ бояд тасдиқи иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръиро дар бораи он, ки изҳороти дар дархост овардашуда, то ҷое ки у медонад, ба воқеият мутобиқат мекунанд ё не, дар бар гирад;
-иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръиро дар бораи ҳуқуқи у ба муҳокимаи тарафҳо то қабули ҳар гуна қарор дар бораи хориҷ кардан аз иштирок дар харид хабардор намояд, бо шарте, ки дархост барои муҳокима аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи аз ҷониби иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ гирифтани огоҳинома қабул шуда бошад.
415.Мақоми ваколатдори давлатӣ ба иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ огоҳиномаи хаттиро дар бораи вақт ва ҷои гузаронидани муҳокима ирсол менамояд. Расмиёти зерин ба муҳокима оид ба хориҷ кардан татбиқ мегардад:
-иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ ҳуқуқ дорад, ки уро шахси ваколатдор намояндагӣ кунад;
-муҳокимаҳо бо протокол ба расмият дароварда шуда, тамоми далелҳои пешниҳодшуда сабт карда мешаванд.
§3. Боздоштани муваққатии иштирок дар харид
416.Пас аз ирсоли огоҳинома, ки дар банди 414 Қоидаҳои мазкур зикр карда шудааст, мақоми ваколатдори давлатӣ муайян мекунад, ки оё иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ бояд аз иштирок дар харид ба давраи вақти барои анҷом додани расмиёти хориҷшавии эҳтимолӣ аз иштирок дар харид зарур муваққатан боздошта шавад ё не.
417.Иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ ба муҳокима барои мавриди баҳс қарор додани боздоштани муваққатӣ ҳуқуқ доранд. Аз натиҷаи муҳокима, мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад эътибори қарор оид ба боздоштани муваққатиро нигоҳ дорад ё онро, бо шарте, ки то қабул гардидани қарори ниҳоӣ аз рӯйи дархост барои хориҷ ба иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръии мазкур ягон шартномаи харид вобаста карда намешавад, бекор кунад.
418.Бо дарназардошти он, ки ба иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ имконияти дархост ва иштирок дар муҳокима дастрас гардид, боздоштани муваққатӣ пас аз қабули қарори хаттӣ эътибор пайдо мекунад. Дар давраи боздоштани муваққатӣ ҳеҷ гуна дархост, пешниҳод ё нархнома аз иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ, ки нисбаташ расмиёти хориҷ кардан оғоз гардид, дархост, қабул ва баррасӣ карда намешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ нусхаи қарори худро дар бораи боздоштани муваққатӣ ба иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръии дахлдор ва ташкилот, ки дархост барои хориҷ намудан аз иштирок дар харид пешниҳод намудааст, ирсол менамояд.
419.Пас аз қабули қарори ниҳоӣ аз рӯйи дархост барои хориҷ намудан аз иштирок дар харид, боздоштани муваққатӣ қатъ мегардад ё бо хориҷ намудан аз иштирок дар харид иваз карда мешавад.
§4. Қарор дар бораи хориҷ намудан аз иштирок дар харид
420.Қарор аз рӯйи дархост дар бораи хориҷ намудан аз иштирок дар харид дар шакли хаттӣ, ки дар он асосҳои воқеии чунин қарор нишон дода мешаванд, қабул карда мешавад. Қарор дар бораи хориҷ намудан аз иштирок дар харид аз рӯзи қабули қарори хаттӣ эътибор пайдо мекунад ва то ба охир расидани муҳлати хориҷ эътибор дорад, агар дар асоси қарори суд бекор карда нашавад.
421.Мақоми ваколатдори давлатӣ иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ, инчунин ташкилоти харидор ё шахсони дигареро, ки дархост пешниҳод кардаанд, дар бораи қарор на дертар аз як рӯзи кории баъди қабули он огоҳ мекунад ва иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръиро ба Феҳристи таҳвилгарони (паймонкорони) беэътимод (бевиҷдон), ки аз ҳуқуқи иштирок дар харид маҳрум гардиданд, ворид менамояд. Феҳристи таҳвилгарони (паймонкорони) беэътимод (бевиҷдон) дар портали ягона ҷойгир ва мунтазам аз нав карда мешавад.
422.Давомнокии хориҷ намудан аз иштирок дар харид бо дар назар доштани хусусият ва ҷиддияти вайронкунӣ, ки барои қабули қарор дар бораи хориҷ намудан асос шуда буданд, то 3 (се) сол муқаррар карда мешавад.
423.Иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ, ки аз иштирок дар харид хориҷ карда шудааст, метавонад нисбати хориҷ намудан тибқи тартиби муқарраргардида ба суд шикоят намояд.
§5. Паёмадҳои хориҷ намудан аз иштирок дар харид
424.Хориҷ намудан аз иштирок дар харид дорои паёмадҳои зерин мебошад:
-манъи иштирок дар харид, аз ҷумла ба ҳайси паймонкори фаръӣ, мушовири фаръӣ ё узви гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон);
-манъи бастани шартномаҳои харид бо иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръии аз иштирок дар харид хориҷшуда.
425.Қарор дар бораи хориҷ намудан набояд худ ба худ, ба истиснои ҳолатҳое, ки қаллобӣ ва коррупсия муайян шудааст, ба шартномаҳои амалкунандаи харид, ки иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ тарафи он мебошад, таъсир расонад. Бо вуҷуди ин, қарор дар бораи хориҷ намудан ташкилоти харидорро аз воситаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ дар робита бо чунин шартномаҳо, тибқи асосҳое, ки аз рӯйи онҳо иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръӣ аз иштирок дар харид хориҷ шудааст, маҳрум намесозад.
