Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд,инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда аз 7 апрели соли 2025 № 54

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 апрели соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1337


Замима
ба қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз 7 апрели соли 2025 № 54

Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи  баланд,инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда

Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда (минбаъд – Тартиби мазкур) мутобиқи қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» (минбаъд – Қонун) таҳия гардида, тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланди қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин чораҳои нисбат ба чунин кишварҳо ва ҳудудҳо татбиқшавандаро барои коҳиш додани хавфҳо муқаррар менамояд.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд – давлатҳо ва ҳудудҳое, ки стандартҳои байналмилалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ намекунанд ё онҳоро ба таври нокифоя татбиқ мекунанд, инчунин минтақаҳои оффшорӣ;

- минтақаҳои оффшорӣ – давлатҳо ва (ё) ҳудудҳое, ки ба андозсупорандагон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) низоми имтиёзноки андозбандиро пешниҳод намуда, маълумотро доир ба амалиётҳои молиявӣ ва амалиётҳои дигари молумулкӣ ифшо ва пешниҳод намекунанд;

- субъектҳои ҳисоботдиҳанда – субъектҳое, ки дар моддаи 6 Қонун пешбинӣ шудаанд;

...
Зарегистрировано Министерством
юстиции Республики Таджикистан
от 18 апреля 2025 года,
регистрационный номер 1337
Приложение к постановлению Правления 
Национального банка Таджикистана 
от 7 апреля 2025 года, №54 

Порядок формирования и опубликования перечня стран и территорий с повышенным риском, а также применяемых к ним мер

Порядок формирования и опубликования перечня стран и территорий с повышенным риском, а также применяемых к ним мер (далее — настоящий Порядок) разработан в соответствии с частью 3 статьи 14 Закона Республики Таджикистан «О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путём, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения» (далее – Закон), и устанавливает процедуры формирования и опубликования перечня стран и территорий с повышенным риском легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путём, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения, а также применяемые в отношении таких стран и территорий меры по снижению рисков.

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:

- страны и территории с повышенным риском – государства и территории, которые не применяют или применяют в недостаточной степени международные стандарты в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путём, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения, а также оффшорные зоны;

- оффшорные зоны – государства и (или) территории, которые предоставляют налогоплательщикам (иностранным физическим и юридическим лицам) льготный режим налогообложения, не раскрывают и представляют сведения о финансовых и других имущественных операциях;

- подотчётные субъекты – субъекты, предусмотренные статьёй 6 Закона;

- департамент финансового мониторинга при Национальном Банке Таджикистана (далее – департамент финансового мониторинга) – независимое и специализированное структурное подразделение Национального банка Таджикистана, цель, задача и полномочий которого в сфере противодействия легализации (отмывания) доходов, полученных преступным путём, финансирования терроризма и финансирования распространения оружия массового поражения определяется Законом и другими нормативными правовыми актами.

...