Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ аз 30 июни соли 2021, №267

Санаи амалкуни: 26.06.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30" июни соли 2021, № 267

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30" июни соли 2021, № 267

Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 295)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 295)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) қоидаҳо, талабот ва меъёрҳои пешниҳод кардани парвандаҳои аттестатсионии довталабон барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат, маҳрум ва барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ, баробарарзиши (нострификатсия)-и дараҷаҳои илмии дар давлатҳои хориҷӣ бадастовардашуда, аз нав аттестатсия намудани дараҷаҳои илмии дар давлатҳои хориҷа бадастовардае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо оид ба баробарарзиш эътироф намудани ин гуна ҳуҷҷатҳо шартнома ё созишнома надорад, баррасии арзу шикоятҳо ва дигар масъалаҳои аттестатсияи давлатии кадрҳои илмӣ ва (ё) илмӣ-техникии тахассуси олиро муқаррар мекунад.

2. Дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат мутобиқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

3. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Комиссия) мутобиқати самтҳои тайёркунии кадрҳои илмӣ ва (ё) илмӣ-техникиро аз рӯи ихтисосҳои илмии диссертатсияҳои омодашуда дар аспирантура (адъюнктура), докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура, инчунин унвонҷӯёнро тибқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 295).

4. Дараҷаи илмиро дипломи намунаи давлатии дахлдор тасдиқ менамояд, ки он дар асоси дархости шурои диссертатсионӣ (минбаъд-Шуро) бо қарори Раёсати Комиссия дода мешавад.

5. Намунаи давлатии дипломи дараҷаҳои илмӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, талаботи техникӣ, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани онро Комиссия муқаррар ва амалӣ менамояд.

6. Қарор дар бораи додани дараҷаи илмӣ аз рӯзи аз тарафи Раёсати Комиссия қабул шудани он эътибор пайдо мекунад.

...

Приложение 2

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 июня 2021 года, №267

Приложение 2

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 30 июня 2021 года, №267

Порядок присуждения ученых степеней

(в редакции пост. Правительсвта РТ от 26.06.2023 №295)

(в редакции пост. Правительсвта РТ от 26.06.2023 №295)

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок присуждения ученых степеней (далее - настоящий Порядок) устанавливает правила, требования и критерии представления аттестационных дел на соискание ученых степеней кандидата наук, доктора философии (РhD)-доктора по специальности, доктора наук и доктора хабилитат, лишения ученых степеней и их восстановления, нострификации ученых степеней, полученных в иностранных государствах, переаттестации ученых степеней, полученных в иностранных государствах, с которыми Республика Таджикистан не имеет договора или соглашения о признании таких документов приравненными, рассмотрения апелляций и другие вопросы государственной аттестации научных и (или) научно-технических кадров высшей квалификации.

2. Ученые степени кандидата наук, доктора философии (PhD)-доктора по специальности, доктора наук и доктора хабилитат присуждаются в соответствии с Номенклатурой научных специальностей Республики Таджикистан.

3. Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан (далее-Комиссия) устанавливает соответствие предусмотренным Номенклатурой научных специальностей направлений подготовки научных и (или) научно-технических кадров по научным специальностям подготовленных диссертаций в аспирантуре, (адъюнктура) докторантуре по специальности, докторантуре и постдокторантуре, а также соискательстве (в редакции пост. Правительсвта РТ от 26.06.2023 №295).

4. Ученая степень подтверждается дипломом соответствующей государственной формы, который выдается на основании ходатайства диссертационного совета (далее - Совет) по решению Президиума Комиссии.

5. Государственная форма диплома ученой степени утверждается Правительством Республики Таджикистан, а технические требования, порядок оформления и выдачи устанавливаются и осуществляются Комиссией.

6. Решение о присуждении ученой степени вступает в силу со дня его принятия Президиумом Комиссии.

...