ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва бо мақсади ташаккулдиҳӣ ва идоракунии маблағҳои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаи 1).
2. Шурои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва ҳайати он тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Шурои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, № 311
...