426.Қарор дар бораи хориҷ намудан инчунин дар муддати давраи манъкунӣ иштирок дар хариди ҳар шахсеро, ки дар лаҳзаи қабули қарор оид ба манъкунӣ дар идоракунии иштирокдори озмун, таҳвилгар (паймонкор) ё паймонкори фаръии хориҷшуда (ҳамчун роҳбар, шарик, агент ё корманди масъул) иштирок дошт, манъ мекунад.
427.Барои мақсадҳои банди 6) моддаи 24 Қонун иштирокдори озмун, ки шахси мансабдори у дар идоракунии иштирокдори озмун ё таҳвилгар (паймонкор)-и аз иштирок дар харид хориҷшуда (ҳамчун роҳбар, шарик, агент ё корманди масъул) иштирок дошт, ба иштирок дар харид то хориҷ кардани шахси мансабдори мазкур аз харид ё то ба охир расидани муҳлати хориҷи иштирокдори озмун ё таҳвилгар (паймонкор) роҳ дода намешавад.
Замимаи 1
ба Қоидаҳо оид барасмиёти
хариди давлатӣ
ТАРТИБИ додани шаҳодатномаи мутахассис оид ба харид
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Тартиби додани шаҳодатномаи мутахассис оид ба харид талаботро нисбат ба довталабон барои гирифтани шаҳодатномаи мутахассис оид ба харид (минбаъд- шаҳодатнома), раванди баррасии аризаҳо ва роҳ додан ба барномаҳои таълимӣ, таълим, гузаронидани имтиҳонҳо ва шартҳои нигоҳ доштани эътибори шаҳодатномаро муқаррар менамояд.
2.Барномаҳои таълимӣ ва тартиби гузаронидани имтиҳонҳо (сертификаткунонии мутахассисони харид ва сертификаткунонӣ бо мақсади нигоҳ доштани эътибори шаҳодатнома), аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хариди давлатӣ (минбаъд- мақоми ваколатдори давлатӣ) тасдиқ карда мешаванд. Таълим метавонад инчунин дар асоси барномаҳои бо мақоми ваколатдори давлатӣ муштарак гузаронида шавад.
2. ТАЛАБОТ БА ДОВТАЛАБОН
3.Ҳуқуқи ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардани аризаро ҷиҳати гузаштан аз таълим, супоридани имтиҳонҳо ва гирифтани шаҳодатнома шахси воқеӣ (минбаъд-довталаб) дорад, ки ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
-доштани таҳсилоти олӣ;
-доштани собиқаи умумии кор на камтар аз ду сол;
-шуғл дар ташкилоти харидор;
-малакаи хаттии забони русӣ ё забони англисӣ;
-донистани асосҳои иқтисодиёт ва молия;
-малакаи кофӣ барои кор дар низомҳои иттилоотӣ.
4.Ба аризаи довталаб ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот;
-дархости ташкилоти харидор бо имзои роҳбари он;
-мактуб аз ҷои кор бо нишон додани мансаби ишғолнамуда;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
3. РОҲ ДОДАН БА БАРНОМАИ ТАЪЛИМӢ
5.Барои роҳ додан ба барномаи таълимӣ довталаб бояд дониш ва малакаҳои дар банди 3 Тартиби мазкур нишон дода шударо дар асоси озмоишҳои таҳиянамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва нишон додани малака тасдиқ намояд.
6.Мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз 3 (се) рӯзи корӣ довталабро оид ба дохил шудан ё нашудан ба барномаи таълимӣ аз рӯйи натиҷаҳои гузаштан аз озмоишҳо ва нишон додани малака огоҳ менамояд.
4. БАРНОМАИ ТАЪЛИМӢ
7.Барномаҳои таълимӣ барои сертификаткунонии мутахассисон оид ба харид ва сертификаткунонӣ бо мақсади нигоҳ доштани эътибори шаҳодатнома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо дар назар доштани аз ҷониби довталабон гирифтани дониши назариявӣ дар соҳаи хариди давлатӣ ва малакаҳои амалии кор дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ таҳия карда мешавад.
8.Барномаи таълимӣ ба модулҳои мувофиқ бо нишон додани миқдори соатҳо барои ҳар як модул тақсим карда мешавад.
5. ТАЪЛИМ
9.Таълим дар платформаи электронии таълими фосилавӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия шудааст, мегузарад. Довталабон дар платформаи электронии таълими фосилавӣ сабти ном мешаванд ва курси мувофиқи таҳсилро интихоб мекунанд.
10.Омӯзиш дар шакли интерактивӣ сурат мегирад. Дар охири ҳар як модул ба довталабон пешниҳод карда мешавад, ки ба саволҳо барои таҳкими маводи таълимӣ дар шакли озмоишӣ ҷавоб диҳанд.
11.Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад таҳсили довталабро бо сабаби мунтазам ҳузур надоштан боздорад ё уро аз барнома хориҷ намояд.
6. СЕРТИФИКАТКУНОНИИ МУТАХАССИСОН ОИД БА ХАРИД
12.Имтиҳон барои гирифтани шаҳодатнома дар ду марҳила гузаронида мешавад. Дар марҳилаи якум санҷиш дар низоми электроние, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия шудааст, гузаронида мешавад. Дар марҳилаи дуюм суҳбати шифоии довталаб, ки марҳилаи якумро гузаштааст, бо комиссияи имтиҳонии мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад.
