Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025, № 311

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 майи соли 2025, № 311

Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Тартиби мазкур) асосҳои ҳуқуқию иқтисодии ташаккул ва истифодаи маблағҳои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақоми идоракунии онро муайян менамояд.

2. Мақоми идоракунии Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шурои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. Бо мақсади ташаккул додани Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби алоҳида кушода шуда, хароҷоти маблағҳо аз он тибқи Тартиби мазкур дар асоси қарорҳои Шурои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. САРЧАШМАҲОИ ТАШАККУЛИ ФОНДИ РОҲ

4. Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Фонди роҳ) аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин ташаккул меёбад:

1) аз буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин, аз ҷумла:

- пардохтҳо оид ба додани иҷозатномаҳо ҷиҳати амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт;

- пардохтҳо оид ба додани рухсатномаи махсус ҷиҳати ҳамлу нақли бори калонҳаҷм ва вазнин бо нақлиёти автомобилӣ;

...
Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «29» мая 2025 года, №311

Порядок формирования и использования Дорожного фонда Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок формирования и использования Дорожного фонда Республики Таджикистан (далее – настоящий Порядок) определяет правовые и экономические основы формирования и использования средств Дорожного фонда Республики Таджикистан, а также статус его органа управления.

2. Органом управления Дорожного фонда Республики Таджикистан является Совет Дорожного фонда Республики Таджикистан.

3. С целью формирования Дорожного фонда Республики Таджикистан в Главном управлении центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан открывается отдельный расчётный счет, расходы средств по которому осуществляются в соответствии с настоящим Порядком и на основании решений Совета Дорожного фонда Республики Таджикистан.

2. ИСТОЧНИКИ ФОРМИРОВАНИЯ ДОРОЖНОГО ФОНДА

4. Дорожный фонд Республики Таджикистан (далее – Дорожный фонд) формируется за счет следующих источников:

1) из государственного бюджета за счет следующих источников, в том числе:

- выплаты за выдачу лицензий на осуществление деятельности в отрасли дорожного строительства и транспорта;

- выплаты за выдачу специального разрешения на перевозку крупногабаритных и тяжеловесных грузов автомобильным транспортом;

- денежных штрафов за дорожные и транспортные правонарушения, налагаемые органами надзора и регулированию в области транспорта в соответствии со статьей 111 Процессуального кодекса об административных правонарушениях Республики Таджикистан;

...