×

Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 № 207

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2020,

№207 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2020,

№207 тасдиқ шудааст

Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2025 № 324)

 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) мутобиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар таҳия шуда, қоидаҳои зеринро муқаррар менамояд:

- ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барасмиятдарории ҳуҷҷати ҳуқуқи истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;

- барасмиятдарории рухсатнома барои истиқомати доимӣ ва додани гувоҳномаи истиқомат барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аз як ҷой ба ҷойи дигар рафтани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва интихоби ҷойи зист дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гузаштани транзитии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

...

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2020 года, № 207

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2020 года, № 207

Правила въезда, пребывания и выезда из Республики Таджикистан иностранных граждан и лиц без гражданства и их транзитного проезда через территорию Республики Таджикистан

(в редакции пост. Правительства РТ от 29.05.2025 №324)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Правила въезда, пребывания и выезда из Республики Таджикистан иностранных граждан и лиц без гражданства и их транзитного проезда через территорию Республики Таджикистан (далее - Правила) разработаны в соответствии со статьей 27 Закона Республики Таджикистан "О правовом статусе иностранных граждан и лиц без гражданства в Республике Таджикистан", другими нормативными правовыми актами и определяют следующие порядки:

- въезда в Республику Таджикистан и выезда из Республики Таджикистан иностранных граждан и лиц без гражданства;

- оформления документов на право временного пребывания в Республике Таджикистан иностранных граждан и лиц без гражданства;

- оформления разрешений на постоянное проживание и выдачи видов на жительство для иностранных граждан и лиц без гражданства в Республике Таджикистан;

- передвижения по территории Республики Таджикистан и выбор места жительства иностранными гражданами и лицами без гражданства;

- транзитного проезда иностранных граждан и лиц без гражданства через территорию Республики Таджикистан;

- ответственности иностранных граждан и лиц без гражданства за нарушение правил, сокращение срока пребывания, их выдворение в административном порядке.

...