Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 декабри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1318
Замима
ба фармоиши сардори
Хадамоти назорати давлатии бехатарии
корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 декабри соли 2024,
№ 92Тартиби тайёркунӣ ва санҷиши малакаи дониш (аттестатсия)-и роҳбарон, мутахассисон,коргарони ташкилотҳои таҳти назорат оид ба бехатарии саноатӣ
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби тайёркунӣ ва санҷиши малакаи дониш (аттестатсия)-и роҳбарон, мутахассисон, коргарони ташкилотҳои таҳти назорат оид ба бехатарии саноатӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) дар асоси сархати чилуми банди 5 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 152 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, тартиби тайёркунӣ ва санҷиши малакаи дониш (аттестатсия)-и роҳбарон, мутахассисон, коргарони ташкилотҳои таҳти назорат оид ба бехатарии саноатиро муайян мекунад.
2. Талаботи Тартиби мазкур нисбат ба роҳбарон, мутахассисон, коргарони ташкилотҳои таҳти назорат оид ба бехатарии саноатӣ, новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, татбиқ карда мешавад.
3. Тайёркунӣ ва санҷиши малакаи дониш (аттестатсия)-и роҳбарон, мутахассисон, коргарон (минбаъд - мутахассисон)-и ташкилотҳои таҳти назорат оид ба бехатарии саноатӣ бо мақсадҳои зерин гузаронида мешаванд:
- муайян намудани дараҷаи тайёрии касбӣ, сифати корӣ ва мувофиқати мутахассисон ба мансаби ишғолнамуда;
...