ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот»
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шавад.
2. Оиннома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Шумораи ниҳоии кормандони Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» 55 воҳиди корӣ муқаррар карда шавад.
4. Маблағгузории Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 23 июни соли 2025, № 1042
...