ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, № 207
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба банди 24 Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №207 «Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Ҷумҳурии Исломии Эрон - барои 30 рӯз;».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, № 324
...