13.Озмоиш дар низоми электронӣ бо роҳи интихоби тасодуфии саволҳо аз маҳзани маълумотии низом гузаронида мешавад. Ба суҳбати шифоӣ довталабе, ки на кам аз 70 фоизи ҷавобҳои дурустро интихоб кардааст, роҳ дода мешавад.
14.Суҳбати шифоҳӣ танҳо дар доираи мавзуе, ки ба барномаи таълимӣ дохил шуда буд, гузаронида мешавад. Довталаб метавонад ба саволҳои комиссияи имтиҳонӣ эътироз кунад, агар у чунин шуморад, ки онҳо берун аз доираи мавзуъ дода шудаанд.
15.Аз рӯйи натиҷаҳои сӯҳбати шифоӣ протокол, ки тибқи он қарор оид ба додан ё надодани шаҳодатнома қабул карда мешавад, тартиб дода мешавад.
16.Шакли шаҳодатнома аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
7. СЕРТИФИКАТКУНОНӢ БО МАҚСАДИ НИГОҲ ДОШТАНИ ЭЪТИБОРИ ШАҲОДАТНОМА
17.Мақоми ваколатдори давлатӣ сертификаткунониро бо мақсади нигоҳ доштани эътибори шаҳодатнома на кам аз як маротиба дар се сол мегузаронад.
18.Барномаи таълимӣ барои сертификаткунонӣ бо мақсади нигоҳ доштани эътибори шаҳодатнома бояд бо дар назар доштани тағйирот дар қонунгузории хариди давлатӣ ва рушди портали ягонаи хариди давлатии электронӣ таҳия гардад.
19.Сертификаткунонӣ бо мақсади нигоҳ доштани эътибори шаҳодатнома бо тартиби муқаррарнамудаи бобҳои 5 ва 6 ҳамин Тартиб гузаронида мешавад.
20.Шакли шаҳодатнома бо мақсади нигоҳ доштани эътибори шаҳодатнома аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мешавад.
8. БЕКОР КАРДАНИ ШАҲОДАТНОМА
21.Шаҳодатномаи мутахассиси харид бекор мегардад, агар:
-далели пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки барои дастрас гардидани шаҳодатнома ва нигоҳ доштани эътибори он асос ёфтааст, собит шудааст;
-ҳукми суд нисбати у барои содир кардани кирдорҳои хусусияти коррупсионӣ эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
-аз ҷониби шахс мунтазам вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба хариди давлатӣ муқаррар гардидааст.
22.Қарор дар бораи бекор намудани шаҳодатномаи мутахассиси харид тибқи фармоиши мақоми ваколатдори давлатӣ қабул мегардад. Нусхаи фармоиш дар муддати 3 (се) рӯзи корӣ аз рӯзи қабул шуданаш ба шахсе, ки нисбаташ қарор дар бораи бекор намудани шаҳодатномаи мутахассиси харид қабул гардидааст, фиристонида мешавад.
23.Шахсе, ки шаҳодатномаи мутахассиси харидаш тибқи бандҳои 21 ва 22 Тартиби мазкур бекор гардидааст, ҳуқуқ надорад дар давоми се сол аз рӯзи қабули қарор дар бораи бекоркунӣ ва ё дар давоми се соли баъди ба охир расидани муҳлати ҷазои бо ҳукми суд таъиннамуда, барои гирифтани шаҳодатномаи мазкур муроҷиат намояд.
24.Шахсе, ки шаҳодатномаи мутахассиси хариди у бекор гардидааст, ҳуқуқ дорад оид ба қарор дар бораи бекоркунии шаҳодатнома тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят пешниҳод намояд.
9.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
25.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя кардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд.
Замимаи 2
ба Қоидаҳо оид барасмиёти
хариди давлатӣ
Низомнома оид ба комиссияи озмунӣ
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Комиссияи озмунӣ бо мақсади гузаронидани расмиёти кушодани пешниҳодҳои озмунии иштирокдорони озмун, арзёбии онҳо ва қабули тавсияҳо оид ба интихоби пешниҳод ё дархости судмандтарини озмунӣ таъсис дода мешавад.
2.Ҳангоми анҷом додани харид тавассути портали ягонаи хариди давлатии электронӣ, кушодани пешниҳодҳои озмунӣ ба таври автоматӣ бо тавлиди протоколи кушодашавӣ дар реҷаи вақти воқеӣ амалӣ мегардад.
3.Комиссияи озмунӣ дар фаъолияти худ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ», Қоидаҳо оид ба расмиёти хариди давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ такя мекунад.
2. ТАШАКУЛЛИ КОМИССИЯИ ОЗМУНӢ
4.Комиссияи озмунӣ аз раис, аъзо ва котиб иборат аст. Котиби комиссияи озмунӣ ҳуқуқи арзёбии пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ ва иштирок дар қабули қарорҳоро надорад.
5.Ҳайати комиссияи озмунӣ бояд аз шумораи тоқ, вале на кам аз се нафар (бе дар назар доштани котиби комиссияи озмунӣ) иборат бошад.
6.Роҳбари ташкилоти харидор ҳуқуқ надорад ба ҳайати комиссияи озмунӣ дохил карда шавад.
7.Ба ҳайати комиссияи озмунӣ метавонанд намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилот ва муассисаҳои дигар, ки расман аз ҷониби ташкилоти харидор даъват гардидаанд, дохил карда шаванд.
8.Раис, аъзо ва котиби комиссияи озмунӣ метавонанд дар дилхоҳ марҳилаи фаъолияти он иваз карда шаванд.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОМИССИЯИ ОЗМУНӢ
9.Мақсади асосии комиссияи озмунӣ ин холисона ва воқеъбинона баррасӣ намудани пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунии иштирокдорони озмун ва баровардани қарори асоснок аз рӯйи натиҷаҳои он мебошад.
