Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои буридани худсаронаи дарахту буттаҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ) аз 6 декабри соли 2024, № 143

Санаи амалкуни: 25.01.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 декабри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1315

Замима
ба фармоиши раиси
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 декабри соли 2024, № 143

Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои буридани худсаронаи дарахту буттаҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ)

1.Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои буридани худсаронаи дарахту буттаҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ) (минбаъд – Тартиби мазкур) дар асоси моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» таҳия гардида, тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои буридани худсаронаи дарахту буттаҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ)-ро муайян менамояд.

2.Андозаи ҷуброни зарар барои буридани худсаронаи дарахту буттаҳо, несту нобуд кардани ниҳолҳои дарахту буттаҳои дар мавсими кабудизоркунӣ шинонидашуда дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ) тибқи Тартиби мазкур ҳисоб карда мешавад.

3.Ҷуброни зарар барои буридани худсаронаи дарахту буттаҳо, несту нобуд кардани ниҳолҳои дарахту буттаҳои дар мавсими кабудизоркунӣ шинонидашуда дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро аз ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод наменамояд.

4.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои буридани худсаронаи дарахту буттаҳо, несту нобуд кардани ниҳолҳои дарахту буттаҳои дар мавсими кабудизоркунӣ шинонидашуда дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ) гунаҳгор дониста мешаванд, ҷуброни зарарро тибқи Тартиби мазкур пардохт менамоянд.

5.Ҳангоми муайян кардани худсарона буридани дарахту буттаҳо, несту нобуд кардани ниҳолҳои дарахту буттаҳои дар мавсими кабудизоркунӣ шинонидашуда дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ) аз ҷониби нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ санади дахлдор тартиб дода мешавад.

...


Зарегистрированно Министерством юстиции
Республики Таджикистан от 12 декабря 2024 года,
регистрационный номер 1315


Приложение
к распоряжению Комитета по
охране окружающей среды
при Правительстве
Республики Таджикистан
от 6 декабря 2024 года, №143


Порядок и размер компенсации за самовольную порубку деревьев и кустарников на жилых территориях, землях сельскохозяйственного назначения, природоохранных и государственных ресурсах (кроме хозяйственных садов и приусадебных земельных участков)

 

1.Порядок и размер компенсации за самовольную порубку деревьев и кустарников на жилых территориях, землях сельскохозяйственного назначения, природоохранных и государственных ресурсах (кроме хозяйственных садов и приусадебных земельных участков) (далее-настоящий Порядок) определяет разработана на основании статьи 9 Закона Республики Таджикистан «Об охране окружающей среды» и определяет порядок и размер компенсации за самовольную порубку деревьев и кустарников на жилых территориях, землях сельскохозяйственного назначения, природоохранных и государственных ресурсах (кроме хозяйственных садов и приусадебных земельных участков).

...