Фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2024, №143 "Дар бораи Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои буридани худсаронаи дарахту буттаҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ)"

Санаи амалкуни: 25.01.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 декабри соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1315

КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои буридани худсаронаи дарахту буттаҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ)
210.040.070.


Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва сархати бисту панҷуми банди 4 Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, № 357 тасдиқ шудааст,


ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1.Тартиб ва андозаи ҷуброни зарар барои буридани худсаронаи дарахту буттаҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3.Назорат иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси кумита-сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.


Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон


ш. Душанбе, аз 6 декабри соли 2024, №143 

 


Зарегистрированно Министерством юстиции
Республики Таджикистан от 12 декабря 2024 года,
регистрационный номер 1315


КОМИТЕТ ПО ОХРАНЕ ОКРУЖАЮЩЕЙ СРЕДЫ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О Порядке и размере компенсации за самовольную порубку деревьев и кустарников на жилых территориях, землях сельскохозяйственного назначения, природоохранных и государственных ресурсах (кроме хозяйственных садов и приусадебных земельных участков)
210.040.070.


В соответствии со статьей 9 Закона Республики Таджикистан «Об охране окружающей среды» и двадцать пятым абзацем пункта 4 Положения Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 2 сентября 2021 года, №357

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Утвердить Порядок и размер компенсации за самовольную порубку деревьев и кустарников на жилых территориях, землях сельскохозяйственного назначения, природоохранных и государственных ресурсах (кроме хозяйственных садов и приусадебных земельных участков) (прилагаются).

2. Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя председателя комитета - куратора отрасли.


Председатель Комитета по
охране окружающей среды при
Правительстве Республики Таджикистан                                 Шерализода Баходур Ахмаджон


г. Душанбе, от 6 декабря 2024 года, №143