10.Раис, аъзо ва котиби комиссияи озмунӣ бояд пеш аз оғози арзёбии пешниҳод ва дархости озмунӣ мавҷуд набудани бархӯрди манфиатҳоро тасдиқ намоянд. Вазифаҳои комиссияи озмунӣ инҳоянд:
-кушодани пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ дар муҳлати муқарраргардида;
-имзо намудани протоколи кушодани пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ;
-баррасии пешакии пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ;
-аз иштирокчиёни озмун талаб намудани дархост оид ба шарҳи пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунии онҳо ва дар мавриди зарурат таҳия ва ба имзо расонидани протоколи иҷозати пешакӣ;
-арзёбии муфассали пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ;
-муайян намудани пешниҳод ва дархости озмунии судмандтарин ва додани тавсия оид ба бастани шартномаи харид бо тартиб додан ва имзо кардани протокол.
11.Вазифаҳои котиби комиссияи озмунӣ инҳоянд:
-бақайдгирии пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ;
-бақайдгирии ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ки ба иштирокдорони озмун дода мешаванд;
-таҳия намудани протоколҳо, ки дар банди 10 Тартиби мазкур нишон дода шудаанд;
-фиристонидани огоҳинома дар бораи нияти вобастакунии шартномаи харид.
12.Комиссияи озмунӣ уҳдадор аст, ки:
-маълумот дар бораи номгӯй, ном ва суроғаи иштирокдорони озмун ва намояндагони онҳоро то кушодашавии пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ махфӣ нигоҳ дорад;
-маълумот оид ба арзёбии пешниҳодҳо ва дархостҳои озмуниро то интишори расмии натиҷаҳои арзёбӣ махфӣ нигоҳ дорад.
4. БАРРАСИИ ПЕШАКИИ ПЕШНИҲОДҲО ВА ДАРХОСТҲОИ ОЗМУНӢ
13.Дар марҳилаи баррасии пешакӣ, комиссияи озмунӣ ҷанбаҳои зерини пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунии иштирокдорони озмунро меомӯзад:
-мутобиқ будани иштирокдори озмун ба меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирок;
-мувофиқати назарраси пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои озмунӣ;
-ошкор намудани пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ, ки дорои номутобиқатии назаррас ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои озмунӣ мебошад.
14.Комиссияи озмунӣ пешниҳодҳо ва дархостҳои озмуниеро, ки номутобиқатии назаррас ба ҳуҷҷатҳои озмунӣ доранд, рад ва аз арзёбии минбаъда хориҷ мекунад.
5. АРЗЁБИИ МУФАССАЛИ ПЕШНИҲОДҲО ВА ДАРХОСТҲОИ ОЗМУНӢ
15.Арзёбии муфассали пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ арзёбии ҷанбаҳои техникӣ ва тиҷоратии онҳоро, инчунин арзёбии онҳоро аз рӯйи меъёрҳои рейтингӣ, агар дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ пешбинӣ шуда бошанд, дар бар мегирад.
16.Ҳангоми арзёбии муфассали пешниҳодҳо ва дархостҳои озмунӣ, ташкилоти харидор арзиши ҳисобшудаи ҳар як пешниҳод ва дархости озмунӣ (дар тавофут ба нархи дар пешниҳод ё дархости озмунӣ нишондодашуда)-ро муайян карда сипас онҳоро барои муайян намудани пешниҳод ва дархости озмунии дорои арзиши ҳисобшудаи камтарин муқоиса мекунад. Ҳамзамон, ташкилоти харидор танҳо он меъёрҳои арзёбӣ ва методологияро, ки дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ баён шудаанд, татбиқ менамояд.
17.Комиссияи озмунӣ дар асоси натиҷаҳои арзёбии муфассал иштирокдорони озмунро мувофиқи дараҷаи афзалияти пешниҳод ё дархостҳои озмуниашон раддабандӣ мекунанд.
6. МУАЙЯН КАРДАНИ ҒОЛИБИ ОЗМУН
18.Комиссияи озмунӣ тавсияро оид ба бастани шартномаи харид бо иштирокдори озмун, ки пешниҳоди озмунии он мутобиқи шартҳо ва методологияи арзёбии дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ зикршуда ҳамчун судмандтарин арзёбӣ шудааст, медиҳад.
19.Комиссияи озмунӣ мутобиқати иштирокдори озмунро, ки пешниҳоди озмуниаш судмандтарин аст, ба талаботи тахассусии дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ муқарраргардида муайян мекунад.
20.Дар ҳолате, ки агар комиссияи озмунӣ муайян намояд, ки иштирокдори озмун, ки пешниҳоди озмуниаш судмандтарин аст, ба талаботи тахассусии муқарраргардида мутобиқат намекунад, у бе расонидани зарар ба ҳуқуқи ташкилоти харидор ба рад намудани ҳамаи пешниҳодҳои озмунӣ, метавонад пешниҳодеро, ки дар раддабандӣ ҷойи навбатиро ишғол карда ба талабот ҷавобгӯ мебошад, интихоб намояд. Дар ин ҳолат низ, иштирокдори озмун бояд ба талаботи таххассусӣ ҷавобгӯ бошад.
7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
21.Аъзои комиссияи озмунӣ барои риоя кардани муқаррароти Низомномаи мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд.
