Фармоиши Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2024 №92 "Дар бораи Тартиби тайёркунӣ ва санҷиши малакаи дониш (аттестатсия)-и роҳбарон, мутахассисон, коргарони ташкилотҳои таҳти назорат оид ба бехатарии саноатӣ"

Санаи амалкуни: 25.01.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 декабри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1318

ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ КОРҲО ДАР САНОАТ ВА СОҲАИ КӮҲКОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Тартиби тайёркунӣ ва санҷиши малакаи дониш (аттестатсия)-и роҳбарон, мутахассисон, коргарони ташкилотҳои таҳти назорат оид ба бехатарии саноатӣ
150.030.000.


Мутобиқи сархати чилуми банди 5 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 152 тасдиқ шудааст,


ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:


1.Тартиби тайёркунӣ ва санҷиши малакаи дониш (аттестатсия)-и роҳбарон, мутахассисон, коргарони ташкилотҳои таҳти назорат оид ба бехатарии саноатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3.Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.


Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо
дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат Асо


ш. Душанбе, аз 12 декабри соли 2024 №92 

 

Зарегистрированно Министерством юстиции
Республики Таджикистан от 26 декабря 2024 года,
регистрационный номер 1318


СЛУЖБА ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ НАДЗОРУ ЗА БЕЗОПАСНЫМ ВЕДЕНИЕМ РАБОТ В ПРОМЫШЛЕННОСТИ И ГОРНОМУ НАДЗОРУ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке подготовки и аттестации руководителей, специалистов, рабочих поднадзорных организаций по вопросам промышленной безопасности
150.030.000.

В соответствии с абзацем сорок пункта 5 Положения Службы по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №152

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

 

1. Утвердить Порядок подготовки и аттестации руководителей, специалистов, рабочих поднадзорных организаций по вопросам промышленной безопасности (прилагается).

2. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на первого заместителя начальника Службы по государственному надзору за безопасным ведением работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан.


Начальник Службы по государственному
надзору за безопасным ведением работ в
промышленности и горному надзору при
Правительстве Республики Таджикистан                                          Рахим Санъат Асо


г. Душанбе, от 12 декабря 2024 года №92