ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаҳои расмиёти хариди давлатӣ
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои расмиёти хариди давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои харидор иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июни соли 2025, № 362
...