Замимаи 3
ба Қоидаҳо оид барасмиёти
хариди давлатӣ
ТАЪМИНОТИ ПЕШНИҲОДИ ОЗМУНӢ
(КАФОЛАТИ БОНКӢ)
Бо дар назар доштани он ки _______________________________________ (номи иштирокдори озмун) (минбаъд – «иштирокдори озмун») омода аст дар посух ба даъват барои иштирок дар озмун (рақами мушаххас ва санаи эълон) пешниҳоди озмунии худро барои таҳвили/иҷрои (тавсифи мол, кор ё хизматрасонӣ) (минбаъд – «пешниҳоди озмунӣ») пешкаш намояд,
МО ____________________________ (номи Бонк) аз _____________________ (номи мамлакат), ки дар суроғаи зерин _______________________ (суроғаи Бонк) дафтари кории бақайдгирифташуда дорем (минбаъд – «Бонк»), уҳдадор мешавем, ки ба ________________________________ (номи ташкилоти харидор) ба маблағи ____________ пардохт намоем, ки аз рӯйи он пардохт ба ташкилоти харидори зикршуда пурра ва сари вақт анҷом дода мешавад.Бо ҳуҷҷати мазкур Бонк аз номи худ, ворисони ҳуқуқӣ ва шахсони ваколатдори худ уҳдадор мешавад. Бо кафолати мазкур тасдиқ мешавад, ки иҷозатномаи ба Бонк додашуда фаъолияти оид ба пешниҳоди кафолатро пешбинӣ мекунад, ва шахсе (он)-е, ки ин кафолатро имзо мекунад, ҳуқуқ дорад аз номи Бонк амал кунад ва агар розигии Шӯрои директорон ё Маҷлиси умумии саҳмдорон талаб карда шавад, он аллакай гирифта шудааст ва тасдиқи дигар талаб карда намешавад.
Уҳдадории мазкур дорои ШАРТҲОИ зерин мебошад:
1. Агар иштирокдори озмун:
- баъди ба итмом расидани муҳлати ниҳоии пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ пешниҳоди озмунии худро дар давоми муҳлати амали он, ки иштирокдори озмун дар шакли пешниҳоди озмунӣ нишон додааст, бозхонад ё тағйир диҳад;
- қабули ислоҳкунии хатои риёзиро дар пешниҳоди озмунии худ рад кунад.
2. Агар иштирокдори озмун, ки пешниҳоди озмунии ӯ дар давоми муҳлати амали пешниҳоди озмунӣ қабул гардидааст:
- шартномаро ба тариқи зарурӣ ё дар муҳлати талабшаванда имзо накунад ё аз имзо кардани он даст кашад;
- таъминоти иҷрои шартномаро, агар ин мутобиқи ҳуҷҷатҳои озмунӣ талаб карда шавад, дар муҳлати мувофиқашуда пешниҳод накунад ё аз пешниҳоди он даст кашад.
Мо уҳдадор мешавем, ки маблағи дар боло зикршударо ба ташкилоти харидор баъди гирифтани дархости хаттии нахустини он, бе талаб кардани пешниҳоди асос ё сабабҳои чунин дархост аз ташкилоти харидор, пардохт намоем, ба шарте, ки маблағи дархостнамудаи ташкилоти харидор бо сабаби ба миён омадани як ё ду ё ҳарду шартҳо, бо зикр намудани пайдоиши шарт ё шартҳо, бояд пардохт карда шавад.
Кафолати мазкур дар давоми _____ рӯзи тақвимӣ пас аз ба охир расидани муҳлати амали пешниҳоди озмунӣ эътибор дорад ва ҳама гуна дархост дар робита ба он бояд на дертар аз санаи дар боло зикршуда ба Бонк ирсол гардад.
________________________________________
(Насаб, ном ва номи падари намояндаи Бонк)
________________________________________
(Номи Бонк)
(Имзо ва муҳр)
Аз «____» ________________ соли 20___.
Суроғаи бонке,
ки кафолат медиҳад: _______________________________________
Замимаи 4
ба Қоидаҳо оид барасмиёти
хариди давлатӣ
Эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ
(Агар тибқи Варақаи иттилоотии пешниҳоди озмунӣ қобили қабул бошад, иштирокдори озмун шакли мазкурро пур мекунад).
№ДИО: (рақами даъватномаро нишон диҳед) Номи лот/лотҳоро нишон диҳед
№ алтернативӣ: (агар пешниҳоди озмунӣ варианти алтернативӣ бошад, рақами мушаххасро нишон диҳед)
Ба: (номи пурраи ташкилоти харидорро нишон диҳед)
Мо, шахсони дар поён имзонамуда, арз менамоем, ки:
1. Мо мефаҳмем, ки мутобиқи шартҳои Шумо пешниҳодҳои озмунӣ бояд бо эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ тақвият дода шаванд.
2. Мо бо он розӣ ҳастем, ки агар уҳдадориҳои худро аз рӯйи шартҳои озмун вайрон кунем, мо ба таври автоматӣ аз иштирок дар хариди давлатӣ ба муҳлати (шумораи моҳ ё солҳоро нишон диҳед) шурӯъ аз санаи қабули қарор оид ба хориҷ кардан хориҷ карда мешавем, азбаски мо:
- пас аз гузаштани муҳлати ниҳоии пешкаш намудани пешниҳодҳои озмунӣ пешниҳоди озмунии худро дар давоми муҳлати амали он, ки дар шакли пешниҳоди озмунӣ нишон дода будем, бозхондем ё тағйир додем;
- қабули ислоҳи хатои риёзиро дар пешниҳоди озмунии худ рад намудем;
- дар давоми муҳлати амали пешниҳоди озмунӣ ва пас аз қабул гардидани пешниҳоди озмунии мо шартномаро ба тариқи зарурӣ ё дар муҳлати талабшаванда имзо накардем ё аз имзои он даст кашидем ё баъди аз тарафи ташкилоти харидор қабул гардидани пешниҳоди озмунии мо кафолати иҷрои шартномаро дар муҳлати мувофиқашуда пешниҳод накардем ё аз пешниҳоди он даст кашидем.
