Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 апрели соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1337
РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда
070.010.000.
Мутобиқи қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
ҚАРОР МЕКУНАД:
1.Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти мониторинги молиявӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, департаменти мониторинги молиявӣ, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2011, № 93 «Оид ба тасдиқ намудани Қоидаҳои анҷом додани аҳду амалиёт бо субъектҳои минтақаҳои оффшорӣ», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 2011, №624 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
...