ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар ном, банди 1 ва замимаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 267 "Дар бораи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда", калимаҳои "ШӯРО", "Шӯро", "Шӯрои", "шӯрои", "Шӯроро" ва "шӯроҳои" мувофиқан ба калимаҳои "ШУРО", "Шуро", "Шурои", "шурои", "Шуроро" ва "шуроҳои" иваз карда шаванд.
2. Ба Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267 "Дар бораи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Низомномаи Шурои диссертатсионӣ (минбаъд-Низомнома) тартиби ташкил ва фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ (минбаъд-Шуро)-и назди муассисаҳои давлатии илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (минбаъд-Муассиса) оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат, гузаронидани маҷлисҳои Шуро, қоидаҳои қабули диссертатсияҳо барои ҳимоя ва экспертизаи аввалия, экспертизаи муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар, ҳимояи ошкорои диссертатсияҳо, маҳрум ва барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ ва инчунин таъминоти моддю техникӣ ва назорати фаъолияти Шуроро муқаррар менамояд.";
2) банди 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"7. Агар дар давоми сол се қарори Шуро оид ба додани дараҷаи илмӣ бинобар риоя нагардидани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бекор карда шавад, фаъолияти Шуро боздошт ва ё қатъ карда мешавад. Дар мавриди боздоштани фаъолияти Шуро такроран ба фаъолият шуруъ кардани он бо бозбинии ҳайат сурат мегирад.";
3) ба банди 8 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Агар ҳангоми баррасии парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия содиршавии рафтори ношоями илмӣ ошкор гардад, Комиссия метавонад бо ҳуҷҷатҳои аввалияи довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ шинос шавад.";
4) ҷумлаи якуми банди 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Муассиса уҳдадор аст матни пурраи диссертатсия, автореферати он ва маводи иттилоотиро тибқи талаботи Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ дар сомонаи расмии худ дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионии интернет (минбаъд-сомонаи Муассиса) ҷойгир карда, сабти аудиоӣ ва видеоии маҷлисҳои Шуроро ба роҳ монад.";
5) бандҳои 20 ва 21 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
...