3. Мо мефаҳмем, ки муҳлати амали эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ ба охир мерасад, агар мо иштирокдори ғолибгардидаи озмун нагардем, вобаста ба он, ки кадоме барвақттар рӯй медиҳад:
-пас аз гирифтани нусхаи огоҳинома оид ба нияти вобастакунии шартнома;
-пас аз _____ рӯзи тақвимӣ баъди лаҳзаи ба охир расидани муҳлати амали пешниҳоди озмунии мо.
4. Мо мефаҳмем, ки агар мо гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) бошем, эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ бояд аз номи гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон), ки пешниҳоди озмуниро пешкаш менамояд, ва ҳамаи аъзои он тартиб дода шавад. Агар гурӯҳи таҳвилгарон (паймонкорон) дар давраи гузаронидани озмун аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият дароварда нашуда бошад, эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмунӣ бояд ба номи ҳамаи аъзои оянда, ки дар мактуби дар бораи ниятҳо зикр шудаанд, тартиб дода шавад.
Иштирокдори озмун: (номи иштирокдори озмунро, ки эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмуниро имзо мекунад, нишон диҳед)
Ном: (насаб, ном ва номи падари шахсеро, ки эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмуниро имзо мекунад, нишон диҳед)
Мансаб: (мансаби шахсеро, ки эъломия дар бораи таъминоти пешниҳоди озмуниро имзо мекунад, нишон диҳед)
Имзо:
Аз «_____» _____________ соли 20___ (санаи имзоро нишон диҳед).
Замимаи 5
ба Қоидаҳо оид барасмиёти
хариди давлатӣ
ТАЪМИНОТИ ИҶРОИ ШАРТНОМА
(КАФОЛАТИ БОНКӢ)
БА: ________________________________________________________________
(Номи ташкилоти харидор)
КАФИЛ: ___________________________________________________________
(Номи бонк ва маҳалли додани кафолат)
БО ДАР НАЗАР ДОШТАНИ ОН КИ (номи Таҳвилгар ё Паймонкор) (ки минбаъд «Таҳвилгар ё «Паймонкор» номида мешавад) мутобиқи шартномаи № (рақами Шартнома) аз «____» ______________ соли 20__ (минбаъд - «Шартнома») таҳвили молҳо/иҷрои корҳо, хизматрасониҳоро (тавсифи молҳо ва хизматрасониҳои алоқаманд, корҳо, хизматрасониҳоро) ба уҳда мегирад,
БО ДАР НАЗАР ДОШТАНИ ОН КИ дар Шартномаи зикршуда Шумо пешбинӣ мекунед, ки Таҳвилгар/Паймонкор ба Шумо кафолати бонкии бонки бонуфузро ба маблағи дар он зикршуда ҳамчун таъминоти иҷрои уҳдадориҳои Таҳвилгар/Паймонкор аз рӯйи Шартнома пешниҳод мекунад,
ВА БО ДАР НАЗАР ДОШТАНИ ОН КИ мо розӣ шудем ба Таҳвилгар/Паймонкор таъминоти иҷрои шартномаро пешниҳод намоем,
ДАР АСОСИ ГУФТАҲОИ БОЛО мо тасдиқ мекунем, ки ба сифати Кафил баромад мекунем ва назди Шумо аз номи Таҳвилгар/Паймонкор ба маблағи умумии ____________________________________________ (маблағи таъминот бо ҳарфҳо ва рақамҳо) уҳдадор мебошем ва уҳдадор мешавем, ки ба Шумо бо дархости нахустини Шумо, ки аз иҷро накардани Шартнома аз ҷониби Таҳвилгар/Паймонкор огоҳ месозад, бидуни шарту шароит ва баҳс ҳама гуна маблағ ё маблағҳоро дар ҳудуди дар боло зикршуда бе зарурати аз ҷониби Шумо пешниҳод кардани асос ё сабабҳои дархости худ ё маблағи дар он нишондодашуда пардохт кунем.
Ҳама гуна тағйиру иловаҳо дар шартҳои Шартнома, ки метавонанд аз ҷониби Ташкилоти харидор ва Таҳвилгар/Паймонкор тибқи созишномаи иловагӣ ворид карда шаванд, ба ҳеҷ ваҷҳ моро аз уҳдадориҳои вобаста ба кафолат озод намекунад ва мо аз ҳама гуна огоҳинома дар бораи тағйиру илова даст мекашем. Кафолати мазкур то иҷрои пурраи шартҳои Шартнома аз ҷониби Таҳвилгар/Паймонкор эътибор дорад. Мо инчунин тасдиқ мекунем, ки иҷозатномаи ба Бонк додашуда фаъолияти марбут ба пешниҳоди кафолати бонкиро пешбинӣ мекунад ва шахси имзокунандаи кафолат ҳуқуқ дорад аз номи Бонк амал кунад ва агар тасдиқи Шӯрои директорон ё Маҷлиси умумии саҳмдорон талаб карда шавад, он аллакай гирифта шудааст ва тасдиқи дигар талаб карда намешавад.
Кафолати мазкур то «_____» ____________ соли 20__ эътибор дорад.
________________________________________
(Насаб, ном ва номи падари намояндаи Бонк)
_________________________________________
(Номи Бонк)
(сана ва муҳр)
Аз «____» _________________ соли 20___.
