Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» аз 23 июни соли 2025, № 1042

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 июни соли 2025, № 1042

 

Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 

1. Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» (минбаъд - Марказ) фаъолият дар соҳаи таъмини амнияти киберии низомҳои иттилоотӣ ва маҳзанҳои коркарди маълумот ва назорати ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳн намудан ва ҳифзи барномавии маълумот (ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ) дар низомҳои иттилоотӣ ва махзанҳои коркарди маълумотро амалӣ менамояд.

2. Марказ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

4. Марказ фаъолияти молиявию хоҷагидории худро мустақилона амалӣ намуда, оид ба фаъолияташ дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) ҳисоботдиҳанда мебошад.

5. Марказ ва Агентӣ нисбат ба уҳдадориҳои якдигар масъул намебошанд.

6. Номи расмии Марказ:

- бо забони давлатӣ: Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот». Номи расмии ихтисоршуда: МД «МҲМ»;

...
Приложение 1
 к распоряжению Президента
Республики Таджикистан
от «23» июня 2025 года, №1042

Устав Государственного учреждения «Центр защиты данных»

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Государственное учреждение «Центр защиты данных» (далее - Центр) осуществляет деятельность в области обеспечения кибербезопасности информационных систем и баз данных обработки данных, а также контроля за сбором, обработкой, использованием, распространением и программной защиты информации (за исключением информации, содержащей государственную тайну) в информационных системах и базах данных обработки данных.

2.Центр осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, других нормативных правовых актов и международно-правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящим Уставом.

3.Центр является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и своим наименованием, бланки и штампы установленного образца и финансируется за счет единого счета главного управления казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан.

4.Центр осуществляет свою финансово-хозяйственную деятельность самостоятельно и подотчетен Агентству по инновациям и цифровым технологиям при Президенте Республики Таджикистан (далее - Агентство).

5.Центр и Агентство не несут ответственности по обязательствам друг друга.

6.Официальное название Центра:

на государственном языке: Муассисаи давлатии «Маркази хифзи маълумот». Сокращенное официальное наименование: МД «МХМ»;

- на русском языке: Государственное унитарное предприятие «Центр по защите данных». Сокращенное официальное наименование: ГУП «ЦЗД»;

- на английском языке: State unitary enterprise «Data Protection Сеntеr». Short name : SUE «DPC».

...