Суроғаи бонке, ки кафолат медиҳад:
____________________________________________
Замимаи 6
ба Қоидаҳо оид барасмиёти
хариди давлатӣ
ТАЪМИНОТИ БАРГАРДОНИДАНИ ПЕШПАРДОХТ
(КАФОЛАТИ БОНКӢ) БАРОИ МОЛ ВА ХИЗМАТРАСОНИҲО
(Бланки ширкати кафил ё рамзи мушаххаскунандаи SWIFT)
Баҳрагиранда: (Ном ва суроғаи ташкилоти харидорро нишон диҳед)
Сана: (Санаи додани кафолатро нишон диҳед)
КАФОЛАТИ ПЕШПАРДОХТИ №: (рақами кафолатро нишон диҳед)
Кафил: (Ном ва суроғаи (ҷойи) додани кафолатро нишон диҳед, агар он дар бланк зикр нашуда бошад)
Ба мо иттилоъ дода шуд, ки (номи Таҳвилгарро нишон диҳед, ки дар ҳолати гурӯҳи таҳвилгарон бояд номи гурӯҳи таҳвилгарон бошад) (ки минбаъд «Таҳвилгар» номида мешавад) Шартномаи № (рақами шартномаро нишон диҳед)-ро аз санаи (санаро нишон диҳед) бо Баҳрагиранда барои иҷро намудани шартномаи (номи шартнома ва шарҳи мухтасари молҳо ва хизматрасониҳои алоқамандро нишон диҳед) (минбаъд - «Шартнома») бастааст.
Ғайр аз ин, мо мефаҳмем, ки мутобиқи шартҳои Шартнома пешпардохт ба маблағи (маблағро бо рақам нишон диҳед) (маблағро бо ҳарф нишон диҳед) бояд ба Таҳвилгар дар муқобили таъминоти баргардонидани пешпардохт анҷом дода шавад.
Бо хоҳиши Таҳвилгар мо ҳамчун Кафил бо ҳуҷҷати мазкур бебозгашт уҳдадор мешавем ба Баҳрагиранда ҳар маблағ ё маблағҳоеро, ки дар маҷмуъ аз маблағи (маблағро бо рақам нишон диҳед) (маблағро бо ҳарфҳо нишон диҳед)1 зиёд намебошад, пас аз аз ҷониби мо гирифтани талаби дахлдори Баҳрагиранда, ки он бо аризаи Баҳрагиранда чӣ дар шакли талаб ва чӣ дар ҳуҷҷати алоҳидаи имзошудаи талабро ҳамроҳӣ ё мушаххаскунанда тасдиқ шудааст, ки дар он гуфта мешавад, ки Таҳвилгар:
- пешпардохтро барои мақсадҳои аз таҳвили молҳо ва хизматрасониҳои алоқаманд фарқкунанда истифода бурд; ё
- пешпардохтро натавонист тибқи шартҳои Шартнома бо нишон додани маблағе, ки Таҳвилгар пардохт накард, баргардонад,
пардохт менамоем.
Талабот аз рӯйи кафолати мазкур метавонад аз лаҳзаи ба Кафил пешниҳод кардани ҳуҷҷати дахлдори бонки Баҳрагиранда дар бораи ба суратҳисоби № (рақамро нишон диҳед) Таҳвилгар дар (ном ва суроғаи бонки Таҳвилгарро нишон диҳед) гузаронидани пешпардохти дар боло зикршуда пешниҳод карда шавад.
Маблағи ҳадди аксари кафолати мазкур тадриҷан ба маблағи пешпардохти аз ҷониби Таҳвилгар баргардонидашуда, тавре дар нусхаҳои ҳуҷҷатҳои пардохти ба мо пешниҳодшаванда нишон дода шудааст, кам карда мешавад. Муҳлати амали кафолати мазкур баъди аз ҷониби мо гирифтани нусхаи ҳуҷҷатҳои пардохти тасдиқкунандаи он, ки тамоми ҳаҷми таҳвили қабулшуда аз рӯйи шартнома барои пардохт тасдиқ шудааст ё «____» ___________ соли 20____ (рӯз, моҳ, солро нишон диҳед), вобаста аз он, ки кадоме пештар фаро мерасад, ба охир мерасад. Аз ин рӯ, ҳама гуна дархост барои пардохт аз рӯйи ин кафолат бояд аз ҷониби мо дар ин идора дар санаи зикргардида ё пеш аз он қабул карда шавад.
Кафолати мазкур тибқи Қоидаҳои ягона барои кафолатҳо аз рӯйи дархост (ҚЯКД) дар таҳрири соли 2010, нашри ПБС №758 пешниҳод карда мешавад, ба истиснои он, ки изҳороти тасдиқкунанда мутобиқи моддаи 15(а) бо ҳуҷҷати мазкур хориҷ карда мешавад.
________________________________________
(Насаб, ном ва номи падари намояндаи Бонк)
(сана ва муҳр)
Эзоҳ: Тамоми матни бо курсив ҷудокардашуда (аз ҷумла эзоҳҳои поваракҳо) барои истифода ҳангоми таҳияи ин шакл пешбинӣ шудааст ва бояд аз ҳуҷҷати ниҳоӣ хориҷ карда шавад.
______________________
ТАЪМИНОТИ БАРГАРДОНИДАНИ ПЕШПАРДОХТ
(КАФОЛАТИ БОНКӢ) БАРОИ КОРҲО
(Бланки ширкати кафил ё рамзи мушаххаскунандаи SWIFT)
Баҳрагиранда: (Ном ва суроғаи ташкилоти харидорро нишон диҳед)
Сана: (санаи додани кафолатро нишон диҳед)
КАФОЛАТИ ПЕШПАРДОХТИ №: (рақами кафолатро нишон диҳед)
Кафил: (номи кафил ва суроғаи (ҷойи) додани кафолатро нишон диҳед, агар он дар бланк зикр нашуда бошад)
Ба мо иттилоъ дода шуд, ки (номи Паймонкорро нишон диҳед, ки дар ҳолати гурӯҳи паймонкорон бояд номи гурӯҳи паймонкорон бошад) (ки минбаъд «Паймонкор» номида мешавад) Шартномаи № (рақами шартномаро нишон диҳед)-ро аз санаи (санаро нишон диҳед) бо Баҳрагиранда барои иҷро намудани шартномаи (номи шартнома ва шарҳи мухтасари корҳоро нишон диҳед) (минбаъд - «Шартнома») бастааст.
Ғайр аз ин, мо мефаҳмем, ки мутобиқи шартҳои Шартнома пешпардохт ба маблағи (маблағро бо рақам нишон диҳед) (маблағро бо ҳарф нишон диҳед) бояд ба Паймонкор дар муқобили таъминоти баргардонидани пешпардохт анҷом дода шавад.
Бо хоҳиши Паймонкор мо ҳамчун Кафил бо ҳуҷҷати мазкур бебозгашт уҳдадор мешавем ба Баҳрагиранда ҳар маблағ ё маблағҳоеро, ки дар маҷмуъ аз маблағи (маблағро бо рақам нишон диҳед) (_____) (маблағро бо ҳарфҳо нишон диҳед)1 зиёд намебошад, пас аз ҷониби мо гирифтани талаби дахлдори Баҳрагиранда, ки он бо аризаи Баҳрагиранда чӣ дар шакли талаб ва чӣ дар ҳуҷҷати алоҳидаи имзошудаи талабро ҳамроҳӣ ё мушаххаскунанда тасдиқ шудааст, ки дар он гуфта мешавад, ки Паймонкор:
- пешпардохтро барои мақсадҳои аз иҷрои кор фарқкунанда истифода бурд; ё
- пешпардохтро натавонист тибқи шартҳои Шартнома бо нишон додани маблағе, ки Паймонкор пардохт накард, баргардонад,
пардохт менамоем.
Талабот аз рӯйи кафолати мазкур метавонад аз лаҳзаи ба Кафил пешниҳод кардани ҳуҷҷати дахлдори бонки Баҳрагиранда дар бораи ба суратҳисоби № (рақамро нишон диҳед) Паймонкор дар (ном ва суроғаи бонки Паймонкорро нишон диҳед) гузаронидани пешпардохти дар боло зикршуда пешниҳод карда шавад.
Маблағи ҳадди аксари кафолати мазкур тадриҷан ба маблағи пешпардохти аз ҷониби Паймонкор баргардонидашуда, тавре дар нусхаҳои ҳуҷҷатҳои пардохти ба мо пешниҳодшаванда нишон дода шудааст, кам карда мешавад. Муҳлати амали кафолати мазкур баъди аз ҷониби мо гирифтани нусхаи ҳуҷҷатҳои пардохти тасдиқкунандаи он, ки тамоми ҳаҷми корҳои қабулшуда аз рӯйи шартнома барои пардохт тасдиқ шудааст ё «____» ___________ соли 20____ (рӯз, моҳ, солро нишон диҳед), вобаста аз он, ки кадоме пештар фаро мерасад, ба охир мерасад. Аз ин рӯ, ҳама гуна талаби пардохт аз рӯйи ин кафолат бояд аз ҷониби мо дар ин идора дар санаи зикргардида ё пеш аз он қабул карда шавад.
Кафолати мазкур тибқи Қоидаҳои ягона барои кафолатҳо аз рӯйи талаб дар таҳрири соли 2010, нашри ПБС №758 пешниҳод карда мешавад, ба истиснои он, ки изҳороти тасдиқкунанда мутобиқи моддаи 15(а) бо ҳуҷҷати мазкур хориҷ карда мешавад.
________________________________________
(Насаб, ном ва номи падари намояндаи Бонк)
(сана ва муҳр)
Эзоҳ: Тамоми матни бо курсив ҷудокардашуда (аз ҷумла эзоҳҳои поваракҳо) барои истифода ҳангоми таҳияи ин шакл пешбинӣ шудааст ва бояд аз ҳуҷҷати ниҳоӣ хориҷ карда шавад.
__________________________
Замимаи 7
ба Қоидаҳо оид барасмиёти
хариди давлатӣ
ДОИРАИ ТАҚСИМОТИ ХОЛҲО
|
№
|
Меъёрҳо
|
Доираи холҳо
|
|
1
|
Таҷрибаи
махсуси мушовирон
|
0-10
|
|
2
|
Мутобиқати
равиш, методология ва нақшаи кори пешниҳодшаванда дар ҷавоб ба супориши техникӣ
|
20-50
|
|
3
|
Тахассус ва
таҷрибаи коршиносони асосӣ
|
30-60
|
|
4
|
Короям будани
барномаи интиқоли дониш,
яъне таълим,
агар татбиқшаванда бошад
|
0-10
|
|
5
|
Иштироки шаҳрвандони
маҳаллӣ, яъне дараҷаи ба ҷумлаи коршиносони асосӣ шомил
гардидани шаҳрвандони маҳаллӣ, агар татбиқшаванда
бошад
|
0-10
|
|
Умумӣ
|
100
|
|
Холи ҳадди ақали техникӣ: 70-85
|